Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Соли 2017 дар Афғонистон 10 ҳазор ғайринизомӣ кушта ё захмӣ шуданд"


Зайд Раъд Ал-Ҳусейн, комиссари ҳуқуқи башари СММ.

Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише оид ба Афғонистон вазъи хушунатҳо ва талафот дар соли гузашта дар он кишварро баррасӣ кардааст. Бар асоси ин гузориш, шумораи кушташудаҳо ва маҷрӯҳони ғайринизомӣ дар соли 2017 беш аз 10 ҳазор тан будааст.

Дар ин гузориш бамбгузорӣ ва ҳамлаҳои интиҳории ҷангҷӯён, омили рақами яки талафоти ғайринизомиён дар Афғонистон зикр шудааст. Фақат дар шаҳри Кобул дар чанд ҳафтаи гузашта 150 нафар ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Созмони Милали Муттаҳид дар ин гузориш гуфтааст, ки ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, сабаби шаш дарсад аз талафоти ғайринизомиён будааст.

Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши худ ҷузъиёти дақиқтареро ҳам баррасӣ кардааст. Дар соли гузашта омори кушташудаҳо дар Афғонистон 3 ҳазору 438 ва омори захмиҳо 7 ҳазору 15 тан будааст. Омори талафот дар маҷмӯъ нисбат ба соли 2016, нӯҳ дарсад камтар шудааст.

СММ мегӯяд, яке аз аз нуқтаҳои асосии ин гузориш, омори болои талафот аз ҳамлаҳои интиҳорӣ ва бамбгузориҳои ҷангиён аст, ки ғайринизомиён қурбонии аслии он ҳастанд. Дар ин гузори омадааст, 27 дарсади захмиҳо ба асари ҳамлаҳои ҷангиён аст ва ба таври барқасдона ғайринизомиёнро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор медиҳанд.

Давоми солҳое, ки Созмони Милали Муттаҳид омори талафот дар Афғонистонро нашр мекунад, соли 2019 маргбортани сол ба ҳисоб меояд. Дар 31-уми моҳи майи он сол, як шахси интиҳоркунанда мошинеро тарконд, ки бар асари он 92 нафар кушта ва 491 тани дигар захмӣ шуданд.

Ин гузориш мегӯяд, дар соли гузашта аз се ду ҳиссаи талафот бинобар ҳамлаҳои ҷангиёни мухолифи ҳукумат будааст. 42 дарсид ин ҳамлаҳоро ҷангҷӯёни Толибон анҷом додаанд ва 10 дарсади он аз сӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДИИШ сурат гирифтааст ва 13 дарсад ҳам ниманизомиёне мухолифи давлат ҳастанд, ки раҳбарии муайяне надоранд.

Дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки нерӯҳои тарафдори ҳукумати марказии Афғонистон масъули аз панҷ як ҳиссаи талафоти ғайринизомиён дар ин кишвар ба шумор мераванд. Омили 16 дарсади талафоти ғайринизомиёни афғон, нерӯҳои низомии Афғонистон, 2 дарсад нерӯҳои байналмилалӣ ва як дарсад ҳам гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори давлат будааст.

Созмони Милали Муттаҳид дар ин гузориш гуфтааст, ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои давлатӣ ва байналмилалӣ сабаби шаш дарсад аз талафоти ғайринизомиён будааст. Бо 295 кушта ва 336 захмии ғайринизомӣ дар соли 2017, омори талафот аз ҳамлаҳои ҳавоӣ нисбат ба соли 2016, ҳафт дарсад бештар шудааст.

Дар феҳристи омили аслии талафоти ғайринизомиён дар ин гузориш, даргириҳои заминӣ ба унвони сабаби дувум муаррифӣ шудааст. Ин гузориш мегӯяд, занон ва кӯдакон аз ҳама бештар хушунат дидаанд. Соли гузашта дар Афғонистон 359 зан кушта шуданд, ки назар ба як сол қабл 5 дарсад зиёд будааст.

Зайд бин Раъд Ал-Ҳусейн, комиссиари олии ҳуқуқи башари СММ дар баёния гуфтааст, "ғайринизомиёни Афғонистон дар ҷараёни зиндагии рӯзмарраи худ кушта шудаанд, дар ҳоле, ки бо автобус сафар мекарданд, ё барои ибодат дар масҷид буданд ва ё фақат дар ҳоли гузаштан дар назди биное буданд, ки ҳадафи ҳамла будааст."

Ӯ афзудааст, "чунин ҳамлаҳое тибқи қонунҳои байналмилалӣ мамнӯъ аст ва дар бисёре аз мавридҳо метавонад айни ҷинояти ҷангӣ бошад. Сабабгорони ин ҳамлаҳо бояд мушаххас шаванд ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG