Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қазоқистон тарҳи қонунеро таҳия доранд, ки духтарони қазоқро баъди издивоҷ бо хориҷиҳо аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвари Осиёи Марказӣ маҳрум хоҳад кард. Онҳо мегӯянд, ин тарҳ ба зудӣ омода ва барои тасвибу имзо ба порлумон ва ҳукумат фиристода хоҳад шуд.

Тоҷикистон шаш соли пеш барои издивоҷи хориҷиҳо бо духтарону занони тоҷик шарту шурути худро, ба мисли харидани хона ва бастани аҳдномаи никоҳ расмӣ карда буд.

Эътирози фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон алайҳи издивоҷи духтарону занони ин кишвар бо хориҷиҳо ҳафтаҳои охир шиддат гирифта ва хабари ба Қазоқистон омадани шаҳрвандони сарватманди Чин барои никоҳ бо духтарони маҳаллӣ ба ин оташ равған рехтааст. Фаъолон иддао доранд, ки идомаи ин раванд тамомияти арзӣ ва, ҳамин тавр, мустақилии кишварро таҳти хатар гузошта, генофонди миллиро низ олуда хоҳад кард.

Чунин эътироз бо ҳузури тақрибан сӣ нафар рӯзи 11 январ дар назди бинои оҷонсии “Gimeney” дар Қазоқистон низ баргузор шуда буд. Ин оҷонсӣ занони аз 18 то 40-соларо барои ошноӣ бо мардони сарватманди чинӣ даъват кардааст. Айдин Егубаев, яке аз эътирозгарон гуфт, ки “барои мисол, дар Туркманистон агар ягон хориҷӣ бо духтари маҳаллӣ издивоҷ кунад, ҳамчун андоз ба буҷаи он кишвар 50 ҳазор доллар пардохт хоҳад кард.»

Аммо ӯ афзуд, “хориҷиҳо духтарони қазоқро гирифта, баъдан барои дарёфти ҳаққи шаҳрвандии кишвари мо талош мекунанд. Ва кӯдаке, ки ҳосили ин издивоҷ аст, ӯ низ довталаби гирифтани шаҳрвандии Қазоқистон мешавад. Ман инро таҳқири ошкорои қазоқҳо медонам. Агар духтарони мо хориҷиҳо издивоҷ кунанд, дар кишвари мо кӣ хоҳад монд? Бе ин ҳам сафи қазоқҳо камтар аст.»

Нурбой Суйнов, фаъоли дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он нигарон аст, ки ҳеҷ хориҷӣ бо дарёфти ҳаққи шаҳрвандии Қазоқистон “қазоқ” намешавад ва мо ҳамин тавр « аз замини худ, кишвари худ ва ҳамаи чизе, ки дорем, маҳрум мешавем.»

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ё онҳо, ки ба қавли худашон барои нигоҳ доштани хуни тозаи қазоқҳо талош доранд, варианти худро барои ҳалли ин мушкил пешниҳод карданд. «Агар хориҷиҳое, ки мехоҳанд, бо духтарони қазоқ издивоҷ кунанд, бигзор ҳамчун замонат 50 ҳазор доллар пардохт кунанд. Ва духтароне, ки ба хориҷиҳо шавҳар карда ва ба хориҷа мераванд, бигзор аз ҳаққи шаҳрвандии мо маҳрум карда шаванд», - гуфт Қанот Садибеков.

Аммо мудири оҷонсии “Gimeney” Татяна Логвиенко мегӯяд, ҳарчанд занони қазоқ ба домодҳои маҳаллӣ бартарӣ медиҳанд, вале пайдо кардани дувумиҳо мушкил шудааст. “Бовар кунед, ҳамаи занҳои мо хубанд. Яке аз дигаре хубтар. Аммо онҳо бо оби дида ба мо муроҷиат мекунанд, ки вақти шавҳра карданашон расидааст, бояд фарзанд ба дунё оранд, вале касе нест. Мо натанҳо бо хитоиҳо, балки бо намояндагони Аврупои Ғарбӣ низ ҳамкорӣ мекунем”, - афзуд ӯ.

Аз рӯи омори расмӣ, дар навбати аввал ҳангоми барпо кардани оила шаҳрвандони Тоҷикистон ба никоҳҳо бо намояндагони Узбакистон бартарӣ дода, баъдан бо шаҳрвандони Русия оила барпо кардаанд.

Ин гапҳои Логвиенкоро омори расмӣ дар Қазоқистон ҳам таъйид мекунад. Дар ҳоли ҳозир ба сари ҳар марди муҷарради аз 18 то 35-солаи қазоқ ду зани муҷаррад рост меояд. Бо ин ҳол, мухолифони олуда шудани генофонд дар Қазоқистон пешниҳод доранд, ки ё никоҳи духтарони ин кишвар бо хориҷиҳо манъ шавад, ё ба мардҳои маҳаллӣ барои гирифтани ду ҳамсарӣ иҷозат диҳанд.

Тоҷикистон ҳам 6 соли пеш барои издивоҷи хориҷиҳо бо духтарону занони тоҷик шарту шурути худро, ба мисли харидани хона ва бастани аҳдномаи никоҳ расмӣ карда буд. Инчунин, бар асоси Кодекси оилаи Тоҷикистон аз домодҳои хориҷӣ талаб мешавад, пеш аз хостгорӣ ҳадди аққал як сол дар ҳудуди кишвар зиндагӣ кунанд. Мақомот мегӯянд, хосторҳои хориҷӣ ин шартро пазируфтаанд ва дар нуҳ моҳи соли гузашта ҳудуди 300 издивоҷи духтарону занони тоҷик бо беруниҳо сабт шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2015 сад никоҳ бештар аст.

Аз рӯи омори расмӣ, дар навбати аввал ҳангоми барпо кардани оила шаҳрвандони Тоҷикистон ба никоҳҳо бо намояндагони Узбакистон бартарӣ дода, баъдан бо шаҳрвандони Русия оила барпо кардаанд. Дар зинаҳои баъдӣ шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Туркия, Олмон, Бритониё, Амрико ва Чин қарор доштаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG