Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони манъи намояндаи Русия аз ширкат дар "Eurovision-2017”


Юлия Самойлова.
Юлия Самойлова.

Мақомоти Украина гуфтаанд, ки эҳтимолан ба намояндаи Русия Юлия Самойлова бинобар сафараш ба нимҷазираи Қрим, иҷозаи вуруд ба он кишвар барои ширкат дар озмуни мусиқии “Eurovision-2017”, дода нашавад. Ин озмун моҳи майи соли ҷорӣ дар Киев -- пойтахти Украина баргузор мешавад.

Олена Гитлиянска, сухангӯи Хадамоти амниятии Украина рӯзи 13 март дар "Фейсбук"-и худ навишт, ки ин масъала ҳамакнун аз сӯи ниҳодҳои амниятии Украина мавриди омӯзиш қарор дорад ва дар мавриди иҷозаи вуруди Юлия Самолова ба қаламрави он кишвар, тибқи қонун тасмим хоҳанд гирифт. Бар пояи қонунҳои Украина, сафар ба минтақаи Қрим, ки ҳоло таҳти назорати Русия қарор дорад, бидуни иҷозаи Киев ғайриқонунӣ мебошад. Соли гузашта Украина 140 нафар аз ҳунармандони Русияро, ки ба ин минтақа сафар карда буданд, дар "рӯйхати сиёҳ" шомил карда буд.

Мақомоти Украина гуфтаанд, ки хадамоти амниятии он кишвар дар бораи Самойлова тафтиш хоҳанд кард.

Русия овозхон Юлия Самойловаро барои намояндагии ин кишвар дар озмуни мусиқии “Eurovision-2017” интихоб кард. Рӯзи 12 март исми Самойлова ба ҳайси намояндаи расмии Русия дар ин озмун тавассути телевизиони давлатии Русия эълон шуд. Юлия Самойловаи 28-сола аз хурдӣ дар аробачаи маъюбӣ аст ва қарор аст дар озмуни мусиқии Аврупо бо оҳангаш “Оташи сӯзон” ба забони англисӣ ҳунарнамоӣ кунад. Бо вуҷуди талоши ташаббускорони озмун барои фирор аз мавзӯъҳои сиёсӣ, ин озмун ҳамеша таҳти таъсири таҳаввулоти сиёсӣ қарор мегирад.

Вазири умури хориҷии Украина Павло Климкин ба сайти хабарии Liga.net гуфтааст, ки хадамоти амниятии кишвараш дар бораи Самойлова тафтиш хоҳанд кард: "Ман фикр мекунам, ки қонун бояд барои ҳама яксон бошад. Русия аз чандин сол ба ин тараф амалҳои таҳрикбарангез анҷом медиҳад". Аммо сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфтааст, ки интихоби Самойлова барои ширкат дар ин озмун озодона аз сӯи Шабакаи аввали он кишвар гирифта шудааст. "Мо дар инҷо ҳеҷ гуна амали таҳрикбарангезро намебинем", -гуфтааст Песков

Ҷамола -- барандаи "Eurovision -2016"
Ҷамола -- барандаи "Eurovision -2016"

Соли гузашта Ҷамола -- овозхоне аз тоторҳои Қрим бо таронааш дар бораи тасмими ихроҷи дастаҷамъии ин мардум аз нимҷазираи Қрим дар замони Иосиф Сталин барандаи озмун шуд ва ҳақи баргузории ин озмуни мусиқӣ ба Киев гузашт. Дар пайи пирӯзии Ҷамола дар ин озмун, ки дар Стокҳолм баргузор шуд, мақомоти Русия аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои дигар шиква карданд, ки таронаи Ҷамола таронаи бармало сиёсӣ буд ва тибқи қоидаҳои “Eurovision”, ки иҷрои таронаҳои сиёсиро манъ мекунад, бояд ба ин сабқат роҳ дода намешуд.

Вилояти Қрим соли 2014 аз сӯи Русия тасарруф шуд. Тоторҳо, ки 15 дарсад аз 2 миллион аҳолии Қримро ташкил медиҳанд, аксаран мухолифи тасарруфи зодгоҳашон аз сӯи Русияанд.

Даври натиҷавии озмуни "Eurovision-2017", ки онро маъмулан садҳо миллион тамошобин мебинад, рӯзи 13 май ба таври мустақим аз телевизионҳо намоиш дода мешавад.

XS
SM
MD
LG