Бино ба гузориши хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар вилояти Бодканди Қирғизистон, сокинони рустоҳои марзии Масеит, Ариқ-Асти ва Тош-Тумшуқ, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори низоъҳои марзӣ худ табодули баробари замин бо Тоҷикистонро пешниҳод кардаанд. Ин сокинон гуфтаанд, аз танишҳои мудавом дар ин қисмати доғтарини марзи Тоҷикистону Қирғизистон хаста шудаанд,
Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, кумиссиюни байнидавлатӣ дар ҳоли ҳозир ин пешниҳодро ба ҳайси як роҳи ҳалли таниш дар марзи Исфараву Бодканд - доғтарин нуқтаи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон меомӯзад.
Аммо Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви ҳайати Тоҷикистон дар музокирот бо Қирғизистон рӯзи 24 март ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол кадом ҳаракате барои кӯчондани мардум аз минтақаҳои баҳсии марзи Исфараву Бодканд анҷом нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир танҳо ба гурӯҳҳои кории топографӣ супориш шудааст, ки тамоми нуқтаҳои баҳсбарангез дар тӯли хатти сарҳади Исфараву Бодкандро биёмӯзанд ва пешниҳодҳои худро ба кумиссиюни байнидавлатӣ ироа кунанд.
Ин дар ҳолест, ки раиси рустои Кӯктоши ноҳияи Бодканд Розия Усорова ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, "дар ҳоли ҳозир беш аз 100 хонавода розианд, ки аз рустоҳои марзӣ бикӯчанд. Дар рустои Ариқ-Асти се хонавода ба кӯчидан ба ҳар шароит омодаанд."
Ҳокими ноҳияи Бодканд хабар дод, ки ин 3 хонаводаро мехоҳанд ба рустои Майское, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дошта, дар канори рустои қирғизии Кӯктош қарор дорад, кӯчонанд. Зоҳиран як қисми Майское, ки низ дар минтақаи баҳсии марз ҷойгир аст, дар ивази заминҳое, ки Қирғизистон ба Тоҷикистон медиҳад, ба он кишвар дода хоҳад шуд. Аммо Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд мегӯяд, ин ҳама асосе надорад ва ягон маҳалли мушаххасе барои табодули замин то ҳол вуҷуд надорад. Оқои Сангинов гуфт, тасмими ниҳоӣ дар мавриди роҳҳои ҳалли танишҳои марзӣ дар ин минтақа бар асоси пешниҳоди ҳамин гурӯҳҳои топографӣ гирифта хоҳад шуд. Вале, меафзояд ӯ, азбаски марзи Исфараву Бодканд як марзи хеле печидаву мураккаб аст, душвор аст гуфтан, ки кори ин гурӯҳҳои топографӣ то кай тӯл хоҳад кашид.
Тоқон Мамитов, муовини сарвазир ва раҳбари ҳайати Қирғизистон дар музокирот бо Тоҷикистон ҳам гуфтааст, "табодули баробари замин дар ҳоли ҳозир танҳо пешниҳоди сокинони рустоҳои марзист, ки бояд ҳаматарафа омӯхта шва танҳо баъди ин дар мавридаш тасмим гирифта шавад, ки мақбул ҳаст ё на?" Аммо мақомоти маҳаллӣ умедворанд, ки бо чунин роҳ таниш дар марзи Исфараву Бодканд то ҳадде фурӯкаш хоҳад кард.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар музокирот бо Қирғизистон аз он ҷониб дар ивази додани замин аз ягон минтақаи дигар ва ризоияти Душанбе ба сохтани роҳи Оқсой – Тамдиқ ҷудо кардани як қитъаи борики 4,5 километрии замин то ҷамоати Ворухро пешниҳод хоҳанд кард, ки Ворухро аз ҳолати анклав (ҷазирақаламрав) берун бароварда, бо Хоҷаи Аъло, охирин рустои воқеъ дар дохили Тоҷикистон дар роҳи Исфара – Ворух бипайвандад. Аммо мақомоти Бишкек, аз ҷумла раҳбари ҳайати музокиротиаш Тоқон Мамитов, гуфта буданд, ки пешниҳоде чунин аз забони намояндагони Тоҷикистон садо надодааст, “вале агар садо ҳам бидиҳад, Бишкек онро нахоҳад пазируфт.”
Ҷониби Қирғизистон акнун бори аввал дар сатҳи мақомоти маҳаллиаш эътироф кард, ки масъалаи табодули заамин барои ҳалли танишҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар дасти баррасӣ қарор дорад.
Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоли ҳозир ба ҷиддитарин таниш дар равобити ин ду кишвари ҳамсоя аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дучор шудаанд. Ин таниш аз як тирпаронӣ дар марзи байни Исфараву Бодканд дар моҳи январ оғоз мегирад.
Рӯзи 11 январ муноқишаи марзбонҳои тоҷику қирғиз бар сари оғози сохтмони роҳи Оқсой –Тамдиқ дар канори рустои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ба тирпаронӣ печид, ки дар натиҷа ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Ин қазия ба ҷиддитарин мушкил дар равобити Тоҷикистону Қриғизистон оғоз гузошт.
Қирғизистон ба дунбол марзҳояш бо Тоҷикистон баста, сафирашро аз Душанбе “барои машварат” фаро хонд. Урмат Саралаев дар авоили моҳи март ба Душанбе баргашт, вале марзи Қирғизистон то ҳол баста буда, бо вуҷуди чанд даври музокирот ҷонибҳо то ҳол як роҳи ҳалли собит барои рафъи мушкилоти марзии ин ду кишвар пайдо накардаанд.
То имрӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.
Манобеи ба музокироти марзӣ наздики Озодӣ мегӯянд, Қирғизистон ба тақрибан 2,5 ҳазор гектар замин дар дохили қаламрави Тоҷикистон даъво дорад. Тоҷикистон ба навбаи худ иддао дорад, ки дар натиҷаи иҷорадиҳии заминҳои кишту чарогоҳ, ки байни ҷумҳуриҳои “дӯст ва бародар”-и Шӯравӣ як амри роиҷ буд, имрӯз дастикам 143 000 гектар заминаш дар Қирғизистон мондааст.