Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷараёни сафари Тоқаев имзои бастаи санадҳо дар назар аст. Қарордод дар бораи “муносибатҳои иттифоқӣ” яке аз онҳост.
Тоҷикистон ва Қазоқистон аз соли 1993 робитаи дипломатӣ доранд.
Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Дар ин кишвар низ гоҳе муҳоҷирони тоҷик бо фишору азият дучор мешаванд ва дар як соли гузашта мавридҳои боздошту ихроҷи онҳо сабт шудааст.
Ба иттилои ҳукумати Қазоқистон, додугирифти байни ду кишвар дар соли 2022-юм 1,4 миллиард долларро ташкил дод, ки назар ба соле пеш аз он 18,5 дарсад бештар будааст. Баъд аз шурӯи ҷанги Русия дар хоки Украина ин кишварҳои Осиёи Марказӣ аз назари кумак ба Русия дар давр задани таҳримҳо мавриди таваҷҷӯҳи Ғарбу Аврупо қарор гирифтанд.