Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони дифои Амрико ва Русия чӣ гуфтанд?


Акси Ллойд Остин ва Андрей Белоусов
Акси Ллойд Остин ва Андрей Белоусов

Вазирони дифои Амрико ва Русия рӯзи 25-уми июн як сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Патрик Райдер, сухангӯйи Пентагон гуфт, вазири амрикоӣ Ллойд Остин дар суҳбати телефонӣ бо Андрей Белоусов “ба аҳамияти эҷоди роҳҳои муошират дар байни ин ду кишвар дар пасманзари ҷанги идомаёбандаи Русия дар Украина таъкид намуд”.

Райдер афзуд, баъд аз моҳи марти соли 2023 ин аввалин гуфтугӯи телефонии ду вазир буд ва он бо ташаббуси Остин баргузор гардид. Дар хабар гуфта намешавад, ки ангезаи суҳбат чӣ будааст.

Вазорати дифои Русия навишт, вазирон “дар бораи вазъ атрофи Украина изҳори назар карданд”. Ба иттилои манбаъ, Белоустов ба хатари тавсеаи хушунатҳо дар шароити идомаи таъмини силоҳҳои амрикоӣ ба артиши Украина ишора кардааст.

Бахши русии Радиои Озодӣ ёдовар мешавад, ки Амрико ва Итиҳоди Шӯравӣ 20-уми июни соли 1963 созишномаро дар бораи “Хатти иртиботи фаврӣ” имзо карданд. Ин аввалин санади тасдиқкунандаи омодагии ду ҷониб ба коҳиши хатари эҳтимолии ҷанги ҳастаӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG