Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

95 никоҳи тоҷикон бо хориҷиён ва нахустин издивоҷ бо шаҳрванди Чин


Мавридҳои издивоҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиҳо имсол қариб 67 дарсад афзуда, дар нимаи аввали соли 2014 дар вилояти Суғд нахустин мавриди издивоҷи як зани сокини Тоҷикистон бо як шаҳрванди Чин сабт шудааст.

Сомонаи интернетии Dialog.tj, ки ахбору таҳаввулоти Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, дар як матлаб бо такя ба омори расмии вазорати адлияи Тоҷикистон менависад, ки дар нимаи аввали соли 2014 дар ин кишвар 95 мавриди ақди никоҳи шаҳрвандони тоҷик бо хориҷиён сабт шудааст. Ин рақам назар ба 57 мавриди никоҳи тоҷикон бо шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар нимаи аввали соли 2013 расман сабт шуда буд, 66,67 дарсад бештар мебошад.

Дар айни замон, ба навиштаи муаллиф Кристина Бородавко, дар нимаи аввали сол 5 никоҳ бо хориҷиён, аз ҷумла 2 никоҳ дар пойтахт, шаҳри Душанбе ва 3 никоҳ дар вилояти Суғд, ба далели фурӯпошии чунин оилаҳои “интернатсионалӣ” бекор карда шудаанд.

Маълум мешавад, аз 95 мавриди издивоҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиён, ки дар 6 моҳи аввали соли 2014 сабт шудаанд, 48 маврид, ё беш аз нисфаш бо шаҳрвандони Узбакистон иттифоқ уфтодааст. Дар Тоҷикистон ба сар бурдани беш аз 1,5 миллион узбак ва вуҷуди миллионҳо тоҷик дар Узбакистон ва риштаҳои зиёди хешутаборӣ байни онҳое, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ду сӯи ин марзи дар ҳоли ҳозир минакоришуда ва симхорпеч мондаанд, яке аз далелҳои асосии дар “чемпионат”-и издивоҷ бо шаҳрвандони тоҷик ҷои аввалро гирифтани Узбакистон ном бурда мешавад.

Ҳамин тавр, 16 ақди никоҳ дар нимаи аввали соли равон байни шаҳрвандони Тоҷикистону Русия ва 12 мавриди дигар бо атбои Афғонистон сурат гирифта, 9 шаҳрванди тоҷик имсол бо шаҳрвандони Қирғизистон ва 4 тоҷик бо эрониҳо ақди никоҳ бастаанд.

Dialog.tj дар матлабаш ҳамчунин аз нахустин мавриди издивоҷи расмии як зани шаҳрванди Тоҷикистон бо як марди шаҳрванди Чин хабар додааст. Бидуни овардани ҷузъиёти зиёд гуфта мешавад, ки ин никоҳ дар нимаи аввали соли 2014 дар вилояти Суғд сабт шудааст.

Хона барои арӯс - шарти издивоҷ бо духтарони тоҷик

Шаҳодат Ҳайдарова, корманди вазорати адлияи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Dialog.tj гуфтааст, ки шароити никоҳи шаҳрвандони тоҷик бо атбои хориҷӣ дар ду банди 167 ва 168-уми Кодекси оила ва никоҳи ин кишвар дарҷ шудааст: “Дар соли 2011 ба Кодекси оилаи ҶТ тағйироте ворид карда шуд, ки иҷрои ҳатмии ду шарт барои ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷиро мунъакис мекунад. Шарти якум ин ааст, ки ин шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон на камтар аз як сол зиндагӣ карда бошад. Ва шарти дуюм имзо кардани қарордоди никоҳ байни зану шавҳари оянда мебошад. Ин шартҳо ба хотири ҳимоят аз муносибатҳои молумулкӣ байни ҳамсарон гузошта шудаанд.”

Як шарти асосӣ ҳатман барои ҳамсари тоҷикаш хона харидани хориҷии талабгори издивоҷ бо шаҳрванди Тоҷикистон буд, ки низ дар Кодекси оила дарҷаш кардаанд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин маҳдудиятҳо таъмини нафақаи фарзандонест, ки дар сурати аз ҳам пошидани чунин оила бесаробон мемонанд.

Кодекси оилаи ҶТ дар бораи шартҳои никоҳ бо хориҷиён

Ф А С Л И VIII

ИСТИФОДАИ ҚОНУНҲОИ ОИЛА ДАР МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАВӢ БО ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДӢ

БОБИ 22

Истифодаи Қонунгузории ақди никоҲ ва оила нисбат ба шаҲрвандони хориҶӣ ва шАхсОНи бешаҲрвандӢ

Моддаи 167. Ақди никоҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шаклу тартиби ақди никоҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Шартҳои ақди никоҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шахси никоҳшаванда дар асоси қонунҳои давлате, ки дар лаҳзаи ақди никоҳ ӯ шаҳрванди он давлат мебошад, бо риояи талаботи қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс дар бобати ҳолатҳое, ки монеъи ақди никоҳ мегарданд, муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)

3. Агар шахс дар баробари шаҳрванди давлати дигар будан шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, нисбати вай шартҳои ақди никоҳи қoнунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад. Агар шахс дорои шаҳрвандии якчанд давлати хориҷӣ бошад, бо интихоби ин шахс қонунгузории яке аз ин давлатҳо истифода бурда мешавад.

4. Шартҳои ақди никоҳи шахси бешаҳрвандӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки ин шахс дар он ҷои истиқомати доимӣ дорад.

Моддаи 168. Ақди никоҳ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ

1. Ақди никоҳи дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Ақди никоҳ дар байни шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудааст, агар ин шахсон дар лаҳзаи ақди никоҳ шаҳрвандони давлати хориҷие бошанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир ё консул таъин кардааст, мутақобилан қобили эътибор дониста мешавад.

Моддаи 169. Эътирофи никоҳе, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст

1. Никоҳҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва никоҳҳои байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қонунҳои он кишвар баста шудаанд, агар барои эътироф шартҳо ва монеаҳои дар қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс пешбинигардида набошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №710)

2. Никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қoнунҳои он кишваре баста шудаанд, ки дар он ақди никоҳ сурат гирифтааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешаванд.

Моддаи 170. Беэътибор донистани никоҳ

Ақди никоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 167 ва 169 Кодекси мазкур беэътибор дониста мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)

Моддаи 171. Бекор кардани никоҳ

1. Бекор кардани никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ё ашхоси бешаҳрвандӣ, инчунин никоҳи байниҳамдигарии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқ доранд никоҳро бо ҳамсари худ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, сарфи назар аз шаҳрвандии ӯ, дар суди Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кунанд. Дар ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бекор кардани никоҳ дар мақмоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ иҷозат дода мешавад, никоҳ дар намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)

3. Бекор кардани никоҳи байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо риояи қонунгузории давлати хориҷии дахлдор салоҳиятнокии мақомоте, ки оиди бекор кардани никоҳ қарор қабул кардаанд ва қонунгузорие, ки ҳангоми бекор кардани никоҳ бояд истифода бурда шавад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад.

4. Бекор кардани никоҳи байни шаҳрвандони хориҷӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо риояи қонунгузории давлати дахлдор салоҳияти мaқоме, ки дар бораи никоҳ қарор баровардааст ва қонунҳое, ки бояд ҳангоми бекор кардани никоҳ истифода шаванд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад.

Моддаи 172. Ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкию молу мулкиӣ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар

1. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолу мулкию молу мулкиӣ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар тибқи қонунҳои давлате, ки онҳо дар ҳудуди он иқоматгоҳи муштарак доранд ва дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак бошад, тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар қаламрави он иқоматгоҳи охирини муштарак доштанд. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолу мулкию молу мулкиӣ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳаре, ки иқоматгоҳи муштарак надоранд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

2. Зану шавҳаре, ки шаҳрвандии умумӣ ё иқоматгоҳи муштарак надоранд, ҳангоми бастани аҳдномаи никоҳ ё созишнома дар бораи пардохти алимент ба ҳамдигар метавонанд қонунҳоеро интихоб намоянд, ки барои муайян намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшон дар хусуси пардохти алимент аз рӯи ин аҳднома ё созишномаи пардохти алимент мавриди истифода қарор мегиранд. Агар зану шавҳар дар мавриди интихоби қонунҳо нисбати аҳдномаи никоҳ ё созишномаи зану шавҳар дар бораи пардохти алимент ба якдигар ба мувофиқа наоянд, муқаррароти қисми якуми ҳамин модда истифода мешавад.

Моддаи 173. Муқаррар намудан ва рад кардани падархондӣ (модархондӣ)

1. Муқаррар намудан ва рад кардани падархондӣ (модархондӣ) тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешавад, ки кӯдак аз рӯи таваллуд шаҳрванди он мебошад.

2.Тартиби муқаррар ва рад кардани падархондиро (модархондиро) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Дар ҳолатҳое, ки агар мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани падар (модар) дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ иҷозат дода шуда бошад, падару модари берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаи кӯдак, ки ақаллан якеашон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҳуқуқ доранд бо аризаи муқаррар намудани падар (модар) ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Моддаи 174. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзандон

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзандон, аз ҷумла ӯҳдадории падару модар дар бобати таъминоти фарзандон мутобиқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки дар он давлат иқоматгоҳи муштарак доранд. Дар сурати иқоматгоҳи муштарак надоштани падару модар ва фарзандон, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки кӯдак шаҳрванди он мебошад. Бо талаби даъвогар нисбати ӯҳдадориҳои алиментдиҳӣ ва дигар муносибатҳои байни падару модар ва фарзандон қонунҳои давлатеро истифода кардан мумкин аст, ки кӯдак дар қаламрави он истиқомати доимӣ дорад.

Моддаи 175. Ӯҳдадориҳои алиментдиҳии фарзандони болиғ ва аъзои дигари оила

Ӯҳдадориҳои алиментдиҳии фарзандони болиғ ба манфиати падару модарашон, инчунин ӯҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои дигари оила тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар қаламрави он иқоматгоҳи доимӣ доранд. Дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак чунин ӯҳдадориҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешавад, ки шахси даъвогари алимент шаҳрванди он мебошад.

Моддаи 176. Муқаррар намудани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ

1. Ҳангоми истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ суд ё мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар мақомот мундариҷаи ин меъёрҳоро мувофиқи тафсири расмии он, амалияи истифода ва доктринаи он дар давлати дахлдори хориҷӣ муқаррар менамоянд.

Ба мақсади муқаррар намудани мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ суд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигар метавонанд тибқи тартиби муқарраршуда барои мусоидат ва тавзеҳ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти салоҳиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунанд ё коршиносонро (экспертҳоро) ҷалб намоянд.

2. Шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд асноди тасдиқкунандаи мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷиеро, ки онҳо барои талаби худ ё эътироз ба он истинод мекунанд, пешниҳод намоянд ё ба тарзи дигар ба суд ё мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар мақомот дар муқаррар сохтани мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ мусоидат кунанд.

3. Агар мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ, сарфи назар аз чораҳои мутобиқи қисми якуми ҳамин модда дидашуда муқаррар нагардад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

Моддаи 177. Маҳдудияти истифодаи ҳуқуқи оилавии хориҷӣ

Ҳуқуқи оилавии хориҷӣ дар ҳолатҳое истифода бурда намешавад, ки он хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқии (тартиботи оммавӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Дар ин ҳолат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.

Ин шартҳо як муддат боиси кам шудани мавридҳои издивоҷ байни атбои Тоҷикистону кишварҳои дигар шуд. Барои мисол, Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон гуфта буд, ки барои мисол, дар соли 2013 дар Тоҷикистон 137 ақди никоҳ бо хориҷиён расман сабт шудааст ва ин дар ҳолест, ки 5 сол пеш шумораи чунин никоҳҳои “интернатсионалӣ” 720 будааст.

Аммо нозирони умур мегуфтанд, тағйири қонун танҳо теъдоди сабти чунин издивоҷҳо дар дохили Тоҷикистонро кам кард ва ба эҳтимоли зиёд, ин ақдҳои никоҳ дар берун аз кишвар баста мешаванд ва дар натиҷа занони тоҷик аз ҳама гуна ҳимояи қонунгузории Тоҷикистон маҳрум мегарданд. Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, тағйири қонун сабаби афзоиши амалҳои ғайриқонунӣ ваё аз ақди расмии никоҳи худ бо шаҳрванди Тоҷикистон сарфи назар кардани ҳамсарони хориҷии онҳо шудааст, ки низ ҳамсари тоҷикро дар сурати фурӯпошии оилаашон беҳимоят мегузорад.

Вале бино ба омори ахири вазорати адлия, дар соли 2014 шумори чунин издивоҷҳо якбора рӯ ба афзоиш оварда, бо қариб 67 дарсад рушд ба 95 расидааст.

Вақте ҷавонони тоҷик дунболи "Наташа"-ҳоянд...

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳангоми истироҳат
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳангоми истироҳат

Нашри оморҳо дар бораи афзоиши мавридҳои издивоҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиён дар ҳолест, ки дар ҷомиаи аксаран суннатӣ ва муҳофизакори ин кишвар ба никоҳҳо бо афроди хориҷӣ назари чандон мусбат надоранд. Бавижа агар сухан дар бораи никоҳи занону духтарони тоҷик бо мардони “бегона” бираваду алалхусус агар домод намояндаи дигар дин ваё шаҳрванди Чин бошад.

Як корманди ЗАГС дар вилояти Хатлон ҳатто дар сӯҳбат бо Озодӣ ошкорро гуфта буд, ки чанд дархости ақди никоҳи занони маҳаллӣ бо шаҳрвандони Чинро қабул накардааст ва дар оянда низ ба ин роҳ нахоҳад дод.

Матлабҳо дар бораи издивоҷи шаҳрвандони тоҷик бо хориҷиҳо ҳар дафъа ба мавҷи вокунишҳои аксаран манфии хонандагон рӯбарӯ мешавад, ки асосан ба ҳассосиятҳои милливу мазҳабӣ нохун мезананд ва бархе мардони тоҷикро шарм медоронанд, ки дар Русия дунболи “Наташа”-ҳо мегарданду инҷо духтарони зебои тоҷик насиби дигарон мешаванд.

Аммо тарафдорони чунин никоҳҳо мегӯянд, издивоҷ бо нафари дӯстдошта аз аслҳои қабулшудаи озодии инсон ас. Мухолифат ба чунин никоҳҳо дар асри 21, ба бовари ин гурӯҳ, баръакс чӣ қадар аз нигоҳи зеҳнӣ ақиб мондан мухолифони никоҳҳои байниқавмӣ аз пешрафтҳо ва воқеъияти ҷаҳони муосирро нишон медиҳад. Бахусус дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ, ки як василаи хеле осону роҳати пайдо кардани ҷуфти худ дар ҳар куҷои дунё шудааст.

XS
SM
MD
LG