Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандаи озмуни Eurovision дар Минск аз маҳбусони сиёсӣ ҳимоят кард


Як рӯз баъд аз ҳунарнамоӣ дар ҷашнвораи мусиқии шаҳри Витебск, барандаи имсолаи озмуни Eurovision-ҳунарманди швед Лорин иброз дошт, ки аз маҳбусони сиёсии ин кишвар пуштибонӣ мекунад.

Мулоқоти овозхон Лорин бо фаъолони ҳуқуқи башари Беларус дар сафорати Шветсия дар Минск доир шуд. Дар ин мулоқот Наталия Пинчук-ҳамсари Алес Бялятский ҳомии маҳбуси ҳуқуқи башар ва раиси созмони дидбони ҳуқуқи башар бо номи Весна ва ҳамчунон муовини раиси созмони Весна Валентин Стефанович ҳузур доштанд.

Алес Бялятский бо ҷурми саркашӣ аз супурдани андоз ба муддати панҷу ним сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Вале коршиносон мегӯянд, муҷозоти Бялятский ҷилои сиёсӣ дорад. Лорин ба ҳамсари Бялятский гуфт, ӯ бовар дорад, ки ҳама чиз ҳаллу фасл хоҳад шуду оилаи онҳо аз нав сарҷамъ мешавад.

Лорин, ки аслан зодаи кишвари африқоии Марокаш
аст, мегӯяд, қабл аз сафар ба Беларус тавассути паёмҳои ҳаводоронаш дар бораи вазъи ногувори ҳуқуқи башар дар ин кишвар ва ҳабси Бялятский огаҳ шуда буд. Ӯ гуфт, ибтидо тасмим гирифт, даъватномаи зиёрат аз Витебскро рад кунад, вале баъд фикраш тағйир ёфт: “Мардум дар ин ҷо мусиқии маро дӯст медорад. Мардум ҳақ дорад, ки ба фарҳанг дастрасӣ дошта бошад. Наомадани ман ба инҷо беҳурматӣ ба ҳаққи ҳамин мардум мебуд. Ман ба хотири ана ҳамин мардум ба ин ҷо омадаам. Рӯи саҳна ҳам барои эҳтироми ҳуқуқи ҳамин мардум омадаам. Сониян, ман табиатан озод ҳастаму кореро, ки дилам хост мекунам.”

Дар бинои сафорати Шветсия дар Минск Лорин рӯи қатъномае имзо гузошта, аз мақомоти Беларус манъи ҳукми қатлро дархост намуд.
Лорин мегӯяд, интишори хабар дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Беларусро вазифаи худ мешуморад: “Мардуми зиёде дар хориҷ мехоҳанд ва метавонанд ба шумо кӯмак расонанд. Масъала ин аст, ки мардум дар бораи ҳаводиси Беларус огаҳӣ дошта бошанду донанд, ки аз онҳо чӣ кӯмаке хоста мешавад.”

Баъди сӯҳбат бо Лорин Стефанович гуфт, ки таваҷҷӯҳи ин сарояндаи швед ба ҳуқуқи башар ҳақиқӣ буда, бо сафари Беларус маҳдуд нест. Ба қавли ин ҳомии беларусии ҳуқуқи башар моҳи май ҳангоми ширкат дар озмуни Eurovision-Лорин дар Боку бо ҳомиёни ҳуқуқи башари Озарбойҷон ҳам дидору гуфтугӯ дошт.
XS
SM
MD
LG