Мирзиёев барои ин ташаббус ба ҳамтои қазоқи худ миннатдорӣ баён карда, гуфтааст, "дар маркази пойтахти Қазоқистон гузоштани муҷассамаи боҳашамат далели равшани эҳтироми амиқи мардуми қазоқ ба бародарони узбеки худ мебошад".
Президенти Узбекистон 7 август бо сафари давлатии дурӯза ба Қазоқистон рафтааст.
Ӯ дар ҷараёни ин сафар дар мулоқоти машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" дар Остона иштирок мекунад.