Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муш дар дохили ҳасиб. Воқеият ё рақобати носолим? (ВИДЕО)


Ин аксро яке аз корбарони Фейсбук гузошта ва баҳси зиёдеро барангехтааст.
Ин аксро яке аз корбарони Фейсбук гузошта ва баҳси зиёдеро барангехтааст.

Акси ҷанҷолии муш дар дохили ҳасиб, хашми муштариёни тоҷик ва ҳамингуна соҳибкори тоҷикро барангехт. Мақомот ҳам баъди нашри акс корхонаи ҳасибсозии "Валиҷон"-ро тафтиш кардаанд

Як акси корбари Фейсбук бо пойи муш дар дохили ҳасиб, ки гӯё дар як корхонаи тавлиди ҳасиб дар Душанбе истеҳсол шудааст, мавҷи эътирози корбаронро ба миён овард. Ин акс дар паҳнои чанде аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, Одноклассники ва Вконтакте аз номи як корбаре бо номи "Нисо Дустава" ду рӯз инҷониб сайр дорад. Муаллиф зери акс навиштааст, ки ҳасиб дар корхонаи "Валиҷон" истеҳсол шудааст. Ин корбар иддао дорад, вақти пора кардани ҳасиб аз дохилаш пойи муш ёфтааст.

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо дидани ин акс ба хашм омада ва хостаанд, истеҳсолкунандаи ҳасиб ҷазо дода шавад. Бархе аз корбарони кунҷкоб ба воқеӣ будани ин акс шак карда ва гуфтаанд, ин акс сохта аст ва касе онро қасдан барои беобрӯ кардани истеҳсолкунандаи ҳасиб нашр кардааст.

Валиҷон Тешазод
Валиҷон Тешазод

Соҳибкор Валиҷон Тешазод, молики корхонаи “Валиҷон”, 20 июн дар сӯҳбат бо Озодӣ нашри чунин акс дар шабакаҳои иҷтимоиро кори дасти рақибон ва душманони тиҷоратиаш унвон кард. Ӯ гуфт, ки "пайдо кардани чунин чизи манфур аз дохили ҳасибҳои истеҳсолкардаи мо ғайриимкон аст".

"Медонанд, ки ҳасибҳои мо дар бозор харидорони зиёд дорад, мавриди писанди мардум аст, ҳамин корро нисбат ба мо карданд. Ин як рақобати носолим ва нияти бади бадхоҳон нисбат ба тиҷорати мо буд" – афзуд ӯ.

Валиҷон Тешазод дар посух ба суоли мо, ки ин акси бадномкунандаро кӣ метавонист пахш кунад, гуфт, "инро Худо медонад". Талошҳои соҳибкор барои пайдо кардани муаллифи акс ва муроҷиатҳояш ба мақомоти қудратӣ натиҷае надоданд. Дар пайи ин давутозҳои Тешазод танҳо ба ин натиҷа расидааст, ки саҳифаи бозшуда бо номи "Нисо Дустава" ҷаълӣ ва ё ба истилоҳи корбарони Интернет “фейк” будаанд.

Ӯ мегӯяд нишонии "Нисо Дустава"-ро дар Дафтари нишониҳои Тоҷикистон ҷустӯҷу карда ва касеро бо ин ном пайдо накардааст.

Ин соҳибкор, ки ба гуфтаи худаш 7 сол инҷониб ба истеҳсоли анвои гуногуни ҳасиб машғул аст мегӯяд, технологияи истеҳсоли ин маҳсулот тарзе аст, ки гӯшту чарбу дар дастгоҳҳо то ҳолати ба шарбат наздик шудан қимма мешаванд. ​"Гӯштмайдакунаки мо фаршро мисли сметана мекунад. Дар дохили он заррае аз биринҷ калонтар боқӣ намемонад," - иброз дошт Валиҷон Тешазод.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Қиссаи муш дар ҳасиб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Қурбонгул Бекматова, мудири лабораторияи Корхонаи гӯшту шири Душанбе, мегӯяд, коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб новобаста ба шакли фаъолияташон зери назорати шадиди беҳдоштӣ, байторӣ ва эпидемиологӣ ҳастанд. Пас аз нашри ин акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ нозирони ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла Хадамоти байторӣ ва беҳдоштӣ маҳсулоти коргоҳи Тешазод ва шароити истеҳсолотро санҷидаанд.

"Ман шахсан ҳар субҳ коргарони даҳҳо сехро тафтиш карда баъд ба коргоҳ роҳ медиҳам. Ҳатто пӯшидани ангуштариву гӯшвор ҳангоми кор дар корхонаҳои тавлиди ҳасиб иҷоза нест," - гуфт Қурбонгул Бекматова.

Пайдо шудани овозаҳои бадномкунанда дар бораи коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб дар Тоҷикистон бори аввал нест. Се сол қабл низ овозаҳои дилбеҳузуркунандаи истифодаи "ҷанини инсон" дар ҳасибҳо дар миёни мардум паҳн шуд ва бозори корхонаҳои маҳсулоти гӯштиро сард кард ва ширкатҳо даҳҳо ҳазор сомонӣ зиён диданд.

Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик мегӯяд, ин акси “пойи муш дар дохили ҳасиб” дасткорӣ ё "фотошоп" шудааст, ҷойи шубҳа надорад: "Аз таҷрибаи худам дар робита ба коркарди аксҳо мегӯям, ки ин акс сохта шудааст. Яъне, композитсия аст. Ҳасибро аввал буридаанд ва баъдан пойи мушро дар он гузоштаанд."

Абдуллоев мегӯяд, ҳарчанд мавриди ахир як кӯшиши сиёҳ кардани соҳибкори алоҳидаро мемонад, аммо дар маҷмӯъ хадамоти беҳдоштӣ бояд муназзам фаъолияти ин қабил корхонаҳоро бисанҷанд.

XS
SM
MD
LG