Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико ёди Флойдро гиромӣ доштанд ва хоҳони ислоҳи шеваҳои кори пулис шуданд


Тазоҳуроти рӯзи 4-уми июн дар шаҳри Сан Диего.

Фаъолони маданӣ, сиёсатмадорон ва шахсиятҳои номдори Амрико рӯзи 4-уми июн дар аввалин аз се маросими гиромидошти хотираи Ҷорҷ Флойд, марди 46-солаи сиёҳпӯсте ҷамъ омаданд, ки баъди боздошти маъмурони пулис ҳалок шуд ва марги ӯ дар Амрико мавҷи азими эътироз ба зидди нажодпарастӣ ва бераҳмии пулисро барангехт.

Ал Шарптон, кашиш ва фаъоли мадании шинохтаи сиёҳпӯст дар Амрико дар ин маросим дар шаҳри Миннеаполис гуфт, ки Флойд “ҷаҳонро тағйир дод” ва афзуд, фурсати он расидааст, ки шеваҳои амалкарди маъмурони пулис ва ҷавобгарии ҷиноӣ бознигарӣ шавад. Ӯ гуфт: “Ҷорҷ мо муборизаро идома медиҳем.”

Баъди марги Ҷорҷ Флойд дар рӯзи 25-уми май ва нашри видеои боздошти ӯ, дар Амрико бештар аз як ҳафта тазоҳуроти осоишта ва гоҳе олуда ба зӯроварӣ идома кард. Дар ин видео дида мешавад, ки сари Ҷорҷ Флойд рӯи замини мумфарш ва зери зонуи Дерек Човин, афсари сафедпӯст аст ва ӯ мегӯяд, ки нафас гирифта наметавонад ва илтиҷо мекунад, “маро накушед”. Маъмури пулис ҳамингуна 8 дақиқаву 46 сония гардани Флойдро зер кардааст ва ҳозирони маросими ёдбуд ҳамин қадар барои гиромидошти хотираи ӯ сукут карданд.

Ал Шарптон ҳамчунин доир ба тазоҳурот сухан гуфт ва эътироф кард, ки зуҳури ғоратгарӣ ва зӯроварӣ дар баъзе ҷойҳо мақомоти расмиро водор кард, ки қуюди шабгардӣ эълон намоянд. Ӯ афзуд: “Ҳеҷ яке аз мо онро (тазоҳурот) дуруст намешуморем. Аммо байни онҳое, ки хоҳони сулҳ ва байни онҳое, ки хоҳони осудагӣ ҳастанд, фарқ ҳаст. Баъзеи шумо на сулҳ, балки фақат осудагиро мехоҳед. Шумо мехоҳед, ки мо хомӯшона ранҷ бикашем.“

Даъват ба даст кашидан аз зӯроварӣ ва ғорат

Дар шаҳри Ню Йорк Терренс Флойд, бародари Ҷорҷ Флойд зимни суханронӣ дар ҳузури тазоҳургарон аз онҳо барои ҳимояташон изҳори сипос кард ва доир ба зӯроварӣ ва ғорат ҳангоми баъзе аз эътирозҳо сухан гуфт. Ӯ афзуд: “Ман аз баргузории тазоҳурот ифтихор мекунам, вале на аз вайронгарӣ. Бародари ман тарафдори он набуд. Хонаводаи мо, хонаводаи худотарс аст.”

Баъди онки додситонҳои Миннесота ба зидди се афсари дигари пулис иттиҳом эълон карданд ва Чаувин ба ҷинояти сахттар муттаҳам шуд, рӯзи 4-уми июн тазоҳурот дар Амрико аксаран осоишта сурат гирифт. Дар Вашингтон, ки тазоҳургарон бо маъмурони амният, пулис ва сарбозон рӯ ба рӯи ҳам меистоданд, раиси ҷумҳур Доналд Трамп зери танқид қарор гирифт, ки наметавонад, мардумро ба ваҳдат даъват кунад ва тазоҳургаронро “ҷинояткор”, “балвогар” ва демократҳои чапгаро меномад.

Вилям Барр, додситони кулли Амрико рӯзи 4-уми июн гуфт, ки мардуми Амрико ҳаққи эътироз доранд ва ин ҳаққи онҳо “муқаддас” аст. Айни замон ӯ афзуд, раиси ҷумҳур дастур додааст, то ки ҳама корро барои пешгирӣ аз зӯроварӣ ва хушунат анҷом диҳад.

Вилям Барр дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки марги Ҷорҷ Флойд, нигарониҳои васеътар аз нобоварии сиёҳпӯстони Амрико ба низоми додгоҳиро ошкор кард ва афзуд, аксари тазоҳуроти осоиштаро “иғвогарони ифротӣ” ба зӯроварӣ кашидаанд. Ӯ гуфт, ғоратгарӣ, оташ задани мағозаву мошинҳо, ҳамла ба маъмурони пулис асосан кори дасти онҳое будааст, ки мухолифи ҳукумат ҳастанд. Вилям Барр афзуд: “Мо ба макри гурӯҳҳои зиёди ифротӣ дучор омадаем.”

Ба қавли ӯ, гурӯҳҳое ба мисли “Антифа”, дар пайи тафриқаандозӣ дар ҷомеаи Амрико ҳастанд. Виля Барр афзуд, гурӯҳҳои дигари алоҳидае ҳастанд, ки чапгароии ифротиро тарғиб мекунанд, вале аз ҳеҷ як гурӯҳе ном набурд: “Мо шаҳодати онро дорем, ки Антифа ва гурӯҳҳое мисли он ва дигар унсурҳо бо ақоиди гуногуни сиёсӣ дар барангехтани хушунат даст доштанд ва дар онҳо ширкат мекарданд. Баъзе аз онҳо ҷанги дохилӣ, баъзеҳо ҳарҷу марҷ мехоҳанд ва баъзе мехоҳанд, бо барангехтани тафриқа ва исён, кору муколамаҳои созанда барои ба ҳам овардани тамоми амрикоиҳоро аз зер вайрон кунанд.”

Имтиҳони сахт барои Доналд Трамп ва Ҳизби Ҷумҳурихоҳ

Тазоҳурот дар Амрико яке аз сахттарин бӯҳрон дар аҳди раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп ба ҳисоб меравад, ки чанд моҳ пеш аз интихоботи моҳи ноябр сурат гирифт. Ҳам дар замоне, ки пандемияи коронавирус миллионҳо нафарро дар Амрико бекор ва иқтисодашро хароб кард.

Генерал Ҷим Маттис, вазири собиқи дифо дар ҳукумати Трамп, ӯро бо накӯҳише ба “ҷудоиандозӣ” дар Амрико муттаҳам карда, гуфт, ки раиси ҷумҳур барои аркони асосии Қонуни асосӣ хатар эҷод мекунад. “Бори аввал аст, ки ман дар зиндагиам, раиси ҷумҳуре ба мисли Доналд Трампро мебинам, ки кӯшиш намекунад, мардуми Амрикоро муттаҳид созад, ҳатто вонамуд ҳам намекунад, ки саъй дорад.”

Ӯ рӯзи 3-уми июн дар маҷаллаи “Атлантис” навишт, ки “баръакс ӯ талош дорад, дар байни мо ҷудоӣ андозад”. Ҷеймс Маттис, ҳамчунин Доналд Трамп ва Марк Эспер вазири дифоъро танқид кард, ки барои пароканда кардани тазоҳуроти аксаран осоишта дар рӯзи 1-уми июн ва дар назди Кохи Сафед сафарбар кардани сарбозони артиш ва Горди миллиро баррасӣ кардаанд.

Доналд Трамп дар посух ба шарҳи Ҷим Маттис, дар Твиттер навишт, ки ӯ ягона генерал дар ҷаҳон аст, ки арзиши ин рутбаро надорад. Ӯ навиштааст: “Ман усули раҳбарии ӯ ва ё хислатҳои зиёдашро хуш надоштам ва бисёриҳо бо ман ҳамназар буданд. Хушҳолам, ки рафт.”

Бӯҳрони мазкур шояд ваҳдати назар дар Ҳизби Ҷумҳурихоҳро дар остонаи интихоботи моҳи ноябр имтиҳон кунад. Лиза Мурковски, яке аз сенаторони дигарандеш аз иёлати Аляска ошкоро мухолифаташ ба президентро нишон дод ва рӯзи 4-уми июн гуфт, “ҳоло намедонад, ки аз номзадии Трамп ба мақоми раиси ҷумҳур тарафдорӣ кунад, ё не.”

Ӯ афзуд, ки баёнияҳои Ҷим Маттис, “дуруст, самимӣ, зарурӣ ва деррасида” будаанд. Сенатор Митт Ромнӣ, яке дигар вакилони бонуфузи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ низ генерал Маттисро ситоиш кард ва гуфт, суханони ӯ “такондиҳанда ва қавӣ” буданд. Дигар ҷумҳурихоҳон, ё сукутро пеша кардаанд ва ё ба ҳимояти Доналд Трамп бархостаанд. Линдси Граҳам, сенатори ҷумҳурихоҳ дар як мусоҳиба бо телевизиони Фокс Нюс ва бо муроҷиат ба генерал Ҷим Маттис гуфт: “Шумо ин воқеиятро нодида гирифтед, ки матбуоти озодандеш дар сеюним соли гузашта дар ҳар як ҳодиса раиси ҷумҳурро гунаҳкор хондааст.”

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG