Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская мегӯяд, Белорус дигар роҳи бозгашт надорад


Ниёиши тазоҳургарон дар ҳаққи қурбониён дар эътирозҳои гузашта. Камаш ду нафар дар ин тазоҳуротҳо ҳалок шудаанд.

Светлана Тихановская пешвои мухолифони давлат дар Белорус мегӯяд, азбаски ҳукумати раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ба ҳарфи “мардум гӯш намедиҳад”, кишвараш ба “буҳрони амиқи сиёсӣ” гирифтор шудааст.

Тихановская дар як суҳбати мустақими онлайнӣ рӯзи 5-уми сентябр дар бораи тазоҳуроти мудавом дар Белорус гуфт, “Белорусҳо тағйир ёфтаанд, онҳо бедор шудаанд”. Чаҳор ҳафта аст, ки дар шаҳрҳои гуногуни Белорус мардум ба зидди натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангези рӯзи 9-уми август тазоҳурот мекунанд.

Светалана Тихановская гуфт, ки мардум дар Белорус тағйирот мехоҳанд ва онҳо “ба ҳукумати кунунӣ дигар бовар надоранд.” Ӯ афзуд, мардум ба марҳилае расиданд, ки дигар роҳе барои бозгашт надоранд ва дигар “мардумро ба ақибшинӣ маҷбур кардан имконнопазир аст.”

Александр Лукашенко бо такрори тазоҳуроти азим дар шаҳри Минск зери фишори афзояндае қарор гирифтааст. Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ки Лукашенко дар интихобот бештар аз 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овард, аммо тазоҳургарон мегӯянд, баръакс дар интихобот номзади мухолифон пирӯз шудааст.

Дар посух ба ин суол, ки дар сурати расидан ба қудрат чӣ кор мекунад, Тихановская гуфт, ки пеш аз ҳама “зиндониёни сиёсиро озод мекунад” ва интихоботи нави озоду одилона ва шаффоф баргузор менамояд. Ӯ афзуд, ки ҳеҷ қасди ширкат дар он интихоботро надорад.

Тазоҳуроти донишҷӯёну занон

Замоне, ки Тихановская суханронӣ мекард, дар шаҳри Минск ду тазоҳуроти бидуни иҷоза сурат гирифт, ки якеро донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Забонҳо дар Минск ва дигариро созмонҳои занон ташкил карданд. Донишҷӯён, ки парчамҳои сурху сафед, рамзи деринаи мухолифат ба ҳукуматдории Лукашенкоро доштанд, дар чанде аз маҳаллаҳои Минск, аз ҷумла Майдони Якоб Колас ва кӯчаи Карл Маркс дар маркази шаҳр эътироз карданд.

Бино ба гузоришҳо, маъмурони амниятии ниқобпӯш бештар аз 30 нафари онҳоро ба мошинҳо бор карда бурдаанд ва чанд соат баъд ҷавоб додаанд. Шоми 5-уми сентябр ҳазорон зан дар наздикии Майдони Истиқлол раҳпаймоӣ карданд ва ба гуфтаи баъзе аз хабарнигорон, теъдоди тазоҳургарон тақрибан 10 ҳазор нафар будааст. Дар шаҳри Гомел чандсад нафар низ эътироз кардаанд ва маъмурони пулис ду нафар аз онҳоро дастгир кардаанд.

Назари сокинони Тоҷикистон дар бораи тазоҳурот дар Белорус

Сокинони Тоҷикистон гуфтанд, ки чаро дар Белорус тазоҳурот аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Баъди интихоботи моҳи август, садҳо ҳазор нафар аз мардуми Белорус ба кӯчаҳои шаҳрҳои кишвар рехтанд ва аз Александр Лукашенко хостанд, ки истеъфо диҳад, ҳамаи зиндониёни сиёсиро озод кунад ва интихоботи озоду одилона баргузор намояд.

Тихановская ба Лаҳистон меравад, ҳамсафаш ҳам ба инҷо гурехт

Айни замон мақомоти Лаҳистон тасдиқ карданд, ки Светлана Тихановская рӯзи 9-уми сентябр ба шаҳри Варшава меояд ва бо нахуствазир Матеуш Моравиески мулоқот мекунад. Ӯ ҳоло дар Литва зиндагӣ мекунад. Волҳа Ковалкова, намояндаи асосии Тихановская дар Белорус рӯзи 5-уми сентябр ба Лаҳистон гурехта гуфт, ки ӯро мақомот маҷбур кардаанд, аз кишвар биравад. Ковалковаро рӯзи 25-уми август ба 10 рӯзи ҳабс маҳкум карда буданд.

Бисёре аз кишварҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Белорусро напазируфтаанд ва Александр Лукашенкоро барои саркӯби мухолифону тазоҳургарон дар остонаи интихобот ва баъд аз он танқид кардаанд.

Гуруҳе аз коршиносони Созмони Милал рӯзи 1-уми сентябр гуфтанд, ки доир ба 450 мавриди шиканҷаву бадрафторӣ бо боздоштшудагон гузориш ба даст овардаанд. Нозирони кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳо дар Белорус озоду одилона баргузор нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG