Ширкатдори рақобатҳои гӯштии озоди бозиҳои Олимпии Лондон аз Узбакистон барои истеъмоли маводи мамнӯи зӯрафзоӣ ё допинг аз медали биринҷии мусобиқот маҳрум шуд.
Ду мақоми Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) рӯзи чоршанбе, 7-уми ноябр, ба хабаргузории Ассошейтед Пресс хабар доданд, ки санҷиши хуни Сослан Тигиеви 29-сола собит кард, дар таркиби он маводи мамнӯи метилгексаномин (methylhexaneamine) ошкор шудааст ва ҳамин чиз боиси аз феҳрасти барандаҳои медали олимпӣ соқит шудани исми ӯ мегардад.
Мақомоти Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфтанд, дар наздиктарин фурсат ин хабар ба таври расмӣ пахш хоҳад шуд. Аз рӯи иттилои онҳо, маводи метилгексаномин дар таркиби хуни Тигиев ҳанӯз то анҷоми бозиҳои олимпӣ ошкор шуд, вале барои таъйиди ин хабар фурсат лозим будааст.
Тавре мақомот гуфтанд, ҳайати махсуси нозирони ахлоқи варзишгарон дар Кумитаи байналмилалии олимпӣ машварат додааст, ки Тигиев аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои баъдӣ ва аз нишони биринҷии олимпӣ маҳрум шавад. Ба гуфтаи ин манбаъ, аъзои ин ниҳод тавассути почтаи электронӣ назари худро баён кардаанд.
Тигиев, ки зодаи Осетияи Шимолист, дар бозиҳои олимпии моҳи август дар Лондон дар миёни гӯштигирони дорои вазни 74 кило барандаи ҷои сеюм гардид. Акнун медали биринҷии ӯ насиби барандаи ҷои чоруми бозиҳои олимпӣ Габор Ҳатос аз Венгрия (Маҷористон) мешавад.
Соли 2008 дар бозиҳои олимпии Пекин ӯ барандаи як нишони нуқра ҳам гардида буд. Истеъмоли маводи зӯрафзоӣ ё допинг, ки аз рӯи муқаррароти варзишӣ комилан мамнӯъст, сабаби аз медали олимпӣ маҳрум шудани ширкатдори дигари бозиҳои Лондон - Надзя Остапчук, тирандози Беларус, гардид. Остапчук барои ширкат дар мусобиқаҳои тирандозӣ миёни хонумҳо барандаи медали тилло гардид. Дар маҷмӯъ дар давоми бозиҳои олимпии Лондон дар моҳи августи имсол нӯҳ варзишгар дар истеъмоли допинг муттаҳам шуданд.
Масъулин мегӯянд, дар давоми бозиҳои олимпӣ 5000 намунаи пешоб ва хуни варзишгаронро мавриди санҷиш қарор додаанд. Ин намунаҳо дар давоми ҳашт сол дар якхдонҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд, то ки масъулини Кумитаи байналмилалии Олимпӣ тавонанд ҳар дафъа ин намунаҳоро бо шеваву методҳои нави пешрафта бисанҷанд.