Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирони ду бозори пойтахти Қирғизистон даст ба тазоҳурот заданд


Бишкек, 12-уми июни соли 2024
Бишкек, 12-уми июни соли 2024

Тоҷирони бозорҳои "Дордой Дийкан" ва "Азиз"-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 12-уми июн ба нишони эътироз ба истифодаи ҳатмии варақаи электронии интиқол ва ҳисобномаҳои электронӣ тазоҳурот карданд.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз маҳалли тазоҳурот иттилоъ дод, ки дар миёни таҷаммуъгарон онҳое ҳам ҳастанд, ки ба зидди истифодаи дастгоҳҳои хазинавии назоратӣ мебошанд.

Ба гуфтаи хабарнигор, ба назди таҷаммуъгарон масъулони Хадамоти давлатии андоз ё молиёти Қирғизистон рафтаанд ва бо онҳо "корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронанд.

Соҳибкорони бозори "Дордой Моторс"-и Бишкек ҳам 10-уми июн дар эътироз ба истифодаи ҳатмии дастгоҳҳои хазинавии назоратӣ тазоҳурот карда буданд.

Онҳо гуфтанд, зидди истифодаи варақаи электронии интиқол ва ҳисобномаҳои электронӣ ҳастанд. Зеро ба гуфтаи соҳибкорон, онҳо маҷбур ҳастанд, ки барои ин ду муҳосиб бигиранд, ки харҷи зиёдатӣ металабад.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) 6-уми июн дар мулоқот бо соҳибкорони кишвараш ба аҳамияти варақаи электронии интиқол ва ҳисобномаи электронӣ таъкид кард. Ӯ гуфт, рақамисозии раванди пардохти андоз ба коҳиши иқтисоди “сиёҳ”, тақвияти боварӣ миёни давлат ва мардум мусоидат мекунад.

Порлумони Қирғизистон дар моҳи декабри соли 2022 лоиҳаи Кодекси нави андози ин кишварро қабул кард, ки роҳандозии дастгоҳҳои назоратии кассавиро дар марказҳои савдо пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG