Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу ҲАМОС-ро дар нақзи оташбас айбдор кард


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, гурӯҳи ҲАМОС-ро дар халадор кардани оташбас айбдор намуд ва изҳор намуд, ки низомиёни исроилӣ амалиёти низомӣ дар навори Ғаззаро аз сар мегиранд.

Изҳороти Нетаняҳу чанд соат баъд аз он нашр шуд, ки мусаллаҳони гурӯҳи ҲАМОС ба оташбаси 24-соата бо Исроил дар навори Ғазза розӣ шуданд. Намояндаи ин гурӯҳ Самӣ Абу Зуҳрӣ рӯзи 27 июл гуфт, ки “дар посух ба дахолати СММ, вазъи мардуми мо ва ба шарафи Иди Фитр гурӯҳҳои муқовимат барои оташбаси 24-соата шурӯъ аз соати 2-и баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе ризоят доданд

Исроил қаблан барои тамдиди оташбас то шоми якшанбе розӣ шуда буд. Намояндаи ҳукумати Исроил гуфт, ки онҳо тавсияи СММ барои тамдиди оташбас ба хотири ҳалли масъалаҳои башариро пазируфтанд. Ҳамзамон ӯ таъкид дошт, ки низомиёни исроилӣ дар соатҳои оташбаси муваққат нобудсозии нақбҳо дар Ғаззаро идома медиҳанд.

Аммо гурӯҳи ҲАМОС он пешниҳодро рад карда ва эълом дошта буд, оташбасеро, ки дар он сарбозони исроилӣ аз хоки Ғаза хориҷ нашаванд ва мардуми оддӣ натавонанд ба манзилҳояшон баргарданду маҷрӯҳон ба ҷойи амн интиқол ёбанд, қабул надорад.

Дар 19 рӯзи амалиёти низомии Исроил дар Ғаза беш аз ҳазор фаластинӣ, асосан мардуми осоишта ва занону кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Дар задухӯрдҳо 43 сарбози исроилӣ ҳам кушта шуданд.

Гурӯҳҳои дидбони ҳуқуи башар мегӯянд, ки тақрибан 80 дар сади қурбониёни фаластинӣ – сокинони осоиштаанд. ЮНИСЕФ, Бунёди атфоли СММ, хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти низомии Исроил 192 тан аз кӯдакони навори Ғазза ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG