Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи хонуми ришдор ба интиқоди мансабдорони Русия (3 ВИДЕО)


Кончита Вурст
Кончита Вурст

Пирӯзии овозхони трансвестит аз Австрия дар озмуни “Eurovision - 2014” ба сели интиқодҳо аз сӯи мақомоти аршад ва сиёсатмадорони Русия рӯбарӯ шудааст.

Австрия барои бори аввал дар дар 49 соли охир барандаи озмуни “Eurovision" шуд. Аммо зоҳиран Русия чандон моил ба табрики ин пирӯзӣ нест.

Кончита Вурст, овозхони трансвестити ришдор аз Австрия, ки бо таронаи "Rise Like a Phoenix" (“Тулӯъи мисли мурғи самандар”) 290 имтиёз ба даст оварда, дар ин мӯътабартарин озмуни таронаҳои қораи Аврупо баранда шуд, баъди эълони пирӯзиаш гуфт, умедвор аст, ки ақалиятҳои ҷинсӣ дар саросари олам дар роҳи набард барои ҳуқуқашон қавитар хоҳанд шуд.

Аммо Владимир Жириновский, раиси ҳизби либерал-демократи Русия башиддат аз хабари пирӯзии овозхони трансвестит гуфт: "50 сол пеш артиши Шӯравӣ Австрияро тасарруф карда буд. Мо бояд онҷо мемондем." Жириновский дар шарҳи пирӯзии Кончита Вурст гуфт, "ин нишонаи таназзули Аврупост. Таназзул ба сӯи ваҳшоният."

Кончита Вурст мегӯяд, пирӯзии ӯ баёнгар аст, ки ҷомиа мехоҳад "ба оянда нигоҳ кунад." Вале муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозин, ки дар авоили ҳафта Руминияро ба маҳзи роҳ надодани ҳавопаймои ӯ таҳдиди бомбаборон мекарду ҳамчунон ба Украина "мечаспид", дар Твиттер бо истеҳзо навишт, пирӯзии Кончита Вурст "ба тарафдорони ҳамоиши Аврупо ояндаи аврупоияшонро нишон дод, ки духтари ришдор будааст."

Вазири фарҳанги Русия Владимир Мединский низ аз ин ки фарзандонаш “Eurovision - 2014”-ро тамошо кардаанд, изҳори таассуф кардаву навиштааст, "ман чигуна метавонам ин ҳамаро бо як тарзи "аз лиҳози сиёсӣ дуруст" ва дархӯри "ҳусни таҳаммул" бифаҳмонам?"

Пирӯзии овозхони трансвестит дар “Eurovision - 2014” ҳамин тавр, дар баҳсҳои интернетии блогосфераи русӣ низ аксаран бо чунин лаҳни интиқодомез баррасӣ мешавад ва ба назари бисёриҳо, Аврупо ҳунар ва истеъдодро боз ҳам қурбони асли "ҳусни таҳаммул" кард.

Аммо Кончита Вурст рӯзи 11 май дар нишасти хабариаш дар Вена гуфт, ин интиқодҳо назари тамоми мардуми Русия нест: "Он ки ман аз Русия 5 имтиёз ба даст овардам, нишон медиҳад, ки на ҳама дар он ҷо зидди мананд."

Пирӯзии хонуми ришдор дар “Eurovision - 2014”

Озмуни “Eurovision - 2014” бо пирӯзии овозхони трансвестити ришдор аз Австрия Кончита Вурст бо таронаи "Rise Like a Phoenix" (“Тулӯъи мисли мурғи самандар”) анҷом ёфт. Даври ниҳоии озмуни “Eurovision - 2014”-ро, ки шоми 10 май дар як толори мӯҳташам дар Копенгаген, пойтахти Дания, дар ҳудуди корхонаи собиқи киштисозӣ, доир шуд, бино ба ҳисобҳо, ҳудуди 180 миллион нафар дар 45 кишвари дунё тамошо карданд.



Дуэти ҳолландии The Common Linnets ҷои дувум ва Санна Нилсен аз Шветсия ҷои сеюмро гирифтанд.
Хоҳарони дугоник аз Русия
Хоҳарони дугоник аз Русия
Мария Яремчук аз Украина дар “Eurovision - 2014”- сазовори ҷои 6-ум ва хоҳарони дугоник Мария ва Анастасия Толмачёваҳо соҳиби ҷои 7-ум шуданд. Аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо зимни иҷрои таронаҳои худ ишорае ба ҳаводиси ахири Украина накарданд. Ба фарқ аз онҳо, бисёре аз 10 000 тамошобини ҷамъшуда дар толор ҳар дафъае ки агар ягон кишвар ба Русия овози зиёд медод, ба ҳуштаккашӣ сар мекарданд. Ҳамин тавр, вақет овозхони маъруф ба эълони натоиҷи овоздиҳӣ дар Русия пардохт, садои ӯ ҳам зери ин сели ҳуштак монд.

Дар даври ниҳоии “Eurovision - 2014” овозхонон аз 26 кишвар ширкат карданд.


Кончита Вурсти 26-сола дар асл Томас Нойвирт ном дошта, соли 1988 ба дунё омада ва дар соли 2011 табдили ҷинс кардааст. Вале ӯ бо вуҷуди пӯшидани либосу ороишоти занонаву истифода аз “орову торо”-и занонае, чун мейк-апу макияж, ӯ то ҳол ришу мӯйлаби мардонаро дар канори ин ҳама ҳифз кардааст. Кончита Вурст ду сол пеш низ қарби буд ба “Eurovision” роҳ биёбад, вале дар озмуни миллии Австрия танҳо ҷои дуюмро гирифт ва аз қатори “Eurovision” монд, то баъди 2 сол “дер ояду шер ояд.”

Ин нахустин мавриди ширкат ё пирӯзии овозхонҳои трансвестит дар “Eurovision” нест. Дар соли 1998 овозхони исроилӣ Dana International барандаи ин озмун шуд. Ӯ қабланд мард буд, вале дар натиҷаи ҷарроҳии ҷинс худро ба зан табдил дод.

Ҳамин тавр, дар соли 2002 се трансвестит дар либоси стюардессаҳо дар ин озмуни мӯътабари Аврупо аз Словения намояндагӣ карданд, вале пирӯз нашуданд.

Озмуни “Eurovision” аз соли 1956 ба ин сӯ ҳар сол барпо карда мешавад. Дар гузашта дар ин озмун, ки яке аз мӯътабартарин сабқатҳои овозхонии қораи Аврупо ба шумор меравад, хонандагони шӯҳратёре, чун Селин Дион, Тото Кутунйо ва Ҷоннӣ Логан пирӯз шудаанд.

Руслана
Руслана
Аз кишварҳои Шӯравии собиқ бори аввал Руслана аз Украина дар соли 2004 бо таронаи "Wild dances” ғолиби “Eurovision” шуд. Дар соли 2008 Дима Билан аз Русия бо таронаи “Believe” тоҷи ин озмуни мӯътабарро ба сар кард. Соле баъд овозхони зодаи Беларус Александр Рибак бо таронаи "Fairytale" ғолиби “Eurovision”, вале ӯ аз Норвегия намояндагӣ мекард.

Зимнан дар “Eurovision- 2009”, ки ба шарафи пирӯзии як сол қабли Дима Билан дар Маскав доир шуд, овозхони шинохтаи эронӣ Ораш ҷои дувумро гирифт. Ӯ ҳамроҳ бо овозхони озарӣ Ойсел бо таронаи "Always" аз Озарбойҷон намояндагӣ мекард. Муваффақияти Ораш ва Ойсел нахустин гоми муҳими Озарбойҷон ба сӯи қуллаҳои “Eurovision” шуд.


Дар даври ниҳоии озмуни “Eurovision -2011” дар Дюсселдорфи Олмон дуэти озарии Ell & Nikki бо таронаи “Running Scared” ғолиб омад ва ҳаққи мизбонии ин озмуни мӯътабар дар соли 2012-ро барои Озарбойҷон ба даст овард. Ин охирин пирӯзии намояндагони Шӯравии собиқ дар ин озмун боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG