Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарб аз Русия раҳоии маллоҳони Украинаро талаб кард


Ҷонатан Аллен - муовини сафири Британия дар СММ
Ҷонатан Аллен - муовини сафири Британия дар СММ

Давлатҳои ғарбӣ тасарруфи се киштии низомии Украина аз тарафи Русия ва боздошти гурӯҳи маллоҳонро маҳкум карда, амалкарди Русияро нақзи ошкори соҳибихтиёрии Украина ва созишномаҳои байналмилалӣ номиданд. Онҳо аз Маскав талаб карданд, ки маллоҳонро оҷилан озод кунад.

"ИМА иқдоми таҷовузкоронаи Русияро маҳкум мекунад", - гуфт котиби давлатии Амрико Майк Помпео. Ӯ аз Русия даъват кард, ки киштиҳо ва маллоҳони Украинаро баргардонда, ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ин кишвар эҳтиром гузорад. Ба гуфтаи Помпео, ҳарду ҷониб бояд хештандор бошанд, масъулиятҳои байналмилалии худро риоя кунанд ва президентҳои Русияву Украина дар ҳалли низоъ бевосита иштирок намоянд.

Муовини намояндаи доимии Бритониё дар СММ Ҷонатан Аллен гуфт, Русия бо амалҳои ахираш зидди Украина ба Ғарб таҳдид мекунад. "Москва мехоҳад, баҳри Азовро тасарруф кунад. Зоҳиран фикр дорад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба ин чашм мепӯшад ва онро чун як воқеияти нав мепазирад. На, мо инро нахоҳем пазируфт. Набояд ба Русия иҷозат дод, ки таърихро ба воситаи сохтани воқеиятҳои нав бознависӣ кунад", - афзуд ӯ.

Изҳороти намояндагони кишварҳои Ғарб пас аз он нашр шуд, ки порлумони Украина дархости президент Петр Порошенкоро барои эъломи ҳолати низомӣ дар чанд вилоят қабул кард. Ҳолати низомӣ дар вилоятҳои ҳаммарз бо Русия аз 28 ноябр ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG