Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Женева: "Табъизи нажодӣ вуҷуд надорад". САДО


Намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Кумитаи зидди табъизи нажодии Созмони Милали Муттаҳид дар Женева гуфтанд, ки ҳеҷ шаҳрванди ин кишвар аз рӯи мансубияташ ба қавму миллат, табъиз нашудааст. Аммо дар гузориши алтернативӣ​, ки созмонҳои ҳуқуқи башар пешниҳод кардаанд, ба нақзи ҳуқуқи ақалиятҳои қавмӣ, ишора шудааст.

Намояндагони Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳукумат даҳҳо барнома барои рушди забонҳои нодир дар кишварро рӯи даст дорад ва ҳамзамон ба лӯлиҳо ҳам барои дастрасӣ ба таҳсил, кӯмак мекунад.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ парвандае дар ин замина боз нашудааст ва қонунгузории кишвар аз ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ ҳимоя мекунад. Ӯ гуфт, ки дар қонунгузории Тоҷикистон барои табъизи нажодӣ ва нақзи ҳуқуқи ақалиятҳои қавмию миллӣ, ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Нишасти Кумитаи зидди табъизи нажодии Созмони Милали Муттаҳид имрӯз, 11-август дар шаҳри Женева ҷараён дорад. Тоҷикистон дар ин нишаст гузориш медиҳад, ки муддати панҷ соли гузашта барои ҳимояи ҳуқуқи ақалиятҳо миллӣ чи корҳоеро анҷом додааст.

Дар гузоришҳои алтерантивӣ, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ба Кумитаи зидди табъизи нажодии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карданд, гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи ақалиятҳои қавмӣ, ба мисли лӯлиҳо, яғнобиҳо ва помириҳо нақз мешавад. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки кӯдакони лӯлӣ аз таҳсил дур мемонанд ва барои ҳифз ва рушди забонҳои яғнобиву помирӣ, ҳукумат иқдоми ҷиддӣ намеандешад.

Намояндагони Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳукумат даҳҳо барнома барои рушди забонҳои нодир дар кишварро рӯи даст дорад ва ҳамзамон ба лӯлиҳо ҳам барои дастрасӣ ба таҳсил, кӯмак мекунад. Намояндагони СММ дар нишаст гуфтанд, ки дар чанд соли ахир мактабҳои узбакӣ ба тоҷикӣ тадил ёфтанд.

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон таҳсили узбакзабонҳо дар мактабҳои тоҷикро тасдиқ кард ва гуфт, ки "инро худи узбактаборон ба хотири ояндаи беҳтари фарзандонашон интихоб кардаанд". Ҳамчунин, дар ин нишаст масъалаи никоҳ бо хориҷиён низ баррасӣ шуд. Аъзоёни Созмони Милали Муттаҳид дар ин нишаст гуфтанд, ки қонунгузории Тоҷикистон никоҳ бо хориҷиёнро сахттар кардааст.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон.
Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон.

Рустам Шоҳмурод дар посух ба ин гуфт, ки қонун дар пайи сабти мавридҳои зиёди истисмори шаҳвонии шаҳрвандони кишвар тағйир хӯрд. Ӯ гуфт, ки "бисёре аз хориҷиҳо ҳамчун ҳамсар бо шаҳрвандони мо издивоҷ карданд, вале баъдан маълум шуд, ки онҳоро ба ғуломии шаҳвонӣ ба хориҷи кишвар бурдаанд. Ба ин хотир, мо дар қонунгузорӣ баъзе тағйиротҳо барои пешгирӣ аз чунин амалҳо, ворид кардем."

Юсуф Раҳмон, додситони кули Тоҷикистон гуфт, ки мақомоти кишвар барои ҷилавгирӣ аз кочоқи инсон тадбирҳо меандешанд: "Дар давраи ҳисоботӣ, мақомоти интизомии Тоҷикистон дар нисбати қочоқи инсон 191 парванди ҷиноиро боз ва таҳқиқ намудааст, ки 133 ҳолати он дар хориҷи кишвар сурат гирифтааст. Афроди муттаҳам ба ҷиноят тибқи талаботи қонун мӯҳлати ҷазои худро дар муассисаҳои илоҳотии Тоҷикистон ва берун аз кишвар адо мекунанд".

Тоҷикистон як кишвари гуногунмиллат буда, ба ҷуз тоҷикон дар он ақалиятҳои қавмӣ назири узбакҳо, қирғизҳо, русҳо, қазоқҳо, олмониву кореягиҳо ва дигарон, зиндагӣ мекунанд. Таркиби мазҳабии Тоҷикистон аз мусалмонони шохаи ҳанафии мазҳаби аҳли суннати дини ислом ташкил шудааст. Ҳамчунин дар вилояти Бадахшон пайравони равияи исмоилия мазҳаби шиа, ба сар мебаранд. Намояндагони динҳои масеҳӣ ва яҳудӣ низ дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва маросимҳои мазҳабии худро озода анҷом медиҳанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора таъкид мекунанд, ки дар ин кишвар эҳтироми ҳама намояндагони ақвом ва ақалиятҳои мазҳабӣ, риоя мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG