Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари маллоҳи украинӣ мегӯяд, ки ҳабси писарашро аз хабарҳо шунидаст. ВИДЕО


Виктория Эйдер

Виктория Эйдер, як сокини шаҳри Одессаи Украина мегӯяд, дар ҳодисаи ахири ҳамлаи нирӯҳои Русия ба киштиҳои низомии украинӣ писараш Андрей Эйдер ҳам маҷрӯҳ ва боздошт шудааст.

Украина ин амали Русияро “таҷовуз” номидааст. Русия ин ҳодисаро “тавтеаи тарҳрезишудаи Украина” номид

Модар гуфт, ки писараш моҳи август хидматро дар артиш шурӯъ кард ва замоне, ки нирӯҳои русӣ киштиҳоро ҳамла ва ғасб карданд, писараш дар киштии “Бердянск” қарор дошт. Ба гуфтаи Виктория Эйдер, ин амалиёти нахустини писараш буд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 27 ноябр модари Андрей Эйдерро дар хонааш шаҳри Одесса пайдо карданд ва бо ӯ сӯҳбати кӯтоҳе анҷом доданд.

Радиои Озодӣ: Хабари маҷрӯҳ ва боздошт шудани писаратонро чӣ хел дарёфт кардед?

Виктория Эйдер: Ба ман модарам телефон карда гуфт, ки чунин ҳодиса рух додааст. Гуфт, ки қаиқҳоро ҳамла карданд. Ман аслан хабар надоштам. Бегоҳ ба мо Дима, шавҳари собиқам ва падари Андрей телефон кард ва ин хабарро тасдиқ кард. Бо Дима ман ду бор гап зада будам. Ӯ гуфт, ки се нафар захмӣ шуданд, зоҳиран аз хабарҳо фаҳмида буд. дар хабарҳо гуфтанд, ки ду сарбози шартномавӣ ва фармондеҳи киштӣ маҷрӯҳ шудаанд. ҳамон вақт ман ҳам фаҳмидам, ки Андрей маҷрӯҳ шудааст. Ҷузъиёти дигари ҳодиса барои ман ҳам маълум нест.

Радиои Озодӣ: Чаро писаратон тасмим гирифт, ки дар артиш хидмат кунад ва дар бораи хидмат чӣ мегуфт?

Виктория Эйдер: Ӯ як бачаи вазнин аст, табиатан писари хушҳол аст. Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки хидмат дар артиш кори асосии ӯ дар зиндагӣ мешавад. Дар бораи шароити хидмат чизе нақл намекард. Хидмат – хидмат буд.

Радиои Озодӣ: Яъне аз хурдӣ мехост, ки маллоҳ шавад?

Виктория Эйдер: Бори аввал ин сӯҳбатҳо дар синфи панҷ шурӯъ шуд ва дар синфи ҳафт аллакай барои худ аниқ медонист, ки маллоҳ мешавад. Вале фикр мекард дар бахши маллоҳии шаҳрвандӣ кор мекунад, на дар бахши низомиаш. Ба литсеи нақлиёти баҳрӣ дохил шуд. Баъди хатми таҳсил якбора ба хидмат даъват шуд.

Мусоҳибаи радиои Озодӣ бо модари маллоҳи асирафтодаи украинӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Додгоҳе дар Русия Эйдер ва дигарҳоро ҳабс кард

Додгоҳе дар Керч, ки дар ҳудуди нимҷазираи аз ҷониби Русия ғасбшудаи Қрим ҷойгир аст, рӯзи сешанбе се маллоҳи украиниро, ки дар ҳодисаи ҳамла ва ғасби киштиҳои низомии Украина дар гулӯгоҳи Керч маҷрӯҳ ва боздошт шуданд, ҳабс кард. Дар ин бора оҷонсии ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти додгоҳ хабар дод. Исми маллоҳон нашр намешавад, вале аз ин пеш маълум шуд, ки дар ҳодисаи тирандозӣ ба сӯи киштиҳои украинӣ Андрей Артеменко, Андрей Эйдер ва Василий Сорока маҷрӯҳ шуданд. Дар хабарҳо гуфта шуд, ки онҳо дар бемористон ҳастанд. Ваколатдори ҳуқуқи инсон Татяна Москалкова гуфт, ки ба ҳаёти онҳо чизе таҳдид намекунад. Феълан маълум нест, ки онҳо дар бемористон мемонанд ваё ба боздоштгоҳ интиқол хоҳанд ёфт.

Маллоҳони маҷрӯҳшуда ва ҳам низомиёни дигари боздоштшуда баъди ғасби киштиҳои украиниро дар убури ғайриқонунии марзи Русия айбдор карданд.

Аз ин пеш додгоҳе дар Симферопол 12 маллоҳи украиниро ҳабс кард. Рӯзи чоршанбе қарор аст додгоҳ нисбати 9 нафари дигар ҳукм содир кунад. Украина озод шудани маллоҳони низомиро талаб кардааст. Додситонии Ҷумҳурии мухтори Қрим (воқеъ дар шаҳри Херсон) маллоҳони украинии боздоштшуда аз ҷониби Хадамоти амнияти федеролӣ (ФСБ)-ро “асири ҷанг” номидааст.

Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА озод шудани маллоҳонро тақозо кардаанд.

Дар ҳодисаи рӯзи 25 ноябр се киштии нирӯҳои низомии баҳрии Украина бо истифода аз силоҳ дар обҳои гулӯгоҳи Керч ғасб ва боздошт шуданд. ФСБ таъкид мекунад, ки киштиҳои украинӣ марзи Русияро убур карданд. Украина ин амали Русияро “таҷовуз” номидааст. Баъди ин ҳодиса дар бархе манотиқи Украина ҳолати омодабоши ҷангӣ эълон шуд. Русия ин ҳодисаро “тавтеаи тарҳрезишудаи Украина” номид.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG