Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳҳо эътирозгар ва хабарнигор дар Белорус


Шаҳри Минск. 27 августи 2020.
Шаҳри Минск. 27 августи 2020.

Мақомоти интизомии Белорус даҳҳо эътирозгар ва рӯзноманигорро, ки барои расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ дар Минск кор мекунанд, дар нуздаҳумин рӯзи эътирозҳо ба натиҷаҳои интихоботӣ президентӣ, боздошт карданд.

Бахши марказии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба нақл аз ниҳодҳои фаъол дар арсаи ҳуқуқи башар гузориш дод, ки шоми панҷшанбе дар маҷмӯъ 17 хабарнигор ҳангоми пӯшиши хабарии эътирозҳо дар майдони "Истиқлол"-и Минск, боздошт шуданд.

Вазорати умури дохилии Белорус аммо мегӯяд, ки ин рӯзноманигорон бо як автобус ба милисахона интиқол дода шудаанд, то танҳо дар онҷо ҳуҷҷатҳои онҳо баррасӣ шавад.

Аз ҷумла, як аксбардори бахши белорусии Радиои Озодӣ, рӯзноманигорони хабаргузориҳои "Ассошиэйтед пресс" ва ТАСС дар миёни боздоштшудаҳо мебошанд ва аксари онҳо чанд соат баъд озод шуданд.

Ин гузориш мегӯяд, пас аз боздошти рӯзноманигорон, садҳо тан аз эътирозгарон, ки дар майдони "Озодӣ" ҷамъ омада буданд, ба тарафи майдони "Истиқлол"-и шаҳри Минск роҳпаймоӣ худро оғоз карданд, аммо бо ҳамлаи нерӯҳои пулис рӯбарӯ шуданд.

Пулиси Белорус рӯзи панҷшанбе 189 нафар аз эътирозгаронро низ боздошт кард. Эътирозгарон хоҳони канорагирии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус ҳастанд, ки 26 сол аст қудратро дар даст дорад. Аммо ӯ бо вуҷуди эътирозҳои густурда дар кишвараш, нишон додааст, ки ҳозир нест қудратро тарк кунад.

Дар ин миён Русия ба омодагиҳои худ барои кумаки низомӣ ва амниятӣ ба ҳукумати Белорус таъкид кард ва ба Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ҳушдор додааст, ки аз дахолат дар вазъи ин кишвар худдорӣ кунанд.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо аз натиҷаҳои интихоботи президентии Белорус интиқод карданд ва гуфтанд, ки раъйдиҳӣ одилона ва озод баргузор нашуд ва аз ҳукумати Белорус хостаанд, ки саркӯби эътирозгаронро поён диҳад ва бо онҳо гуфтугӯ кунад.

Эътирозҳои густарда пас аз он дар Белорус оғоз шуд, ки Комиссияи марказии интихобот Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури ин кишварро баранда эълон кард. Интихобот рӯзи 9-уми август баргузор шуд. Мухолифон натиҷаи интихоботро напазируфтанд ва хостори истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи нав ҳастанд.

XS
SM
MD
LG