Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти боэҳтиёти Душанбе дар бораи муноқишаи нави марзӣ (ВИДЕО)


Нирӯҳои вижаи Қирғизистон дар маҳалли муноқишаи шоми 7 май

Бишкек дар робита ба муноқишаи нав дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ба сафири Душанбе нотаи эътирозӣ супурд. Душанбе бо пахши як иттилоия ба зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин низоъ таъкид кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 8 май бо нашрия як иттилоия ба зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муноқишаи ахир дар марзи ин кишвар бо Қирғизистон таъкид кард.

Раёсати иттиллот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи шаби 7 май дар марзи миёни Исфара ва Бодканд гуфт, ки "вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон роҳҳои ҳалли ин масъаларо таҳия мекунад ва аз мавқеи ҳалли вазъ аз роҳҳои ҳуқуқӣ, дар фазои анъанаҳои ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳусни тафоҳум ҷонибдорӣ мекунад." Ба иттилои ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир ба манзури мушаххас кардани сабабҳои ин муноқиша мақомоти зирабти ду кишвар тадобири муштарак меандешанд.

Аммо дар ҳоле ки Душанбеву Бишкек роҳҳои ҳалли низои навбатӣ дар марзи ҳассоси Исфараву Бодкандро меҷӯянд, Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари масоили минтақа роҳи ҳалли ин муноқишаи марзиро танҳо ва танҳо дар ташкили минтақаи озод миёни ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон мебинад. Неъматулло Мирсаидов рӯзи 8 май дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: «Ин бояд минтақаи озоди иқтисодиву сиёсӣ ва бетараф бошад. Ва шумораи ҳарбиён то ҳадалимкон кам карда шавад. Шояд он вақт мардум худ забони ҳамдигарро ёбанд ва заминае барои барқарор кардани муносибатҳои бовари ба якдигар ва фазои осудаҳолона фароҳам ояд.»

Нотаи эътирозии Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек

Вазири хориҷаи Қирғизистон рӯзи 8 май ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек дар робита ба муноқишаи ахир дар марзи Исфараву Бодканд нотаи эътирозӣ супурд.

Сафири Тоҷикистон дар ҳузури вазири хориҷаи Қирғизистон. Акс аз mfa.kg
Сафири Тоҷикистон дар ҳузури вазири хориҷаи Қирғизистон. Акс аз mfa.kg
Вазири хориҷаи Қирғизистон Эрлан Абдилдаев рӯзи 8 май сафири Тоҷикистон дар Бишкек Олимҷон Раҳимовро дар робита ба муноқишаи рӯзи 7 май дар марзи ду кишвар ба вазорат даъват карда, ба дасти ӯ нотаи эътирозӣ супурдааст. Бино ба гузориши сомонаи расмии вазорати хориҷаи Қирғизистон Эбдилдаев зимни ин мулоқот бо сафири тоҷик аз "аъмоли ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон изҳори нигаронии шадид карда, ҳамчунин талаб кардааст, ки барои пайдо ва муҷозот кардани афроди гунаҳкор ва ҷуброни хисороти моддии расида ба шаҳрвандони Қирғизистон тадбирҳои кофӣ бияндешанд."

Дар ҳамин ҳол, бахши қирғизии Радиои Озодӣ нахустин видеоро аз лаҳзаҳои муноқишаи шоми 7 май дар марзи Исфараву Бодканд нашр кард. Ин наворро метавонед инҷо тамошо кунед:
Видео аз маҳалли муноқишаи марзӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00
Линки мустақим


Қирғизҳо роҳҳои Бодканд - Исфара ва Исфара - Ворухро бастаанд
Харитаи маҳалли муноқишаи шоми 7 май, ки мақомоти Қирғизистон таҳия кардаанд
Харитаи маҳалли муноқишаи шоми 7 май, ки мақомоти Қирғизистон таҳия кардаанд
Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 8 май бо нашрия як баёния хабар дод, каи дар пайи муноқишаи шоми 7 май воҳидҳои отряди марзбонии Бодканд дар марз бо Тоҷикистон ба ҳолати омодабош оварда шуда, муовини раиси ин Хадамот полковник Абдукарим Олимбоев барои таҳқиқи вазъ ба ин минтақа омадааст.

Марзбонони қирғиз мегӯянд, вазъ дар ин қисмати марзи Қирғизистону Тоҷикистон "шадид" боқӣ мемонад. Бино бар ин манбаъ, дар мавзеи Қизилбели Қирғизистон дар тақрибан 500-метрии гузаргоҳи расмӣ шаҳрвандони қирғиз роҳи мошингарди Бодканд - Исфараро бастаанд. Ҳамин тавр, шаҳрвандони қирғиз, ба гуфтаи марзбонҳои Қирғизистон, дар рустои Оқсой роҳи Исфара - Ворухро масдуд кардаанд.

Ба илова, ба гуфтаи дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон, "интиқоли барқ ба рустои Оқсой қатъ шуда, ҷониби Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар рустои тоҷикистонии Хоҷаи Аъло машғули барқарор кардани хатти интиқоли барқест, ки аз қаламрави ҳарду кишвар мегузарад."

Ҷустуҷӯи гунаҳкорони муноқишаи ахир дар марзи Исфараву Бодканд

Як манбаъ аз мақомоти ҳукумати Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нимаи аввали рӯзи 8 май дар мавзеъи марзии Говсувор, воқеъ дар марз бо ҷамоати Чоркӯҳ мақомоти умури дохилаву марзбонӣ ва намояндагони ҳукуматҳои Ботканду Суғд муноқишаи дирӯза дар марзи Исфараву Бодкандро баррасӣ карданд.

Пас аз музокира ҳайати ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон таҳти сарварии сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд генерал Шариф Назаров ва ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии сардори раёсати умури дохилаи вилояти Ботканд Анорбой Абилбеков барои таҳқиқи ҳамаҷониба маҳалли муноҳишаи дирӯз рафтанд.

Манбаи Озодӣ мегӯяд, феълан мақомоти додситонии Тоҷикистон ҳамроҳ бо бахши умури дохилаи вилояти Суғд бо шоҳидони ҳодиса, ҷабрдидаҳо ва захмиҳои муноқишаи шоми 7 май мулоқот намуда, хулосаи худро дар даври баъдии музокираи ҳайатҳо, ки дар нимаи дуввуми рӯз сурат хоҳад гирифт, ироа хоҳанд кард. Ду ҷониб ба таври ҷудогона сабабҳои сар задани муноқишаро таҳқиқ доштаанд ва бояд ҳар кадом ба сурати алоҳида дидгоҳи худро дар даври дувуми музокирот баён кунанд.

Гуфта мешавад, баъди шунидани назари ҳарду тараф, ҳайатҳо бояд гунаҳкор ё гунаҳкорони аслии муноқишаро рӯшан карда, ба масъулият бикашонанд.

"Даъват"-и сафири Тоҷикистон ба вазорати хориҷаи Қирғизистон

Вазири хориҷаи Қирғизистон ҳалношуда боқӣ мондани масоили марзиро сабаби муноқишаи ахир дар марзи Бодканди Қирғизистон бо Исфараи Тоҷикистон номидааст.

Аслов ва Абдилдаев. Акс аз бойгонӣ
Аслов ва Абдилдаев. Акс аз бойгонӣ
Вазорати хориҷаи Қирғизистон хабар дод, ки рӯзи 8 май сафири Тоҷикистон дар Бишкекро "барои музокира" ба ин вазорат даъват мекунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, қарор аст, имрӯз сӯҳбати телефонии вазирони хориҷаи Қирғизистону Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ва Сироҷиддин Аслов низ доир шавад.

Вазири хориҷаи Қирғизистон Эрлан Абдилдаев рӯзи 8 май дар порлумони ин кишвар гуфт, "сабаби муноқиша дар Бодканд ҳалношуда боқӣ мондани масоили марзист." Ба гуфтаи Абдилдаев, муноқишаҳо дар марзи ноҳияи Бодканд бо ноҳияи Исфараи вилояти Суғд - доғтарин нуқтаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон - ба иллати масоили марбут ба таъин ва аломатгузории марз ва ҳам набуди роҳест, ки манотиқи марзиро бидуни убур аз қаламрави кишвари ҳамсоя ба манотиқи дигари Қирғизистон бипайвандад.

Вазири умури дохилаи Қирғизистон Абдилда Суранчиев дар порлумон гуфт, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон омода аст, хисороти дар муноқишаи рӯзи 7 май бардоштаи ҷониби Қирғизистонро ҷуброн кунад. Суранчиев гуфт, вазъ ором шудааст, вале то 60-70 нафар аз ҷонибҳои даргир то ҳол дар ҷои ҳодиса боқӣ мондаанд. Суранчиев гуфт, ҳадафмандона аз тарафи шаҳрвандони тоҷик доман зада шудани муноқишаи ахирро аз эҳтимол соқит намекунад. Ӯ аз ҷумла ба ин нукта ишора кард, ки билофосила бо оғози низоъ издиҳоми сокинони рустҳои марзӣ дар ҷои ҳодиса гирди ҳам омад.

Ҷониби Қирғизистон рафтори сокинони Тоҷикистонро, ки гӯё шоми 7 май мошини раҳгузоари як шаҳрванди Қирғизистонрпо дар роҳи Бодканд - Исфана сангборон кардаанд, сабаби муноқиша меномад. Аммо сокинони рустоҳои тоҷикнишин мегӯянд, сабаби ҷанҷол рафтори се қирғизе шуд, ки маст будаанд.

Муноқиша дар марз: 8 тоҷик ва 17 қирғиз маҷрӯҳ шудаанд

Бино ба хабарҳои расида, дар муноқишаи шоми 7 май дар марзи Исфараву Бодканд 30 сокини Қирғизистон ва 8 нафар аз Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомоти Исфара мегӯянд, ки бар асари муноқишаи марзии рӯзи гузашта дар ҷамоати Чоркӯҳ наздик ба 8 нафар сокинони маҳаллӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, ин 8 нафар танҳо онҳоеянд, ки ба бемористон муроҷиат кардаанд. Ин 8 нафар дар бемористони шаҳри исфара бистарӣ шудаанд.

Ҷониби Қирғизистон дар ҳамин ҳол, дар бораи захмӣ шудани то 17 нафар, бо шумули 10 кормандии милиса, хабар дода, мегӯяд, аз ин миён 9 нафарро дар бемористонҳо бистарӣ кардаанд. Қаблан ҷониби Қирғизистон шумори осебдидагон аз он тарафро беш аз 30 нафар мегуфт.

Пизишкони бемористони деҳаи Самарқандак гуфтаанд, аз ҷумла муовини сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Бодканд Дуйшен Ниёзқулов ва як шаҳрванди дигари Қирғизистон бо захмҳое ба ин ҷо интиқол дода шудаанд. Гуфта мешуд, ки мансабдори умури дохилӣ аз тарафи тоҷикон латукӯб шуда, нафари дуюм дар натиҷаи сангандозиҳои дутарафа ҷароҳат бардоштааст. Аммо муовини сарвазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев рӯзи 8 май гуфт, ки Ниёзқулов аз силоҳи худаш тир хӯрдааст.

Ҳукумати Исфара мегӯяд, ки барои баррасии ҳодисаи муноқишаи дирӯз дар ҷамоати Чоркӯҳ, ситоди махсус таъсис дода шудааст. Ҳукуматии шаҳри Исфара рӯзи 8 март бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои баррасии сабабҳои муноқишаи дирӯз миёни сокинони Ворух, Хоҷаи аъло ва Кӯктоши Қирғизистон, дар ҷамоати Чоркӯҳ ситоди махсус таъсис дода шуд. Манбаъ афзуд, феълан вазъ дар минтақаҳои марзӣ комилан ором аст ва танҳо роҳи мошингарди Ворух якҷониба аз тарафи Қирғизистон масдуд мебошад.

Дар назар аст, рӯзи 8 май дар ситоди Чоркӯҳ гуфтушуниди намояндагони Ботканд, аз ҷумла волии Ботканд ва раҳбарони ҷамоатҳои навоҳии марзии Қирғизистон бо намояндагони Тоҷикистон таҳти сарварии Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси ҳукумати Суғд сурат гирад.
Дар муноқишаи нав дар маҳаллаи Зарафшони деҳаи Хоҷаи аъло аз силоҳ низ истифода шудааст, ки дар натиҷа як корманди умури дохилаи Ворух ва чанд сокини деҳаи Хоҷаи аъло захмӣ шудаанд. Собир Сафаров, раиси ҷамоати Хоҷаи Аълои Исфара рӯзи 8 май ба радиои «Озодӣ» гуфт, баҳонаи аслии ин муноқиша, бадрафтории се қирғизи сархуш дар нисбати сокинони Ворух мебошад, ки дар натиҷа ба муноқишаи шумори зиёди сокинони деҳоти ду тарафи марз анҷомидааст. Вай гуфт, ки дар айни сангзанию занозанӣ, ҷониби қирғизҳо аз силоҳи шикорӣ истифода кардааст, ки дар натиҷа сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Аъзамов Муҳаммад ва як корманди шӯъбачаи умури дохилаи Ворух захмӣ шуданд ва ҳоло онҳо дар беморхона бистарӣ мебошанд: «Ин 3 нафари сархуш дар маҳаллаи Зарафшони деҳаи Хоҷаи Аъло пеши роҳи як занро мегиранд, сипас гузаргоҳе, ки аз Ворух ба Оқсай убур мекунӣ, онҷоро бастанд, пас аз даъвои ворухиҳо сокинони деҳаи Куктош ба дифои қирғизҳо хестанд. Бо ҳамроҳ шудани мардуми Хоҷаи аъло, муноқишаи калон рух дод."

Ба гуфтаи вай, феълан роҳи Ворух бастааст ва барои баррасии сабабҳои ин муноқиша муовини раиси ҳукумати Суғд Ҷумъабой Сангинов ва раиси ноҳияи Исфара дар Ворух мебошанд. Ба қавли раиси ҷамоати Хоҷаи аъло, ҳарчанд баҳона се қирғизи сархуш буд, вале сабаби аслӣ, печида боқӣ мондани масъалаи ташхиси минтақаҳо ва чарогоҳҳои марзии ду кишвар мебошад

Аммо ҷониби Қирғизистон саз сӯи тоҷикҳо сангборон шудани мошини як сокини Қирғизистонро сабаби муноқишаи шоми 7 май номида, мегӯянд, аз ду тараф то 1500 нафар ҷамъ шуда буд. Бино бар маълумоти пешакӣ, дастрасии аҳолӣ ба чарогоҳҳо сабаби моҷаро шуда, аз ду ҷониб то 200 нафарӣ дар хатти марз ба ҳам омадаанд ва занозанию сангандозӣ кардаанд.

Шабдолов: "Касоне мехоҳанд низои Русияву Украина инҷо такрор шавад"
Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов, вакили порлумон ва раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро кори дасти нерӯҳои берунӣ хонд.Ин вакили парлумон рӯзи 8 май дар вокуниш ба муноқиаши ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизстон дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, ки "нерӯҳои берунӣ мехоҳанд, то мардуми тоҷику қирғизро, ки бо ҳам дӯсту бародар ва ҳамсоя ҳастанд, ҷанг андозанд ва ба ин тартиб ҳаводиси Украинро дар ин минтақа такрор намоянд."

Шодӣ Шабдолов
ба унвони раҳбари коммунистони тоҷик ва вакили собиқадори порлумони Тоҷикистон ҳар ду тарафи қазияро даъват кард, то ҳушёриро аз даст надиҳанд ва ба дасисаҳои неруҳои хориҷӣ дода нашаванд. Ба бовари ҷаноби Шабдолов, беҳтарин роҳи ҳалли низоъ, кор гирифтан аз нақша ё харитаи тақсими ҳудуди марзӣ миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ аст, ки дар замони Сталин, раҳбари вақти Шӯравии пешин таҳия ва маврид иҷро қарор гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи умури тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд мушкили марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон вуҷуд дорад, аммо умед аст, ки бо роҳи музокирот ҳал хоҳад шуд.
Амирқул Азимов рӯзи панҷшанбеи 8 май дар вокуниш ба муноқишаи ахири марзӣ дар минтақаи Ворух ва Оқсай дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, дуруст аст, ки мушкили марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон вуҷуд дорад, аммо масоил бояд одилона ҳал карда шавад"

Амирқул Азимов
Амирқул Азимов
Ба таъкиди ҷаноби Азимов, мардуми тоҷику қирғиз дӯсту бародар ва ҳамсояи наздик ҳастанд ва бовар аст, ки масъала аз роҳи музокирот ва гуфтушуниди мусолиматомез ҳалли худро пайдо хоҳанд кард. Раиси Кумитаи умури тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти порлумони Тоҷикистон иддаои бархе аз вакилони қирғизро, ки "вазъият дар остонаи ҷанг" қарор дорад, радд мекунад ва мегӯяд, "тоҷику қирғиз бо таъриху фарҳанги муштарак ва наздикии қарине, ки доранд ҳеҷ гоҳ ҷанг нахоҳанд кард.

Амирқул Азимов ба фаъолияти Комиссияи байнидавлатӣ дар масоил марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид карда ва мегӯяд, ки фаъолияти ин комиссия зери назари президентони ҳар ду кишвар қарор дорад ва боварӣ аст, ки тарафҳо ба тавофуқи ниҳоӣ даст меёбанд.

Низоъ аз паси низоъ...

Бори охир муноқиша байни аҳолии ду кишвар дар марз рӯзи 3-юми май сар зада, боис шуд, ки роҳи байни Исфара ва Ворух барои якуним рӯз баста шавад. Дар ҳоле ки қирғизҳо мегӯянд, муноқиша бо айби тоҷикон сар шуд, ки ба қирғизҳо иҷоза надоданд, моли худро ба чарогоҳ баранд, тоҷикон мегӯянд, қирғизҳо барои бурдани пода ва рамаҳои моли худ роҳро бастанд. Баъд аз якуним шабонарӯз ва зимни гуфтушуниди мақомоти давлатии ду кишвар, роҳ субҳи 5-уми май боз шуд.
Ҷонишини сардори шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Бодканд, Улон Ризбеков мегӯяд, роҳро 3-юми май сокинони Ворух бастанд, то аз рондани чорвои сокинони деҳаи қирғизнишини Оқсой пешгирӣ кунанд. Аммо як сокини Ворух ба Радиои Озодӣ навишт, ки роҳро ҳанӯз пеш аз рондани подаҳои худ қирғизҳо бастанд, то ба онҳо халал нарасад. Дар натиҷа муноқишае барпо ва аз ҳарду ҷониб тӯдаҳои мардум ҷамъ омад.

Сокинони деҳаи Оқсой танҳо ба воситаи деҳаи Хоҷааълои Тоҷикистон метавонанд ба манотиқи марказии вилояти Бодканд сафар кунанд ва дар навбати худ, сокинони Ворух барои расидан ба Исфара маҷбуранд, қаламрави вилояти Бодканди Қирғизистонро гузаранд. Роҳи байни Исфара ва Ворух дар як соли охир ҳафт мартаба баста шуда, боиси муноқиша ва задухӯрд байни тоҷикон ва қирғизҳо шудааст. Талоши сохтани роҳи нав ба воситаи ҳудуди Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон сабаби тирандозӣ байни марзбонони тоҷику қирғиз шуд, ки бар асари он чандин нафар захм бардоштанд.

Шарҳҳоро бинед (39)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG