Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтам, аз пайи саломатӣ бош." Барканории 3 мансабдори дигар дар Қирғизистон

Қамчибек Тошиев (чап) ва Содир Ҷабборов (рост). Коллаж
Қамчибек Тошиев (чап) ва Содир Ҷабборов (рост). Коллаж

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 16-уми феврал якбора се вазири ҳукуматашро аз мансаб барканор кард. Инҳо вазири нақлиёт Абсаттор Сирғабоев, вазири захираҳои табиӣ Медер Машиев ва вазири ҳолатҳои фавқулода Бообек Аҷикеев мебошанд.

Сабаби аз мақом рондани онҳо дақиқ нест. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, ки Абсаттор Сирғабоев шахси наздик ба Қамчибек Тошиев, раиси барканоршудаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, номбар мешавад. Тошиев рӯзи 10-уми феврал, замоне ки дар Олмон табобат мегирифт, ба гуфтаи худаш, ногаҳонӣ аз вазифа маҳрум гашт. Вай баъди се рӯзи ҳодиса ба Бишкек баргашт.

Бообек Аҷикеев, Абсаттор Сирғабоев ва Медер Машиев
Бообек Аҷикеев, Абсаттор Сирғабоев ва Медер Машиев

Қамчибек Тошиев дар панҷ соли гузашта ҳампаймони асосии Содир Ҷабборов дар ҳукумат буд ва дар ин муддат ба як шахси бонуфуз табдил гардид.

Оҷонси иттилоотии “Кабар” рӯзи душанбе навишт, ки раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бораи мулоқоташ бо Қамчибек Тошиев хабар додааст. Ӯ гуфтааст, дар ин мулоқот ба “дӯсташ” Тошиев машварат дод, ки “истироҳат кунад”.

“Ба ӯ гуфтам, истироҳат кун, дӯстам, аз пайи саломатиат бош ва хавотир нашав. Дӯстам гуфт, ӯ бо ҳеч як “оқсақол ё поқсақол” гап назадааст. Ман ҳам ба ҳамин хулоса омадам, ки он нафарон мустақилона, аз рӯи кадом нақшаи пинҳонӣ, дӯсти маро дар ҷараён нагузошта амал кардааанд. Онгуна, ки русҳо мегӯянд, “хидмати хирсона” кардаанд,” – афзудааст Содир Ҷабборов.

Манзури ӯ аз "оқсақолҳо" муаллифони муроҷиатест, бо даъвати барпо кардани интихоботи пеш аз муҳлат дар Қирғизистон навишта шудааст. Ҳафтаи гузашта панҷ имзогузори ин нома бо иттиҳоми талоши ташкили беназмиҳои оммавӣ боздошт шуданд. Дар миёни онҳо муовини пешини нахуствазир ва муовини вазир ҳам ҳастанд.

Ҷабборов билофосила баъди барканории Тошиев ба дигаргунӣ дар Кумитаи амнияти Қирғизистон даст зад ва хадамоти марзбонӣ ва хадамоти рақами 9, ки масъулияти таъмини амнияти президентро ба уҳда дорад, аз зери назари ин идора берун овард. Муовини раиси ҳукумат Эдил Байсалов гуфт, “тамаркузи аз ҳад зиёди салоҳиятҳои ҷудогона дар дасти сохторҳои амнияти давлатӣ боис ба он шуд, ки намояндагони КДАМ аз салоҳиятҳои худ берун рафта, фазои тарсу таъқибро дар ҷомеа эҷод намуданд."

Қамчибек Тошиев дар изҳороташ, баъд аз шунидани хабари барканориаш дар Олмон гуфт, бо қарори президент канор меояд. Содир Ҷабборов гуфтааст, Тошиев дигар ягон мансаби давлатӣ намегирад.

XS
SM
MD
LG