Пайвандҳои дастрасӣ

СММ хостори сабукӣ дар издивоҷи духтарони тоҷик бо хориҷиҳо шуд


Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон тавсия додааст, тағйироти воридшуда ба Кодекси оиларо, ки ҳаққи издивоҷ бо хориҷиҳоро маҳдуд мекунад, бозбинӣ намояд.

Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон тавсия додааст, тағйироти воридшуда ба Кодекси оиларо, ки ҳаққи издивоҷ бо хориҷиҳоро маҳдуд мекунад, бозбинӣ намояд. Дар гузориши Кумитаи зидди табъизи нажодии СММ, ки рӯзи 28-уми август нашр шуд, гуфта мешавад, ин кодекс ҳаққи интихоби ҳамсар ва дар маҷмӯъ ҳуқуқи инсонро ҷиддан нақз мекунад.

Дар як сол 300 тоҷикистонӣ бо хориҷиҳо издивоҷ кардаанд

Бар асоси ин тағйир танҳо шаҳрванди хориҷие матавонад бо шаҳрванди Тоҷикистон издивоҷ кунад, ки на кам аз як сол дар қаламрави кишвар зиндагӣ кардааст.

Дар ин изҳорот гуфта шудааст, “Кумита бо мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар ин бора шинос шуд. Сабаби тағйир дар қонунро ҷилавгирӣ аз фурӯши одамон меноманд. Зимнан, Кумита таъкид мекунад, ки чораҳои ҳимоявӣ ба ҳеҷ сурат набояд ҳуқуқи инсонро маҳдуд кунад ва шаҳрвандонро ҳангоми интихоби озодонаи ҳамсар ба мушкил рӯ ба рӯ намояд”.

Рӯзи 26-уми август ҷаласаи 93-уми Кумитаи зидди табъизи нажодии Созмони Милали Муттаҳид ба поён расид, ки дар он дар баробари даҳҳо кишвари дигар гузориши Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ низ шунида шуд. Рӯзи 28-уми август аъзои ин Кумита тавсияҳои худро ба кишварҳои мавриди назар нашр карданд. Тоҷикистон рӯзи 11-уми август дар назди аъзои кумита гузориш дода буд.

Эроди ин Кумитаи СММ аз Кодекси оила дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, тағйирот ба ҳимояи бештари ҳуқуқи занони тоҷик нигаронда шудааст.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 11-уми август дар посух ба ин иддао гуфта буд, ки қонун дар пайи сабти мавридҳои зиёди истисмори шаҳвонии шаҳрвандони кишвар тағйир ёфт. Ӯ гуфт, “бисёре аз хориҷиҳо ҳамчун ҳамсар бо шаҳрвандони мо издивоҷ карданд, вале баъдан маълум шуд, ки онҳоро ба ғуломии шаҳвонӣ ба хориҷи кишвар бурдаанд. Ба ин хотир, мо дар қонунгузорӣ баъзе тағйиротҳо барои пешгирӣ аз чунин амалҳо, ворид кардем.”

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа иштирок дошт, дар тақвият афзуд, ки мақомоти кишвар барои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон тадбирҳо меандешанд: “Дар давраи ҳисоботӣ, мақомоти интизомии Тоҷикистон дар нисбати қочоқи инсон 191 парванди ҷиноиро боз ва таҳқиқ намудааст, ки 133 ҳолати он дар хориҷи кишвар сурат гирифтааст. Афроди муттаҳам ба ҷиноят тибқи талаботи қонун мӯҳлати ҷазои худро дар муассисаҳои илоҳотии Тоҷикистон ва берун аз кишвар адо мекунанд.”

Юсуф Раҳмон
Юсуф Раҳмон

Дар Тоҷикистон соли 2011 Кодекси оиларо тағйир доданд. Бар асоси ин тағйир танҳо шаҳрванди хориҷие матавонад бо шаҳрванди Тоҷикистон издивоҷ кунад, ки на кам аз як сол дар қаламрави кишвар зиндагӣ кардааст.

Қабл аз издивоҷ бояд ба ҳамсари тоҷикаш манзили зист бихарад ва шартномаи никоҳро имзо кунад, ки ӯҳдадории таъмини молу мулк пас аз талоқро танзим мекунад. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин маҳдудиятҳо таъмини нафақаи фарзандонест, ки дар сурати аз ҳам пошидани чунин оила бесаробон мемонанд.

Дар панҷ соли пеш аз қабули ин муқаррарот дар Тоҷикистон тахминан 2700 мавриди издивоҷ бо хориҷиҳо сабт шуда буд, яъне тахминан 540 ҳодиса дар як сол. Соли баъди таҳрири кодекс, шумораи издивоҷҳо даҳ баробар кам шуд, вале солҳои охир дубора рӯ ба афзоиш овард. Дар нӯҳ моҳи соли гузашта 276 мавриди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиҳо сабт шудааст, ки 100 адад бештар назар ба соли 2015 будааст.

Аз рӯи омори расмӣ, дар навбати аввал ҳангоми барпо кардани оила шаҳрвандони Тоҷикистон ба никоҳҳо бо намояндагони Узбакистон тарҷеҳ дода, баъдан бо шаҳрвандони Русия оила барпо кардаанд. Дар зинаҳои баъдӣ шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Туркия, Олмон, Бритониё, Амрико ва, инчунин, Чин қарор доштааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG