Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Ғаза дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ баррасӣ мешавад


Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рӯзи чаҳоршанбе, 23 июл, дар робита ба авзоъ дар борикаи Ғазза нишасти изтирорӣ баргузор мекунад. Дар изҳороти ин ниҳоди СММ, ки рӯзи душанбе нашр шуд, гуфта шудааст, аз даъвати Миср барои баргузории нишасти вижаву изтирорӣ 16 кишвари узви Шӯрои ҳуқуқи башар пуштибонӣ карданд.

Аз ин пеш Шӯрои амнияти СММ дар як нишасти пушти дарҳои баста аз афзоиши қурбониён дар борикаи Ғазза изҳори нигаронӣ кард ва хостори оташбаси фаврӣ шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, теъдоди қурбониён бар асари амалиёти артиши Исроил алайҳи гурӯҳи ҲАМОС дар Ғазза, ки ду ҳафта боз боз идома дорад, аз марзи 500 нафар убур кард.

XS
SM
MD
LG