Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA як зина боло шуд


Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 28-уми ноябр дар сомонаи ин ташкилот нашр шудааст, як зина боло шуд ва бо 1203,08 имтиёз дар ҷойгоҳи 104-ум қарор дорад.

Дар ин феҳрист мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1867,25 имтиёз дар байни 210 тими миллӣ дар ҷойгоҳи аввал аст. Мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1859,78 имтиёз дар ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1853,27 имтиёз зинаи севумро соҳиб шудаанд.

Инчунин ба даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллӣ Англия, Бразилия, Португалия, Нидерланд, Белгия, Италия ва Олмон дохиланд.

Аз байни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (25-ум, 1554,94 имтиёз), Русия (34-ум, 1512,32 имтиёз) ва Узбекистон (58-ум, 1424,93 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қирғизистон (107-ум), Қазоқистон (110-ум), Озарбойҷон (117-ум), Эстония (123-юм), Латвия (140-ум), Литва (142-юм), Туркманистон (143-юм) ва Молдова (151-ум) пеш буда, пас аз Украина (25-ум), Русия (34-ум), Узбекистон (58-ум), Гурҷистон (68-ум), Беларус (98-ум) ва Арманистон (100-ум) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойгоҳи 17-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 15-ум), Эрон дар мақоми дувум (дар ҷаҳон 18-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми севум (дар ҷаҳон 23-юм) мебошанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойгоҳи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойгоҳи 180-ум мебошад. Феҳристи навбатии FIFA 19-уми декабри соли равон нашр хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, моҳи ноябри имсол дар Душанбе бо тимҳои миллии Непал ва Афғонистон ду бозии дӯстона анҷом дод.

Натиҷаҳои бозиҳои дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон муқобили дастаҳои мунтахаби Непал (4:0) ва Афгонистон (3:1), ки дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) баргузор шуданд, ба як зина боло шудани даста дар радабандии нави FIFA мусоидат карданд.

Гела Шекиладзе, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, гуфт, ки бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Непал ва Афғонистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми интихобии Ҷоми Осиё-2027 буд, ки моҳи марти соли оянда шуруъ мешавад.

Вай афзуд, "дар марҳилаи интихобӣ рақибони мунтахаби мо тақрибан дастаҳои ҳамин сатҳ хоҳанд буд. Бозиҳо осон намешаванд. Вазифаи мо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан аст. Бинобар ин, мо барои расидан ба мақсади худ тамоми қувваю маҳоратамонро сафарбар мекунем.”

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рақибони тими миллии кишвар дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2027 рӯзи 9-уми декабр дар маросими қуръакашӣ муайян хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG