Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи парвозҳои “Turkish Airlines” аз Истанбул ба Хуҷанд


Ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” парвозҳояшро дар масири Истамбул-Хуҷанд қатъ кардааст. Ин ширкат як сол қабл парвозҳоро дар ин масир роҳандозӣ карда буд.

Дар дафтари ширкати “Turkish Airlines” дар Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” рӯзи 13-уми август гуфтанд, ки “парвозҳои ширкат аз шаҳри Истамбул ба самти Хуҷанд то моҳи сентябри соли равон қатъ карда шудаанд.”

Дар посух ба ин суол, ки оё парвозҳо дар ин масир дубора аз сар гирифта хоҳад шуд ва ё на, дар дафтари душанбегии ин ширкат гуфтанд, ки “ин масъаларо омӯхта истодаанд”, вале дар мавриди сабабҳои қатъ шудани парвозҳо дар ин масир, чизе нагуфтанд.

Танҳо дар чанде аз ширкатҳои чиптафурӯшӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шумораи алоқамандони парвоз дар ин масир чандон зиёд набуд ва чиптаҳояш зиёд ба фурӯш намерафт ва ба эҳтимоли зиёд аз ин сабаб парвозҳо дар ин масир қатъ шуданд.

Ширкати “Turkish Airlines” рӯзи 3 августи соли гузашта аввалин парвозро аз Истанбул ба Хуҷанд анҷом дода буд. Парвозҳо дар ин масир ҳафтае ду маротиба сурат мегирифтанд. Он замон масъулони ин ширкат гуфта буданд, ки хатсайри нав бо дархости тоҷирони суғдӣ, ки қаблан тавассути Душанбе ба Туркия парвоз мекарданд, боз шудааст.

Зимнан арзиши чиптаи парвозҳои рафтуомади Хуҷанд-Истамбул аз хатсайри Душанбе-Истанбул дида арзонтар - 330 евро ё муодили 2284 сомонӣ буд аст. Қиммати парвозҳо аз Душанбе ба Истанбул, ҳудуди 600 доллар арзиш дорад.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ

Ширкати «Turkish Airlines» парвозҳо дар хатсайри Истанбул-Хуҷандро шурӯъ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

XS
SM
MD
LG