Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон аз туркҳо хост, доллару еврои худро ба лира иваз кунанд


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, аз ҳамватанонаш хост, ки сармояҳои худ ба доллар ва евроро ба лираи туркӣ иваз карда, арзиши пули миллии кишвари худро дар баробари ончи “дасисаҳои саррофии аҷнабӣ” номид, боло бибаранд.

Эрдуғон ин тақозоро рӯзи 26-уми май ҳангоми суханронӣ дар гирдиҳамоӣ дар шаҳри Эрузрум баён кард.

Ин гирдиҳамоӣ зимни талошҳо барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ, ки қарор аст рӯзи 24-уми июни имсол баргузор шавад, доир шуда буд.

XS
SM
MD
LG