Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати номзади интихоботи президентии Туркия аз зиндон


Сиёсатмадори зиндонии турку курдтабори Туркия дар остонаи интихоботи президентӣ аз зиндон ба интихобкунандагон муроҷиат кард. Суханронии 10-дақиқаии Салоҳиддин Демиртошро тавассути телевизиони TRT 17 июн нишон доданд. Демиртош низоми сиёсии Туркияро танқид кард.

Бар асоси қонунгузории Туркия, ҳар кадом номзад ба мақоми президентӣ ҳақ дорад, 20 дақиқа дар эфири ройгони телевизиони ҷамъиятӣ суханронӣ кунад.

Демиртош роҳбари пешини Ҳизби халқӣ-демократии Туркия аст, ки аз моҳи ноябри соли 2016 дар зиндон адои ҳукм мекунад. Ӯро дар ҳамкорӣ бо ҷангҷӯён айбдор кардаанд. Ҳизби халқӣ-демократӣ ин айбҳоро қабул надорад ва таъқиби роҳбарашро маҳви мухолифон меномад.

Демиртош аз интихобкунандагон хост, ки дар интихоботи рӯзи 24 июн ба "режими яккаҳукумрон"-и президент Раҷаб Эрдуғон хотима бахшанд.

XS
SM
MD
LG