Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши хушунат дар Навори Ғазза


Зани фаластинӣ дар маҳалли ҳалокати 9 кӯдак аз таркиш бо ҳарос духтарчаашро оғӯш мегирад. Наздики боғи шаҳри ғаза, 28-уми июли соли 2014.
Зани фаластинӣ дар маҳалли ҳалокати 9 кӯдак аз таркиш бо ҳарос духтарчаашро оғӯш мегирад. Наздики боғи шаҳри ғаза, 28-уми июли соли 2014.

Дар ҳамлаи нави нерӯҳои исроилӣ дар Рафоҳ 15 фаластинӣ, аз ҷумла 9 кӯдак кушта шуда, хонаи яке аз раҳбарони ҲАМОС Исмоил Ҳания ҳадафи мушак қарор гирифт.

Нерӯҳои исроилӣ ба шаҳри Ғазза наздик омаданд ва сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мардуми худро огоҳ кард, ки ба ҷанги дарозмуддат омода шаванд. Мақомоти Ғазза мегӯянд, дар ҳамлаи ахир хонаи яке аз раҳбарони ҲАМОС Исмоил Ҳания ҳадафи мушак қарор гирифта, тахриб шуд, аммо талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Дар ҳамин ҳол, бар асари зарбаҳо ба урдугоҳи паноҳандагони Шатӣ 9 кӯдак ва дар Рафоҳ 6 фаластинӣ кушта шудаанд.

Исроил мегӯяд, дар посух ба партоби мушак амалиётро аз сар гирифтааст, аммо фаластиниҳо Исроилро сабабгори хушунат меноманд. Пас аз 12 соати эъломияи оташбаси Шӯрои амнияти Созмони Милал нимарӯзии 28-уми июл нерӯҳои исроилӣ хабар доданд, ки баъд аз партоби мушак аз сӯи Ҳамос дубора ба Ғазза оташ кушодаанд.

Дар эъломияи Шӯрои амнияти Созмони Милал гуфта мешавад, ки тарафҳо бояд қатъи оташбасро ба хотири вазъи башарӣ қабул ва ба гунаи комил муроот намоянд. Ин имкон хоҳад дод, ки ба афроди шадидан мӯҳтоҷи кӯмак ёриҳо расонда шавад. Пешнависи эъломия пеш аз ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ бо ҳамаи 15 узви ин ниҳод ҳамоҳанг карда шуд. Аммо аз матни эъломия ҳарду тараф норозӣ боқӣ монданд. Фаластиниҳо аз он норозиянд, ки Шӯрои амният “таҷовузгарӣ”-и Исроилро маҳкум накард ва Исроил, дар навбати худ, аз формулбандии парокандаи санад интиқод намуд.

Зарбаҳои ҳавоии Исроил ба Навори Ғаза
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Талоши қаблии оташбас дар Ғазза дар ҷараёни се ҳафтаи ахир ноком буданд. Исроил қаблан барои тамдиди оташбас то шоми якшанбе розӣ шуда буд. Намояндаи ҳукумати Исроил гуфт, ки онҳо тавсияи СММ-ро ба тамдиди оташбас ба хотири ҳалли масъалаҳои башарӣ пазируфтанд. Ҳамзамон ӯ таъкид дошт, ки низомиёни исроилӣ дар соатҳои оташбаси муваққат нобудсозии нақбҳо дар Ғазаро идома медиҳанд.

Аммо гурӯҳи ҲАМОС он пешниҳодро рад карда ва эълом дошта буд, оташбасеро, ки дар он сарбозони исроилӣ аз хоки Ғаза хориҷ нашаванд ва мардуми оддӣ натавонанд ба манзилҳояшон баргарданду маҷрӯҳон ба ҷойи амн интиқол ёбанд, қабул надорад.

Намояндаи давлати худгардони Фаластин дар СММ Риёз Мансур изҳори умедворӣ кард, ки санади ахир ба оташбаси дарозмуддат роҳ хоҳад кушод. Ӯ ҳамзамон Шӯрои амниятро танқид кард, ки натавониста аст дар робита ба амали Исроил, ки вай онро “таҷовузгарӣ” номид, қатънома ба тасвиб расонад. Ӯ гуфт, "мо хоҳем дид, ки оё Исроил ин оташбаси башариро арҷ ва эҳтиром хоҳад гузошт ва ё онҳо таҷовузгарии зидди мардуми моро идома хоҳанд дод. Албатта, онҳо ҳоло бахшҳоеро аз Ғазза ишғол кардаанд ва бояд нерӯҳои худро фавран аз он ҷо берун кашанд”.

Аммо сафири Исроил дар Созмони Милал Рон Просор гуфт, ҲАМОС ба сӯи Исроил 2500 мушак партофт ва агар ин ҳамлаҳои мушакӣ дар миён набуд, Исроил ба зарбаҳои ҷавобӣ маҷбур намешуд. Ба гуфтаи ӯ, дар изҳороти тасвибкардаи Шӯрои амният аз ҲАМОС ва ҳаққи Исроил ба дифои худ ном бурда намешавад: "Мо ҳама корро кардем, ки ба ин низоъ роҳ надиҳем, аммо ҲАМОС ҳамлаҳояшро қатъ накард. Исроил ба панҷ созиши оташбас ризоият дод. ҲАМОС ҳамаи онҳо, ҳатто онеро, ки худ хоста буд, рад кард ё баҳам зад. Ҳар боре, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ оташбас хостааст, мо бас кардаем ва ҲАМОС оташ кушодааст”, гуфт дипломати исроилӣ.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи 27-уми июл бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу тамоси телефонӣ дошт. Дар изҳороти вижаи Кохи сафед аз ҳалокати шаҳрвандони осоишта дар ин низоъ шадидан изҳори ташвиш шудааст.

Дар пайкори байни Исроил ва фаластиниҳо аз аввали моҳи июл зиёда аз 1030 фаластинӣ, асосан, аҳолии осоишта ва 45 исроилӣ, асосан ҳарбиён кушта шудаанд. Дар моҳи барои мусулмонон муқаддаси Рамазон иттифоқ афтодани ин рӯйдодҳои хунин садҳо ҳазор нафар аз мусулмононро ошуфта ва андӯҳгин кардааст. Эъломияи оташбаси Шӯрои амният дар арафаи Иди Фитр ё поёни моҳи Рамазон ба тасвиб расида, дар он ба арҷгузорӣ ба ин ҷашн ҳам ишора шудааст.

XS
SM
MD
LG