Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни рӯзи якуми музокироти Тоҷикистону Қирғизистон


Рӯзи аввали музокироти ҳайатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба масоили марзӣ дар Душанбе анҷом ёфт. Дар Бодканд эътирозгарон истеъфои волии ин минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистонро талаб доранд.

Бо вуҷуди он, ки гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаҳои марзи байни ду кишвар зери таассуроти муноқишаҳои аввали моҳи май дар марз ҷараён мегирад, ду тараф бовар доранд, ки ин бор ба пешрафтҳои муҳиме даст хоҳанд ёфт.

Раҳбари ҳайати Қирғизистон, ноиби сарвазири ин кишвар Абдураҳмон Маматалиев пеш аз парвоз ба Душанбе гуфтааст, ки ба натиҷаҳои ҳамоиш хушбин аст. Намояндагони Тоҷикистон низ қабл аз оғози мулоқот гуфтанд, тарафҳо бо ниятҳои нек ба ҳам омадаанд.

Узви ҳайати Тоҷикистон ва ноиби аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов дар танаффуси нишасти ҳайатҳо, ки рӯзи душанбеи 12 май дар бӯстонсарои ҳукуматӣ пушти дарҳои ҷараён дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷонибҳо маҷмуи ҳамкориҳои ду кишварро дар масъалаҳои марбут ба марзҳои муштарак баррасӣ доранд. Вай афзуд, «ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бӯстонсарои ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе сари мизи гуфтугӯ ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир тарафҳо маҷмӯи масоили марзиро ба баррасӣ гирифтанд. Беҳтар аст, то музокирот тамом шавад ва тафсилоти онро баён хоҳем кард."

Дар ҳоле ки раҳбари ҳайати Тоҷикистон, ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардон, пеш аз ҳамоиш изҳороте надодааст, ҳамтои қирғизи ӯ Абдураҳмон Маматалиев, ба хабарнигорон гуфт, кишвараш ба таҳқиқи муноқишаи 7 -уми май, ки дар натиҷаи он чандин нафар ҷароҳат бардоштаанд, таъкид мекунад. Ӯ аз ҷумла тақозо намудааст, ки гунаҳгорон ҷазо гиранд ва ба шаҳрвандони Қирғизистон ҷуброни зиён пардохт шавад.

Тарафи Қирғизистон комилан бар ин аст, ки муноқиша бо айби шаҳрвандони Тоҷикистон рӯй додааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро расман шарҳ надодаанд, вале матбуоти кишвар навишта буд, ки муноқиша бо айби шаҳрвандони Қирғизистон рӯй дод ва ҳанӯз пеш аз он талошҳое сурат гирифта буд, ки роҳи байни Исфара ва Ворух баста шавад.

Ҳукумати Қирғизистон дар як изҳороти вижа гуфтааст, ба ғайр аз ин масъалаҳои таъин ва аломатгузории марз ва сохтмони роҳҳо дар манотиқи наздимарзӣ бояд ҳалли худро пайдо кунад. Дар ин изҳорот низ ба низои ахир таъкид шудааст.
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик.
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик.
Ба ақидаи коршиносон, рӯйдодҳои аввали моҳи май мумкин аст, дар ин ҳамоиш ҷойгоҳи хос дошта бошанд, вале бе ҳалли бунёдии масъалаи қаламравҳои баҳсталаб, омилҳои муноқишаҳои оянда аз байн нахоҳанд рафт. Аммо то ин дам чандин даври гуфтушунидҳо ҷараён гирифта, то ҳол пешрафти воқеие дар онҳо ба даст наомдааст.

Таҳлилгар Қосими Бекмуҳаммад бар ин аст, ки ҳалношуда боқӣ мондани масъала ба нафъи ҳеҷ яке аз тарафҳо нест. Вай мегӯяд, Тоҷикистону Қирғизистон дорои захоири оби Осиёи Марказӣ ҳастанд ва бархе аз тарафҳои дигар низ дар сар задани низои миёни тоҷикону қирғизҳо манфиатдоранд.

«Агар Душанбеву Бишкек натавонанд, иқдомоти худро дар заминаи баҳрабардорӣ аз манобеи об ва ҳимоят аз ҳуқуқи қонунии худ ба сурати ҳамоҳанг думбол бикунанд, ва ин парокандагӣ фазоеро ба вуҷуд меорад, ки аз он кишварҳои поёноб метавонанд баҳрабардорӣ намоянд. Вале дар канори ин, манофеи қудратҳо вуҷуд дорад, чун дар мабоҳиси калони геополитикӣ ба Осиёи Марказӣ ба унвони минтақаи нигоҳ карда мешавад, ки дар оянда ба унвони конуни чолиш ва даргирҳо арзёбӣ мегардад. Ба навъе баъзе аз коршиносони сиёсии ва низомии кишварҳои ғарбӣ водии Фарғонаро, ки бахши муҳиме аз қаламрави Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистонро фаро гирифтааст, манотиқи қабоилии ояндаи Осиёи Марказӣ унвон мекунанд. Ва дар ин минтақаи ҳассос иттифоқ афтодани даргириҳои марзӣ қадам ба қадам ин кишварҳоро ба сӯи ояндае мебарад, ки дар ниҳодҳои таҳлилии худ қудратҳо ва кишварҳои ва бонуфузи байналмилали сенарияҳоеро барои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла водии Фарғона тарроҳӣ мекунанд,» - мегӯяд ин таҳлилгар.
Раҳматуллоҳ Абдуллоев, таърихдони тоҷик
Раҳматуллоҳ Абдуллоев, таърихдони тоҷик
Раҳматулло Абдуллоев, низоъшиноси тоҷик таърихи низоъ миёни сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистонро ба давраҳои ахири ҳокимияти Шӯравӣ рабт медиҳад. Ба гуфтаи вай, заминаи ин низоъ натиҷаи тақсимоти миллӣ ҳудудие буд, ки дар солҳои 20-уми қарни гузашта дар ҳудуди Осиёи Миёна бидуни дарназардошти аломатҳои таркиби миллии аҳолии минтақаҳои назди марзӣ ҷараён ёфт. Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, ин мушкил на танҳо миёни Тоҷикистон Қирғизистон вуҷуд дорад, балки байни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Қафқоз низ ба назар мерасад. Ҳамчунин низоъшиноси тоҷик ба ҳайси мисоли ахир аз Русияву Украинаро ном мебарад, ки мунҷар ба хунрезиву ҳалокати мардум шудааст.

Ӯ мегӯяд, «роҳи ягонаи ҳалли мушкил барои Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид ва дарки вазъияти мураккаб аст ва тарфҳо бояд бидонанд, ки бо роҳи фишору зӯроварӣ вазъ метавонад шадидтар бишавад ва дар ниҳоят ба алангаи бузургтар доман бизанд. Роҳи беҳтарин ташкили комиссияҳои махусуси давлатист, ки вазъиятро дар ноҳияҳои сарҳадӣ биомӯзад ва барои пешгирии низоъҳои мусаллаҳона мусоидат кунад ва ин мушкилои байнимарзиро байни ду давлат аз миён бубарад. Дигар чорае вуҷуд надорад.»

Тилав Расулзода
, таҳлилгари масоили минтақаӣ бар ин аст, ки бо назардошти ҳассосу печида будани мавзӯъ ин масъала бояд дар сатҳи раҳбарони кишврҳо ба таври ҷиддӣ баррасӣ гардад. Аз нигоҳи Расулзода, ҳоло зарурат пеш омадааст, ки тақсимот ва аломатгузории ҳудудиву марзӣ сареъан анҷом шавад.
Тилав Расулзода, рӯзноманигори тоҷик.
Тилав Расулзода, рӯзноманигори тоҷик.
Ӯ афзуд, «бигузор пурсиши афкори омма дар деҳаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон баргузор кунанд ва ҳадафи онҳоро бипурсанд, ки онҳо чӣ мехоҳанд. Бояд дар назардошти хоҳиши мардум тасмим гирифта шавад. Яъне, якҷониба бадном кардан кори дуруст нест. Бояд ҳар ду ҷониб шунида ва ҷонибҳо тасмими оқилон гирифта шавад ва «васати тиллогин» интихоб кунем, ки на ҳамсояҳо биранҷанд ва на моро низ дигарон нараҷонанд. »

Даври навбатии музокироти дуҷониба дар ҳоле сурат мегирад, ки дар назди идораи намояндагии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд дар маркази ин вилоят гирдиҳамоӣ бо талаби ҳалли ҳарчӣ зудтари масоили марзӣ идома дорад.
Эътирозгарон дар шаҳри Бодканд, маркази вилояти Бодканди Қирғизистон аз намояндаи ҳукумат дар ин вилоят Ҷониш Раззоқов хостаанд, то билофосила аз ин мақом истеъфо дода, тарки толор кунад. Хабарнигори Озодӣ аз Бодканд гузориш дод, ки тазоҳургаронро барои мулоқот ба маҷлисгоҳи ҳукумати Бодканд роҳ додаанд.

Тазоҳургарон мехоҳанд, ба ҷои Ҷониш Раззоқов волии собиқи Бодканд Мамат Ойбалаевро, ки баъди ҷудо шудани Бодканд аз вилояти Ӯш нахустин раҳбари ин минтақа таъин шуда буд, ба мақомаш баргардад. Ба бовари онҳо, Ойбалаев тавони ҳалли масоили ҷамъшуда дар марз бо Тоҷикистонро дорад.

Тазоҳургарон дар Бодканд ҳамчунин талаб кардаанд, то раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба пеши онҳо биояд ва бо вазъ аз наздик шинос шавад.
Эътироз дар Бодканд
Эътироз дар Бодканд
Сарабек Тоирхонов, як соҳибкор аз Исфара, ки нимаи аввали рӯзи 12 май дар Бодканд буд, мегӯяд, тазоҳургарон дар танишҳои марзӣ сокинони Тоҷикистонро айбдор мекунанд ва ба далели то имрӯз ҳалл нашудани масоили марзӣ хостаанд, то сафири Қирғизистонро аз Душанбе бозхонда, роҳҳои мошингард ва гузаргоҳҳо бо Тоҷикистон баста шаванд.

Поёни рӯзи аввали музокирот

Тибқи иттилои расмӣ, ки хабаргузории давлатии "Ховар" нашр кард, "ҷонибҳо дар даври навбатии ҷаласаи муштараки машваратӣ баъди тасдиқи рӯзномаи корӣ ҷараёни иҷрои тавофуқҳои қаблии муайянсозӣ ва аломатгузории марзи давлатӣ, роҳҳои нави аз байн бурдани мушкилоти марзӣ, сохтмони роҳҳо дар ноҳияҳои наздимарзӣ, дарёфти асосҳои ҳуқуқии муайянсозӣ ва аломатгузории марзи байнидавлатӣ дар минтақаҳои боқимонда ва масоили таҳияи қарордоди ҳамкорӣ дар маврид марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор додаанд."

Ба иттилои ин манбаъ, ин иҷлос рӯзи 13-уми май идома ёфта, дар анҷоми он имзои санадҳои дар музокирот ва гуфтушунидҳои дуҷониба мувофиқашуда дар назар дошта шудааст.

Ин дар ҳолест ки дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон аз поёни нахустин нишасти пленарии ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон бо Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар додааст. Бино бар ин манбаъ, дар Душанбе 3 масъала:

- ҷараёни таҳқиқи низоъи рӯзи 7 май дар марзи Бодканд
- масоили таъин ва ломатгузории марз
- ва бунёди роҳҳои мошингард дар манотиқи марзӣ баҳс шудааст.

Музокирот дар Душанбе ва раҳпаймоӣ дар Бодканд ба дунболи моҷарои рӯзи 7 май дар марзи Исфараи Тоҷикистон бо Бодканди Қирғизистон доир мешаванд. Дар он моҷаро аз ду тараф даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Додситони вилояти Ботканд гуфтааст, ки дар амри таҳқиқи ҳодиса ва бо ҳадафи ба ҷавобгарӣ кашондани омилони сангандозиҳои ахир, 14 парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаҳои «авбошӣ» ва «вайрон кардани моликияти хусусӣ» боз шудааст.

Бо ин ҳол, роҳи мошингарди Ворух пас аз муноқишаи рӯзи 7 май аз сӯи мақомоти Қирғизистон боз шудааст. Маъмурияти ҳукумати Исфара мегӯяд, роҳи мошингарди Ворух, ки пас аз рух додани муноқишаи 7 май дар деҳаи Ворух ва Уртабуз аз тарафи мақомоти Қириғизистон якҷониба масдуд карда шуда буд, дар натиҷаи музокираи ҳайатҳои ду тараф, боз шудааст.

Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворух рӯзи 12 май бо тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки пас аз се рӯзи муноқиша, дар натиҷаи музокираи ҳайатҳои ду кишвар, роҳи мошингарди Ворух аз тарафи қирғизҳо кушода шуд.

Лоиқ Маҳкамов афзуд, ҳоло мардуми Ворух аз тариқи деҳаҳои қирғизнишин метавонанд ба маркази шаҳри Исфара раванд ва дар ин росто ҳеҷ мамониат вуҷуд надорад. Вай афзуд, ки дар Рӯзи Ғалаба -- 9 май роҳи Ворух боз шуда буд. Ба гуфтаи ин мақоми маҳаллӣ, вазъият дар деҳоти наздимарзӣ комилан ором аст ва чӣ ҳангоми шаб ва рwз мардум бидуни мамониат метавонанд рафуо намоянд.
XS
SM
MD
LG