Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ҳодисаи Баҳри Сиёҳро тавтеа номид ва Порошенкоро гунаҳгор кард


Владимр Путин
Владимр Путин

Президенти Русия Владимир Путин ҳодисаи тасарруфи киштиҳои Украина дар Баҳри Сиёҳро тавтеае номид, ки ба гуфтаи ӯ мақомоти феълии Украина ва президент Порошенко дар остонаи интихобот созмон доданд.

Путин зимни суханронӣ дар форуми "Русия даъват мекунад", ки дар Маскав баргузор шуд, бори аввал ҳодисаи гулугоҳи Керчро шарҳ дод. Ба гуфтаи президенти Русия, дараҷаи маъруфияти президенти Украина Петр Порошенко бисёр коҳиш ёфтааст ва ӯ мехоҳад ба рақибони худ дар интихоботи қарибулвуқуъ монеа бунёд кунад.

Мақомоти расмии Киев дар ҳодисаи гулугоҳи Керч Маскавро масъул медонанд ва онро амалкарди таҷовузкорона номидаанд. Президенти Украина имрӯз Қонун дар бораи ҷорӣ шудани ҳолати низомӣ дар кишварро имрзо кард.

Украина аз Русия талаб дорад, маллоҳони украиниро, ки рӯзи 25 ноябр ҳангоми убури гулугоҳи Керч боздошт шуданд, оҷилан озод кунад. Мақомоти Русия маллоҳони украиниро ба убури ғайриқонунии марзи давлатӣ муттаҳам мекунанд. Онҳо дар Қрими ишғолшуда мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG