Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ марги Умаралии 3-соларо таҳқиқ мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситонии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон пас аз ҳодисаи заҳролудшавии як хонавода ва фавти тифли сесола парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рӯзи 14-уми декабр панҷ узви хонаводаи Давлатовҳо баъди хӯрдани ҳасиб заҳролуд шуда, Умаралӣ Давлатови сесола, хурдтарин узви оила фавтид.

"Ҳамаи фурӯшгоҳҳо тафтиш шуд"

Вақте Умаралиро ба беморхона оварданд, ӯ аллакай фавтида буд. Ин тифл ҳасибро аз мағоза харида то хона овардан як қисмати онро мехӯрад.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Восеъ рӯзи 16-уми декабр гуфт, "аз рӯи ҳодисаи заҳролуд шудани ин хонавода ва фавтидани кӯдаки сесола паврандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад".

Дар ҳукумати ноҳияи Восеъ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, пас аз ҳодисаи заҳролуд шудани 5 узви хонаводаи Давлатовҳо дар деҳаи Кадучии ҷамоати Мирзоалӣ Вайсов як комиссияи вижа бо ширкати мутахассисони раёсати санитарии Вазорати тандурустӣ ва идораи «Тоҷикстандарт» ташкил шуд. Мақомот гуфтанд, ҳайати ин комиссия «ҳамаи фурӯшгоҳҳои ноҳияро тафтиш карда, даҳҳо ҳасиби пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузаштаро мусодира карданд».

"Ба хонаашон баргаштанд"

Яке аз гӯшаҳои ноҳияи Восеъ
Яке аз гӯшаҳои ноҳияи Восеъ

Бойназар Тағоев, сардухтури ноҳияи Восеъ, рӯзи 16-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «пас аз як рӯзи табобат ва шустани меъда се узви ин хонадон сиҳат шуда, ба хона баргаштанд. Аммо Вақте Умаралиро ба беморхона оварданд, ӯ аллакай фавтида буд. Ин тифл ҳасибро аз мағоза харида то хона овардан як қисмати онро мехӯрад. Чун Умаралӣ беш аз дигарон ин ҳасибро хӯрдааст, заҳролуд шуда, зуд мефавтад ва мо барои наҷот додани ӯ имкон наёфтем».

Тағоев гуфт, ҳоло пораҳои ин ҳасибро, ки боис ба заҳролуд шудани ин оила гардид, ба ташхисгоҳи Кӯлоб фиристоданд. Аҳтамшо Давлатов, муовини раиси идораи «Тоҷикстандарт» дар минтақаи Кӯлоб, ба Радиои Озодӣ гуфт, «ташхис нишон дод, ҳасибҳое, ки боис ба заҳролуд шудани ин оила гаштанд, истеҳсоли як сехи ҳасиббарории шаҳри Кӯлоб будааст».

"Корхона як ҳафта пеш баста шудааст"

Ӯ гуфт, «ин ҳасибҳоро корхонаи «Орзу» истеҳсол кардааст. Зимни тафтиш дар коргоҳи ин ширкат дар шаҳри Кӯлоб мо аз анбори он маҳсулот дарёфт накардем, чунки кори ин корхона бо дастури хадамоти санитарии минтақа, қабл аз ин ҳодиса ҳанӯз рӯзи 10-уми декабр бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарӣ қатъ карда шудааст».

Масъулони «Тоҷикстандарт” дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд ширкати “Орзу” чанд навъи ҳасиб истеҳсол мекард, вале он тамғае, ки боис ба марги Умаралии сесола шуд, расман сабти ном нагардидааст.

Аммо Шуҳрат Шарипов, як масъули озмоишгоҳи идораи “Тоҷикстандарт”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нуқси ҳасиби ширкати “Орзу” ҳанӯз собит нашудааст ва дар ҳодисаи ноҳияи Восеъ ҳанӯз намешавад ин ширкатро айбдор донист. Ӯ гуфт, “аз таҷриба мегӯям, ки агар заҳр воқеан дар ҳасиб бо айби истеҳсолкунанда роҳ ёфта бошад, дар ин ҳолат шумораи заҳролудшудагон даҳҳо нафар мебуд. Чунки корхона ҳасибро як-ду дона не, балки садҳо дона дар як баст истеҳсол мекунад ва мантиқан заҳр дар ҳамаи он бояд афтад. Аммо дар ин ҳолат мо танҳо заҳролудшавии як оиларо мебинем”.

"Ҳарфи ниҳоиро тафтишот мезанад"

Шарипов афзуд, ҳарфи ниҳоӣ дар ин ҳодиса пас аз анҷоми тафтишот ба даст меояд, аммо эҳтимол дар мағозаи фурӯш бинобар вайрон шудани талаботи нигоҳдорӣ ва ё дар хона заҳрнок шудани маҳсулот вуҷуд дорад. Шуҳрат Шарипов гуфт, моликони мағозаҳо дар аксар ҳолат барои эмин нигоҳ доштани молашон аз мушҳо дар ҳар ҷо марги муш мегузоранд, ки хатари ба маводи ғизоӣ олуда шудани онро зиёд мекунад.

Заҳролудшавии оилаи Давлатовҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳафтае қабл раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мақомотро барои роҳ додани гӯшти мурғи пастсифат аз хориҷа сарзаниш кард. Дар пайи интиқоди раиси ҷумҳур се мақоми баландпоя – раиси идораи “Тоҷикстандарт”, муовини вазири тандурустӣ оид ба беҳдошт ва раёсати бойтории Вазорати кишоварзӣ аз вазифаашон сабукдӯш шуданд.

Пас аз ин интиқоди раиси ҷумҳур, Хадамоти санитарию эпидемиологӣ танҳо дар як ҳафта – аз 1 то 8-уми декабр – дар кишвар 27 тонна гӯшт, аз ҷумла 14 тонна гӯшти мурғ, 860 кило гӯшти гов ва 970 кило гӯшти қима (фарш)-и муҳлати истифодаашон гузаштаро мусодира намудааст.

XS
SM
MD
LG