Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошиев тасдиқ кард, ки алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

Қамчибек Тошиев, раиси собиқи КДАМ-и Қирғизистон
Қамчибек Тошиев, раиси собиқи КДАМ-и Қирғизистон

Қамчибек Тошиев, раиси собиқи КДАМ-и Қирғизистон тасдиқ кардааст, ки нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қамчибек Тошиев, ки чеҳраи таъсиргузор дар Қирғизистон ва дӯсти наздики Содир Ҷабборов, президенти ин кишвар буд, моҳи феврали имсол аз мақомаш барканор шуд. Ӯро дар Тоҷикистон бештар дар робита ба ҳарфҳояш дар мавриди дақиқ кардани хатти марзи миёни ду кишвар мешиносанд.

Откурбек Раҳмонов, директори шабакаи "Регион ТВ" ва аз афроди наздик ба Тошиев рӯзи 29-уми апрел дар саҳифаи фейсбукиаш муроҷиатномаи раҳбари собиқи КДАМ-ро нашр кардааст. Дар ин муроҷиатнома Тошиев тасдиқ кардааст, ки нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, вале бегуноҳ аст.

Ӯ гуфтааст, ки ба адолати додгоҳӣ бовар дорад, ки танҳо "гунаҳкорро ҷазо медиҳанд ва бегуноҳро сафед мекунанд."

"Ман тамоми имкониятро дорам, ки пурра худамро дар ин парванда ҳимоя кунам ва агар Худо кумак кунад, ман аз ҳама иттиҳомот сафед хоҳам шуд,"--гуфтааст Тошиев.

Пештар хабар расида буд, ки рӯзи 28-уми апрел Қамчибек Тошиев, раҳбари собиқи КДАМ, Нурлан Тургунбек, раиси собиқи порлумон ва Курманқул Зулушев, собиқ Додситони кулли Қирғизистон аз ҷониби муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ бозпурсӣ шудаанд.

Маълум нест, онҳо ба чӣ айбдор мешаванд, вале расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки мансабдорони собиқ дар доираи парвандаи муроҷиати 75 чеҳраи маъруф дар робита ба пешниҳоди баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ бозпурсӣ шудаанд.

Моҳи феврали имсол 75 мансабдор ва чеҳраҳои маъруф нома навишта, баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президентиро хоста буданд. Чанд тан аз онҳо бо гумони қасди табаддулоти давлатӣ боздошт шуданд.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 27-уми апрел дар суҳбат бо хабаргузории “Kaktus.media” гуфтааст, ки даст доштани Тошиев дар “номаи 75 нафар”-ро тафтишот рӯшан хоҳад кард.

ВКД-и Қирғизистон чанд тан аз имзокунандагони ин номаро боздошт кардааст.

Содир Ҷабборов рӯзи 10-уми феврал, як рӯз пас аз нашри ин муроҷиатнома, Қамчибек Тошиевро аз мансабаш барканор ва сохтори КДАМ-ро тағйир дод.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG