Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп амр дод, сарбозони Горди миллӣ аз Вашингтон ба қароргоҳҳояшон баргарданд. САДО


Мошинҳои низомии Горди миллии Амрико дар Вашингтон.
Мошинҳои низомии Горди миллии Амрико дар Вашингтон.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 7-уми июн амр додааст, 5 ҳазор аз сарбозони Горди миллиро аз Вашингтон берун баранд. Ин нерӯҳоро чанд рӯз пеш барои фӯру нишондани тазоҳуроте ба ин шаҳр сафарбар карданд, ки баъди марги як марди сиёҳпӯст, ҳангоми боздошти маъмурони пулис сар зад.

Бино ба гузориши “Садои Амрико”, Доналд Трамп гуфтааст, азбаски вазъ дар пойтахти кишвар ба таври олӣ “таҳти назорат” аст, зарурате ба кӯмаки сарбозони Горди миллӣ нест.

Бо вуҷуди ихроҷи сарбозони Горди миллӣ, баъзе аз низомиёни баландрутбаи собиқи Амрико Доналд Трампро барои баёнияааш танқид мекунанд, ки гуфт, зарур аст, то барои кӯмак ба маъмурони пулис дар рӯзҳои тазоҳуроти оммавӣ 10 ҳазор сарбоз ба Вашингтон сафарбар кунанд. Дар ниҳоят фақат 1600 сарбози дивизияи 82-уми десантиро ба Вашингтон фиристоданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо дар пароканда кардани тазоҳурот ширкат накарданд.


Айни замон мақомоти шаҳри Ню Йорк қуюди шабгардиро, ки баъди тазоҳуроти олуда ба хушунат эълон шуд, лағв карданд. Билл Де Блазио, раиси шаҳри Ню Йорк дар Твиттер навишт: “Мо қуюди шабгардиро мебардорем ва қарори мазкур билофосила ҳукми иҷро мегирад. Дирӯзу имрӯз мо Ню Йоркро дар беҳтарин шаклаш дидем.”

Қуюди шабгардӣ дар Ню Йорк баъд аз он эълон шуд, ки тазоҳурот ба зидди нажодпарастӣ ва марги Ҷорҷ Флойд, ба бархӯрд бо маъмурони пулис ва зӯроварӣ кашид. Қуюди шабгардӣ даҳсолаҳо боз дар Ню Йорк эълон нашуда буд ва ин дафъа аз соати 8 шаб оғоз меёфт, аммо рӯзи шанбе маъмурони пулис иҷоза доданд, ки тазоҳуроти осоишта пас аз соати 8 низ идома кунад.

Қарор буд, ки қуюди шабгардӣ то рӯзи якшанбе 8-уми июн бошад. Дар посух ба баёнияи раиси шаҳри Ню Йорк даҳҳо корбарони Твиттер хостаанд, ки Билл бе Блазио истеъфо бидиҳад, чун ба ақидаи онҳо, шаҳрдорӣ барои муҳофизати тазоҳургарон ба қадри кофӣ саъю кӯшиш накард ва натавонист, маълум кунад, кӣ тазоҳуротро ба хушунату зӯроварӣ расонд.

Трамп амр дод, сарбозон ба қароргоҳҳояшон баргарданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Тазоҳурот дар Амрико баъди он оғоз ёфт, ки Ҷорҷ Флойд, як сиёҳпӯсти 46-сола рӯзи 25-уми май ҳангоми боздошти маъмурони пулис фавтид. Видеои боздошт, ки нишон медод, маъмури сафедпӯсти пулис, бо зону гардани Флойдро зер карда ва бо вуҷуди зораи ӯ, ки имкон бидиҳад, нафас гирад, ӯро раҳо намекунад, хашми мардуми Амрикоро барангехт.

Дар саросари Иёлоти Муттаҳида тазоҳурот сурат гирифт ва дар баъзе аз ҷойҳо ба зӯровариву ғорати мағозаву дӯконҳо кашид. Барои таъмини амният, сарбозони Горди миллиро барои кӯмак ба маъмурони пулис фиристоданд ва дар 40 шаҳри кишвар аз ҷумла Вашингтон ва Ню Йорк қуюди шабгардӣ эълон карданд.

XS
SM
MD
LG