Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская аз Аврупо хост, Лукашенко ва ҳукуматашро таҳрим кунад


Светлана Тихановская. Литва
Светлана Тихановская. Литва

Раҳбари мухолифони Белорус Светлана Тихановская, ки дар хориҷа аст, вазъи кишварашро "комилан ғайри қобили қабул" номид ва гуфт, президент Александр Лукашенко дигар наметавонад аз кишвар намояндагӣ кунад.

Ӯ дар як суханронии онлайн рӯзи 8-уми сентябр дар назди Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо ба фишори байналмилалӣ, аз ҷумла таҳрими Лукашенко ва ҳукуматаш даъват кард. Тихановская ба намояндагони Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо гуфт, кишварҳои аз роҳи демократӣ интихобшуда набояд бо Лукашенко ҳамкорӣ кунанд.

Светлана Тихановская дар интихоботи рӯзи 9-уми августи имсол дар муқобили Лукашенко иштирок кард. Кумисюни марказии интихобот эълон кард, ки ӯ мағлуб шудааст. Тихановская ва тарафдоронаш мегӯянд, интихобот бо тақаллуб олуда буд ва хостори баргузории интихоботи нав ҳастанд.

Номзади мухолифон чанд рӯз баъд аз овоздиҳӣ дар пайи эътирозҳои сартосарӣ ва овозаҳои боздошт шудан ба Литва рафт. Давоми чаҳор ҳафта аст, ки дар Белорус эътирозҳои сартосарӣ аз натиҷаҳои интихобот ҷараён дорад.

Суханронии Тихановская дар Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо дар ҳоле барпо шуд, ки чанд соат пеш аз он мақомоти Белорус гуфтанд, пас аз нопадидшавии мармузи якрӯза як муттафиқи Тихановская ва ду узви дигари созмони мухолифон дар марзи Украина дида шуданд.

Чунин гумон вуҷуд дорад, ки онҳоро 7-уми сентябр дар шаҳри Минск рабудаанд. Ин се нафар узви Шӯрои ҳамонҳангсоз ҳастанд, ки барои муколама ва фишороварӣ ба Лукашенко барои канор рафтан аз қудрат ташкил шудааст.

Президенти Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо Рик Даемс ахиран аз Белорус хост, як ҷараёни муколамаи миллиро ба роҳ монанд, то дар ин кишвар интиқоли сулҳомезу демократии қудрат баргузор шавад.

Белорус узви Шӯрои Аврупо нест, вале баъди дар соли 1997 бекор шудани мақоми “меҳмон”-аш дар ин созмон муколамаи он бо мақомоти Белорус идома ёфт ва ҳар сари чанд вақт сиёсатмадорони белорусӣ барои ширкат дар ҷаласаҳои кумитаҳои ин ниҳод даъват мешаванд.

То ҳол Лукашенко аз ҳама гуна муколама бо мухолифон худдорӣ ва даъват ба баргузории интихоботи навро рад кардааст.

Тихановская дар суҳбат бо Рейтерс гуфтааст, нопадидшавии аъзои мухолифон ба кори амниятиҳо монанд аст ва зоҳиран мақомот дар фикри озори мухолифон мебошанд. Қарор аст, ин ҳафта Тихановская барои мулоқот бо мақомоти Лаҳистон (Полша) ба Варшава равад.

Лукашенко низ дар пайи барномарезии сафарҳои худ аст ва, қарор аст, дар "рӯзҳои наздик" ба Русия биравад. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, гуфтааст, "омодагиҳо ба таври ҳамаҷониба идома дорад".

Гурӯҳҳои мухолифон дар Белорус ба озод кардани зиндониҳои сиёсӣ ва таҳқиқи мустақилонаи саркӯбҳои эътирозҳо даъват доранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG