Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волии Бодканд: Роҳ нашуд, нақб меканем, вале роҳи Оқсой -Тамдиқро месозем


Мақомоти тоҷику қирғиз дар арафаи ҷашни Наврӯз посгоҳҳои муваққатиеро, ки дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аъло ва Оқсой гузоштаанд, бардоштаанд. Аммо ин қитъаи марз ҳамчунон олуда ба таниш боқӣ мемонад.

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ба пешниҳодҳои “созанда”-и онҳо дар масъалаи минтақаҳои баҳсии марз ҷониби Тоҷикистон посух намедиҳад.

Ҷониш Раззоқов, волии вилояти Бодканди Қирғизистон рӯзи 19 март дар як нишаст ба хабарнигорони маҳаллӣ гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон ба пешниҳодҳои “созанда”-и Қриғизистон дар масъалаи қитъаи баҳсии марз посух намедиҳад. Ҷониш Раззоқов пеш аз ҳама қаламраверо дар назар дорад, ки роҳи баҳсии Оқсой – Тамдиқ бояд тавассути он сохта шавад.

Волии Бодканд гуфтааст, сохтмони ин роҳ то қитъае расидааст, ки бояд барои идомаи сохтмон дар онҷо чанд таркиш анҷом дода мешуд, вале омодагӣ ба чунин корҳо ба вокуниши манфии ҷониби Тоҷикистон шудааст. Ба гуфтаи Раззоқов, Тоҷикистон дар ин қитъа гурӯҳи марзбонҳояшро мустақар карда, онро таҳти ҳифзоат гирифтааст: “Онҳо чунин мешуморанд, ки ин қитъаи замин ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Вале ин чунин нест.”

Дар ҳамин ҳол, Икромалӣ Аҳмадов, сармуҳандиси тарҳи шоҳроҳи Ӯш –Бодканд – Исфара гуфтааст, 275 метр аз 268 километр тӯли ин шоҳроҳ аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад. Ба гуфтаи ӯ, Қриғизистон дар соли 2007 ин 275 метр заминро барои 49 сол иҷора гирифтаас, вале ҳоло мехоҳад роҳи алтернативии Равот – Оқсойро, ки роҳи Оқсой –Тамдиқ як бахши он аст, бисозад. Аммо барои сохтани ин роҳи алтернативӣ, ки аз қаламрави Тоҷикистон убур накунад, яъне барои сарфи назар кардани ҳамон 275 метр, 600-700 миллион соми қирғизӣ, муодили 12-14 миллион доллар лозим будааст.

Ҷониш Раззоқов дар Оқсой, 12 январи сорли 2014
Ҷониш Раззоқов дар Оқсой, 12 январи сорли 2014
Волии Бодканд Ҷониш Раззоқов гуфтааст, онҳо ҳоло мехоҳанд бо сохтани як нақби 300-метрӣ он қитъаи баҳсии роҳи Оқсой –Тамдиқ дар марз бо Тоҷикистонро пушти сар гузоранд: “Ба фикри ман, агар мо ин қитъаи баҳсиро пушти сар кунему роҳро бисозем, як кори бузург барои Қирғизистон мекунем.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар музокирот бо Қирғизистон аз он ҷониб дар ивази додани замин аз ягон минтақаи дигар ва ризоияти Душанбе ба сохтани роҳи Оқсой – Тамдиқ ҷудо кардани як қитъаи борики 4,5 километрии замин то ҷамоати Ворухро пешниҳод хоҳанд кард, ки Ворухро аз ҳолати анклав(ҷазирақаламрав) берун бароварда, бо Хоҷаи Аъло, охирин рустои воқеъ дар дохили Тоҷикистон дар роҳи Исфара –Ворух бипайвандад. Аммо мақомоти Бишкек, аз ҷумла раҳбари ҳайати музокиротиаш Тоқон Мамитов, мегӯянд, пешниҳоде чунин аз забони намояндагони Тоҷикистон садо надодааст, “вале агар садо ҳам бидиҳад, Бишкек онро нахоҳад пазируфт.”

Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоли ҳозир ба ҷиддитарин таниш дар равобити ин ду кишвари ҳамсоя аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дучор шудаанд. Ин таниш аз як тирпаронӣ дар марзи байни Исфараву Бодканд дар моҳи январ оғоз мегирад.

Рӯзи 11 январ муноқишаи марзбонҳои тоҷику қирғиз бар сари оғози сохтмони роҳи Оқсой –Тамдиқ дар канори рустои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ба тирпаронӣ печид, ки дар натиҷа ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Ин қазия ба ҷиддитарин мушкил дар равобити Тоҷикистону Қриғизистон оғоз гузошт. Қирғизистон ба дунбол мразҳояш бо Тоҷикистон баста, сафирашро аз Душанбе “барои машварат” фаро хонд. Урмат Саралаев дар авоили моҳи март ба Душанбе баргашт, вале марзи Қирғизистон то ҳол баста буда, бо вуҷуди чанд даври музокирот ҷонибҳо то ҳол як роҳи ҳалли собит барои рафъи мушкилот дар ин баҳсбарангезтарин минтақаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро пайдо накардаанд.

То имрӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Манобеи ба музокироти марзӣ наздики Озодӣ мегӯянд, Қирғизистон ба тақрибан 2,5 ҳазор гектар замин дар дохили қаламрави Тоҷикистон даъво дорад. Тоҷикистон ба навбаи худ иддао дорад, ки дар натиҷаи иҷорадиҳии заминҳои кишту чарогоҳ, ки байни ҷумҳуриҳои “дӯст ва бародар” дар замони Шӯравӣ як кори роиҷ буд, имрӯз дастикам 143 000 гектар заминаш дар дасти Қирғизистон мондааст.

Лағви посгоҳҳо ва омодагӣ ба Наврӯз дар марзи Исфараву Бодканд

Патрули муштарак дар марзи Исфараву Бодканд
Патрули муштарак дар марзи Исфараву Бодканд
Аз мақомоти шаҳри Исфара рӯзи 20-уми март ба радиои Озодӣ хабар доданд, ки ин постгоҳҳои назоратӣ шаби сешанбе ба чаҳоршанбе аз ҳарду ҷониб бекор карда шуд ва вагонҳои потсгоҳҳо аз марз бурда шуд.

Ҳамчунин як ҳайати ҳукумати ноҳияи Исфара ҳамроҳи намояндаи Тоҷикистон дар Ботканд ва гурӯҳи ҳунармандон расман аз тарафи ҳукумати ноҳияи Ботканд барои ширкат дар ҷашни Наврӯз даъват шудаанд.

Дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Исфара бо тасдиқи ин хабар рӯзи 20-уми март ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо даъвати расмии ҳукумати ноҳияи Ботаканд як ҳайати ҳукумати ноҳияи Исфара таҳти сарварии муовини раиси ҳукумати ин ноҳия Собирхон Қосимов рӯзи 21-уми март, ки Наврӯзи Ботканд баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Ҳамчунин ҳамроҳ бо ин ҳайат гурӯҳи ҳунармандони Исфара низ ба наврӯзи Ботканд даъват шудаанд.

Мақомоти ҳукумати Исфара мегӯяд, ки дар айни замон рӯзи 23-юми март наврӯзи Исфара баргузор мешавад ва дар он як ҳайати намояндагони ноҳияи Ботканд ва ҳунармандони қирғиз даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG