Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентӣ дар Туркия. Эрдуғон мемонад ё меравад? ВИДЕО


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Дар Туркия рӯзи 24-уми июн интихоботи президентӣ ва порлумонӣ баргузор хоҳад шуд, ки интизор меравад, муҳлати раёсати ҷумҳурии Раҷаб Таййиб Эрдуғонро барои панҷ соли дигар дароз кунад. Пурсишҳои афкори умум пирӯзии Эрдуғонро дар даври аввали интихобот пешгӯӣ мекунанд.

Ҳеҷ парво надорам, ки маро дар Ғарб диктатор мегӯянд ё чизи дигар. Аз як гӯшам даромада, аз дигараш мебарояд
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон наздик ба 20 сол аст, ки дар мақомҳои раҳбарии Туркия қарор дорад. Пас аз як кудетои нокоми ду соли пеш Эрдуғон қудраташро боз ҳам тақвият бахшид, аммо бисёриҳо ӯро дар шеваи худкомаи раҳбарӣ интиқод карданд.

Пурсишҳои афкори умум пешгӯӣ мекунанд, ки Эрдуғон метавонад дар даври аввали овоздиҳӣ бидуни мушкил ғалаба ба даст оварад. Вале айни замон, ҳамин пурсишҳо пешгӯӣ мекунанд, ки Ҳизби адолат ва рушди Эрдуғон эҳтимол дар порлумон мавқеашро аз даст медиҳад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфт, “Ғарб ба интихоботи 24-уми июн чашм дӯхтааст. Ғарб чиро интизор аст? Мехоҳад шоҳиди суқути Эрдуғон шавад? Оё мо омода ҳастем, ки адаби Ғарбро бидиҳем?”

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Эрдуғон дар пешорӯйи интихоботи президентиву парламентии Туркия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Баъди кудетои нокоми июли соли 2016, Эрдуғон дар кишвар вазъияти изтирорӣ ҷорӣ кард. Даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла журналистони мунтақиди давлат боздошт шуда, садҳо ҳазор коргари давлатӣ ҷои кори худро гум карданд.

Аксари онҳоро давлат дар пуштибонӣ аз Фатҳулло Гулен, як руҳонӣ ва сиёсатмадори собиқ, гунаҳкор карданд, ки феълан дар Амрико ба сар мебарад. Эрдуғон Гуленро дар ташкили кӯшиши кудето айбдор кард.

Ӯ моҳи январи имсол гуфта буд, “мо таслими ин террористро талаб кардем, вале ӯро бозпас надоданд. Ин тавр бошад, бубахшед, мо ҳам аз ҳамин лаҳза эътиборан ҳар вақте талаби бозгардони кадом як террористро мекунед, то замоне ки сари кор ҳастам, касеро бозпас намедиҳем.”

Фатҳуллоҳ Гулен
Фатҳуллоҳ Гулен

Пас аз талоши кудето, Гулен ҳушдор дод, ки Эрдуғон мисли диктатор кор мекард. Фатҳулло Гулен дар як суханрониаш соли 2016 гуфта буд: “Агар мардум вокуниш кунанд, ӯ рафторашро дигар мекунад. Вақте ӯ дарк мекунад, ки ба хотири ҳифзи қудрат наметавонад инро нодида бигирад, ба гапи мардуме, ки азияташон кард, гӯш медиҳад. Ин рафтори маъмулии диктаторҳо аст. Ҳамаи диктаторҳо ҳамин гуна ҳастанд”.

Эрдуғон ба ҳукуматҳои зиёд, аз Косово то Қирғизистон фишор овард, ки ҳама мактабҳои марбут ба Фатҳулло Гулен дар ин қаламравҳо баста шаванд.

Замоне Туркия барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо талоши зиёд кард, вале тамоми амалҳои ахири ӯ умедҳоро дар ин замина барбод дод. Худи Эрдуғон соли 2017 дар ин замина гуфта буд: “Ман ҳеҷ парво надорам, ки маро дар Ғарб диктатор мегӯянд ё чизи дигар. Аз як гӯшам даромада, аз дигараш мебарояд”.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки то соли 2014 се давра нахуствазир будааст, дигар ҳақ надорад ба ин мақом пешбарӣ шавад ва ба ҳамин хотир чаҳор сол пеш президент шуд. Дар муқобили Эрдуғон номзади ҳизби аслии мухолифин – Ҳизби ҷумҳурихоҳи мардумӣ Муҳаррам Инҷаи 54-сола қарор мегирад. Инҷа дар гузашта омӯзгори фанни физика будааст. Феълан назарсанҷиҳо тарафдорони ӯро танҳо 20 дарсад мегӯянд. Муҳаррам Инҷа гуфт: “Ман президенти бетараф мешавам”.

Таҳлилгари масоили сиёсӣ, раиси пажӯҳишгоҳи Ховари Миёна Гунул Тол дар бораи шонси рақиби Эрдуғон гуфт: “Номзади ҳизби мухолифин агар тавонад, ки раъйи курдҳоро ба даст орад, метавонад дар даври дуюм Эрдуғонро мағлуб кунад. Як шарти дигар ин аст, ки ӯ бояд тарафдории муҳофизакорони мазҳабиро ба даст оварад. Зеро онҳо мехоҳанд озодиҳоеро, ки дар давраи Эрдуғон доштанд, ҳифз кунанд.”

XS
SM
MD
LG