Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфо ва боздоштҳо. Пас аз барканории Тошиев дар Қирғизистон чӣ мегузарад?

Қамчибек Тошиев (чап) ҳампаймони асосии раисҷумҳур Содир Ҷабборов (рост) ва аз соли 2020 амалан нафари дуюми давлат дар Қирғизистон буд
Қамчибек Тошиев (чап) ҳампаймони асосии раисҷумҳур Содир Ҷабборов (рост) ва аз соли 2020 амалан нафари дуюми давлат дар Қирғизистон буд

Пас аз барканории Қамчибек Тошиев аз мансаби раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва муовини раиси ҳукумати Қирғизистон, дигаргунӣ дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ҷараён дорад. Дар се рӯзи охир дар ниҳодҳои ҳукуматӣ ва қудратии Қирғизистон шахсоне, ки онҳоро "одамони Тошиев" меноманд, аз вазифа барканор мешаванд. Бархеро ҳатто ба ҳабс гирифтаанд.

Дар Қирғизистон чӣ мегузарад?

То кунун панҷ нафар бо иттиҳоми талоши ташкили беназмиҳои оммавӣ дар Қирғизистон дастгир шудаанд ва онҳоро шахсони наздик ба Қамчибек Тошиев номбар мекунанд. Инҳо: сафири пешини Қирғизистон дар Узбекистон Эмилбек Узоқбоев; ходими иҷтимоӣ Бекболот Талгарбеков; вакили пешини маҷлис Қурмонбек Деҳқонбоев; муовини пешини вазири корҳои дохилӣ Курсан Асанов ва муовини собиқи сарвазир Аали Қарашев мебошанд.

Нурлан Турғунбек, раиси порлумони Қирғизистон, 12-уми феврал гуфт, дар пасманзари тағйироти ҷиддии сиёсӣ дар кишвараш ба қароре омад, ки курсиро ихтиёрӣ ва ба гуфтааш бе моҷарову каҷфаҳмӣ холӣ кунад. Дар ҳамин рӯз аъзои порлумони Қирғизистон дар ройдиҳӣ Марлен Маматалиевро раиси Маҷлис интихоб карданд.

Ҷогорку Кенеш, порлумони Қирғизистон
Ҷогорку Кенеш, порлумони Қирғизистон

Қамчибек Тошиев, ҳампаймони асосии раисҷумҳур Содир Ҷабборов ва аз соли 2020 амалан нафари дуюми давлат дар Қирғизистон, рӯзи 10-уми феврал ва замони табобат дар Олмон аз мақом барканор шуд. Худи ӯ дар изҳороте рӯзи 11-уми феврал барканорияшро ногаҳонӣ номид ва гуфт, бо иҷозаи президент барои муолиҷа дар Олмон қарор дорад.

Вай афзуд, вазифаи хидматиашро одилона иҷро кардааст ва қарори президентро бояд иҷро кунад, аммо танҳо аз он дареғ мехӯрад, ки натавонист бо ҳамкоронаш хайрухуш намояд.

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, билофосила баъди барканории Тошиев ба тайғирот дар Кумитаи амният даст заду хадамоти марзбонӣ ва хадамоти рақами 9, ки масъулияти таъмини амнияти президентро ба уҳда дорад, аз зери назари ин идора берун овард. Ҷумғалбек Шабданбеков иҷрокунандаи нави раиси КДАМ дар Қирғизистон шуд.

Дар ҳоле, ки президенти Қирғизистон назарашро дар бораи ин дигаргунӣ баён накардааст, муовини раиси ҳукумат Эдил Байсалов гуфт, “тамаркузи аз ҳад зиёди салоҳиятҳои ҷудогона дар дасти сохторҳои амнияти давлатӣ боис ба он шуд, ки намояндагони КДАМ аз салоҳиятҳои худ берун рафта, фазои тарсу таъқибро дар ҷомеа эҷод намуданд."

Аз чӣ сар шуд?

Ин ҳодисаҳо дар Қирғизистон баъди он рух медиҳанд, ки дар аввали моҳи феврал дар мавриди муҳлати салоҳиятҳои президент баҳс бархост. 75 сиёсатмадор дар як муроҷиатнома гуфтанд, Ҷабборов бар асоси Қонуни асосии пешина раисҷумҳур интихоб шудааст, ки муҳлати шашсола ва якдафъаинаи раҳбариро пешбинӣ мекунад. Сипас, Конститутсия ислоҳ шуд ва ду давраи панҷсола сари кор будани президентро иҷоза дод.

Дар пасманзари ин баҳс, тақсими қудрат миёни ду дӯст, яъне Содир Ҷабборов ва Қамчибек Тошиев ҳам садо дод. Таниш боло мерафт ва номаи 75 нафар зоҳиран нуқтаи охирин шуд. Маълум нест, дар ин баҳсҳо нақши Тошиев чӣ буд, вале ин нафаронро тарафдори ӯ меноманд.

Дар давраи Қамчибек Тошиев ниҳодҳои амниятӣ дар Қирғизистон иштирокдори фаъоли ҳаёти сиёсӣ шуда, ба зидди сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат, тоҷирону рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ мубориза ба роҳ монданд. Тошиев дар ҳаёти иҷтимоӣ худро ҳамчун сиёсатмадори фаъол намоиш медод.

Ҳоло маълум нест, баъди ин бо худи Тошиев чӣ мешавад, аз ҷумла то куҷо ин ҳолат ӯро ба мухолифи президенти Қирғизистон табдил медиҳад ва ё ӯ воқеан ба сарнавишташ тан хоҳад дод.

Истеъфо ва боздоштҳо пас аз барканории Тошиев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:14 0:00
XS
SM
MD
LG