Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Узбекистон нишонагузории марзро баррасӣ карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи нишонагузории марз дар шаҳри Тирмиз мулоқот карданд.

Хабаргузории расмии "Ховар" иттилоъ дод, ки мулоқот аз 22 то 28-уми август баргузор шуд.

"Корҳои муштарак барои мувофиқаи гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон идома ёфтанд", - навиштааст манбаъ.

Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои корӣ қарор аст, дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор шавад.

Гурӯҳҳои кории ду кишвар ибтидои моҳи майи имсол дар шаҳри Душанбе мулоқот карда буданд.

Тоҷикистон ва Узбекистон 1332 километр марз доранд. Таъйини хати марзҳои давлатии ду кишвар соли 2019 пурра ба поён расида буд.

XS
SM
MD
LG