Пайвандҳои дастрасӣ

Ду ҷангии гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар ду паёми ҷудогонаи савтӣ, иддао кардаанд, ки Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик, зинда аст. Парвиз Саидраҳмонов, бо лақаби "Абу Довуд" ва Тоҷиддин Назаров, бо лақаби "Абу Усомаи Норакӣ", иддао кардаанд, хабари ҳалокати Гулмурод Ҳалимов дурӯғ аст.

"Абу Довуд" ба ҷонибдорони ин гурӯҳи тундрав паём додааст, “ба овозаҳои ҳалокати Ҳалимов бовар накунанд”.​ Ин наворҳо рӯзи 23-уми июл ва 3-уми август дар саҳифаи марбут ба ҷангиёни тоҷики ин созмони мамнӯъ нашр шуд. Маҳал ва таърихи дақиқи сабти садои ин ду нафар маълум нест. Аз мазмуни сӯҳбати онҳо фаҳмида мешавад, ки навор пас аз суқути Мавсил сабт шудааст.

Маҳал ва таърихи дақиқи сабти садои ин ду нафар маълум нест. Аз мазмуни сӯҳбати онҳо фаҳмида мешавад, ки навор пас аз суқути Мавсил сабт шудааст.

Мақомоти Ироқ миёнаҳои моҳи июл эълон карданд, қисматҳои аслии шаҳри Мавсил, ки ДИИШ онро пойтахти худ хонда буд, аз ҷангиёни гурӯҳи тундрав озод шудааст. Ин ду нафар ҳам аз даст додани Мавсилро тасдиқ мекунанд, аммо онро поёни кори гурӯҳи тундрав намедонанд.

Дар Тоҷикистон ба ҳалокати Ҳалимов бовар надоранд. Мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар нишастҳои хабарии моҳи июл хабари марги ӯро тасдиқ накарданд.

Дар як соли ахир хабари марги Ҳалимов ду дафъа, аз манобеи мухталиф пахш шуд. Бори охир моҳи апрел нашрияи “Таймз”, бо такя ба манобеи амниятии Ироқ хабари марги Гулмурод Ҳалимовро нашр кард. Аммо як манбаъ дар мақомоти Тоҷикистон, ки ба марги Ҳалимов бовар надорад, гуфт, ҳоло, ки Мавсил ва Раққа аз дасти ДИИШ мераванд, ҷангиёни ин гурӯҳи терористӣ талош мекунанд, бо эълони хабари марги худ аз Сурия ва Ироқ берун рафта, дар кишварҳои дигар амал кунанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ин мақом, ба марги ҳеҷ узви гурӯҳи ДИИШ бовар намекунанд ва онҳо дар пайгард боқӣ мемонанд.

Парвиз Саидраҳмонов.
Парвиз Саидраҳмонов.

Ин ду ҷангии ДИИШ, ки аз зинда будани Ҳалимов сӯҳбат карданд, дар пайгарди мақомоти Тоҷикистон қарор доранд. Парвиз Саидраҳмонов, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе дар наворҳои видеоии як соли пеш, ки зоҳиран аз Ироқ пахш мешуданд, Гулмурод Ҳалимовро раҳбаладӣ мекард. Тоҷиддин Назаров ё худ Абу Усомаи Норакӣ 28 сол дорад ва мақомот ӯро хатарноктарин “тарғибгари ДИИШ” медонанд.

Сарҳанги собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки баъди пайвастанаш ба ДИИШ борҳо дар наворҳои видеоӣ, дар саҳифаҳои ҷангиён, зоҳир мешуд, ба назар мерасад, баъди он, ки Амрико моҳи августи соли 2016 барои маълумот дар бораи макони буду боши ӯ ҷоиза эълон кард, дигар дар ягон навор зоҳир нашуд.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи дастаи таъиноти махсус ё худ ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ғайб зад ва моҳи май бо нашри як паёми видеоӣ гуфт, ки ба ДИИШ пайвастааст. Як сол пас, моҳи феврали соли 2016 низ Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуввуми ӯ аз Тоҷикистон фирор кард. Аксҳое, ки чанде пеш Радиои Озодӣ дастрас кард, нишон медиҳад, кӯдаконаш аз Мирова то назди ӯ расидаанд.

Моҳи июл чор тан аз наздикони Ҳалимов дар ноҳияи Восеъ кушта шуда, се тани дигар боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, ки онҳо қасди пайвастан ба ДИИШ дар Афғонистонро доштанд. Беҳрӯзи Гулмурод, писари 18 солаи Ҳалимов аз ҳамсари якумаш низ моҳи июни соли ҷорӣ барои қасди пайвастан ба ДИИШ 10 сол зиндонӣ шуд.

Гулмурод Ҳалимови 42-сола дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Аз ду ҳамсар 8 фарзанд дорад. Макони буду боши ӯ, зинда ё мурдани ҳоло дақиқ нест. Танҳо дар паёмҳои як соли пеши худ мегуфт, ки дар Ироқ қарор дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG