Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар маросими ёдбуди Ҷорҷ Флойд кашиш гуфт, “мо муборизаро идома медиҳем”


Ҷейкоб Фрей, шаҳрдори Миннеаполис дар маросими поси хотири Ҷорҷ Флойд ширкат кард. 4 июни соли 2020
Ҷейкоб Фрей, шаҳрдори Миннеаполис дар маросими поси хотири Ҷорҷ Флойд ширкат кард. 4 июни соли 2020

Фаъолони ҳуқуқи башар, сиёсатмадорон ва дигар шахсиятҳои маъруф рӯзи 4 июн дар аввалин маросими ёдбуди Ҷорҷ Флойд, амрикоии 46-солаи африқоитабор иштирок карданд. Флойд аз дасти полиси сиёҳпӯст ба ҳалокат расид ва ин ҳодиса дар саросари ИМА эътирозҳо аз нобаробарии нажодиро ба бор овард. Кашиш ва як фаъоли ҳуқуқи башар Ал Шарптон дар маросими ёдбуди Миннеаполис гуфт, Флойд “ҷаҳонро тағйир дод” ва афзуд, вақти он расид, ки масоили марбут ба сиёсат ва масъулиятшиносӣ дар низоми адолати ҷиноӣ ҳалли худро ёбад. Шарптон гуфт, “мо муборизаро идома медиҳем”. Баъди марги Флойд дар таърихи 25 май дар Миннеаполис давоми беш аз як ҳафта аст, ки дар саросари кишвар намоишҳои сулҳомези эътирозӣ ва ҳам хушунатҳо идома дорад. Хашми мардум аз он ҷо боло гирифт, ки афсари сафедпӯст Дерек Чаувин бо зонуяш аз пушти гардани Флойд ӯро ба замин пахш карда бо вуҷуди илтиҷоҳои ӯ, раҳм накард. Дар маросими ёдбуди Флойд ширкатдорон расо 8 дақиқаву 46 сония хомӯш истоданд, ин ҳамон вақте буд, ки афсари полис Флойдро ба замин пахш кард ва дар натиҷа ӯ даргузашт. Дар маросими мазкур чанд узви Конгресс, инчунин репсароҳову ҳунармандони маъруфи амрикоии африқоитабор ҳам иштирок карданд. Қарор аст ба ёдбуди Флойд дар Каролинаи Шимолӣ ва Ҳюстони Техас ҳам ду маросими дигар баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG