Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб заҳролуд шудаанд


Шифохонаи шаҳри Кӯлоб

Чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб дар натиҷаи истеъмоли ғизои олуда, заҳролуд шудаанд. Раҷабалӣ Мисралиев, сокини шаҳри Кӯлоб ҳамроҳи ҳамсару ду кӯдаки хурдсолаш нисфирӯзии 10-уми декабр дар Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ кардаанд. Фирӯзи Муродалӣ, яке аз хешовандони ин оила ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин хонавода пас аз истеъмоли ҳасиб бемор шудаанд.

“Шаби гузашта онҳо аз Душанбе баргаштанд. Ҳангоми бозгашт аз кадом мағозае аз Восеъ ҳасиб харида ва субҳ истеъмол кардаанд. Пас аз чанд соат ранги кӯдаки дусолаашон кабуд шуд. Вақте ӯро бе беморхона бурданд, вазъи дигарон ҳам бад шудааст” - гуфт ӯ. Аъзои хонавода зери назорати пизишкон қарор доранд.

Абдукарим Шокиров, муовини сартабиби шифохона рӯзи 10-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин хонавода заҳролуд шудаанд ва ҳоло ташхис мекунанд, ки чӣ чизе сабаби аз ҳол рафтани онҳо шудааст. Ӯ гуфт, ба ҷуз кӯдаки хурдсол вазъи дигарон беҳтар шудааст. “Кӯдаки хурдсолашон каме вазъаш вазнин аст. Пас аз шустани меъда вазъи дигарон хубтар шуд. Намунаҳои хунро гирифтем ва барои маълум кардани заҳр ташхис анҷом мешавад”.

Видеоҳои охирин

Нигоҳе ба ҳаёти генерали афғон Абдурозиқ, ки дар сӯиқасде кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG