Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Беларус, қатъномаи Эрон ва озодии матбуот. Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Майк Помпео. ВИДЕО


Майк Помпео ҳангоми мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ. Прага, 12 августи соли 2020
Майк Помпео ҳангоми мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ. Прага, 12 августи соли 2020

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар ҷараёни сафараш ба Ҷумҳурии Чех рӯзи 12 август ба пурсишҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар бораи масъалаҳои доғи ҷаҳони имрӯз, фишор ба кори хабарнигорони ин расона дар кишварҳои пасошӯравӣ посух дод.

Рэй Фурлонг, Радиои Аврупои Озод Радиои/Озодӣ: Шумо шеваи баргузории интихобот дар Беларус ва ҳамчунин зӯроварии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро маҳкум кардед. Ин барои ояндаи муносибатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Беларус чӣ маъно дорад, алахусус дар ду самт: содироти нафти амрикоӣ ба Беларус ва сафари сафири ИМА ба Минск.

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА: Мо бояд бо ин масъалаҳо сарукор гирем. Тавре шумо гуфтед, вазъи ин интихобот моро сахт нигарон кардааст, интихоботе, ки метавонист озодтар ва мунсифонатар бошад, моро амиқан дилсард намудааст. Мо қаблан чунин ҳолатҳоро дидаем ва ғамгинем, ки воқеаҳо ба ин шакл пеш рафтанд. Мо зӯроварӣ ва оқибатҳои онро мебинем; зидди тазоҳуркунандагони осоишта аз чораҳо кор мегиранд, ки набояд истифода шаванд. Мо ҳанӯз тасмим нагирифтаем, ки ба ин вазъ чӣ гуна муносибат кунем, аммо метавонам як чизро бигӯям: мо бо дӯстони худ дар Аврупо, ки озодиро қадр мекунанд ва ҳамин тавр аз ҳодисаҳо нигаронанд, ҳамкорӣ хоҳем кард. Мо ба мардуми Беларус некӣ мехоҳем ва дар ҳамин асос амал хоҳем кард.

Радиои Озодӣ: Дар Иттиҳоди Аврупо масъалаи таҳримҳоро баррасӣ мекунанд. Оё шумо дар баррасии амалкардҳои худ чунин чизеро дар назар доред? Қатъ шудани содироти нафт имконпазир аст?

Помпео: Албатта, ҳама гуна амалҳо баррасӣ мешаванд. Ин ҷо муайян кардани меъёрҳо муҳим аст. Мо чӣ кор карда метавонем? Манзур на танҳо амалкарди яктарафаи Иёлоти Муттаҳида аст, балки созиши бисёрҷонибаест ба манфиати мардуми Беларус. Оё ин таҳримҳо хоҳад буд ё тасмими қатъи содироти нафт бояд муайян карда шавад. Аз баргузории интихобот вақти зиёд нагузаштааст ва мо бояд бинем, ки вазъ дар ояндаи наздик чӣ гуна пеш меравад.

Видеоро дар ин ҷо бинед:

Вазъи Беларус, қатъномаи Эрон ва озодии матбуот. Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Майк Помпео
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

Радиои Озодӣ: Хуб, рӯй орем ба Эрон. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кунад, ки таҳрими фуруши силоҳ ба Эрон идома ёбад. Бисёриҳо бар инанд, ки Русия ва Чин ба қабул шудани ин тарҳ роҳ нахоҳанд дод. Он гоҳ, интизор меравад, ки шумо талош хоҳед кард, фишанги аксуламали созиши ҳастаӣ бо Эронро баргардонед, то таҳримҳои зимни он бекоршудаи Созмони Милалро дубора ба Эрон бор кунед. Вале чунин ба назар мерасад, ки дар ин кор бо бархе мухолифатҳо рӯбарӯ хоҳед шуд, магар на?

Помпео: Хуб, ин ҷо чӣ муҳим аст. Ман имрӯз дар Ҷумҳурии Чех ҳастам. Эрон барои Аврупо хатари воқеӣ дорад. Мо дидем, ки онҳо дар ин ҷо чӣ маъракаҳое анҷом медиҳанд. Мо хавфи сӯиқасду кушторро дидем. Мо дидаем, ки дар саросари Аврупо ин корҳо тафтиш ва муҷозот шудаанд. Ин барои ҳеч яке аз кишварҳои аврупоӣ кори оқилона нест, ки силоҳ харидани Эронро дастгирӣ кунад. Хуб, мо ин хотимаи муҳлатро дорем. Дар 18 октябр. Ҳукумати пешинаи Амрико ин созишномаро имзо карда буд. Мо аз ин пушаймонем, аммо имрӯз дунё ба иттиҳод ниёз дорад.

Радиои Озодӣ: Аммо итиҳоде нест, на?

Помпео: Эрон бузургтарин сарпарасти терроризм дар ҷаҳон аст.

Радиои Озодӣ: Бале, аммо ҳамкорони аврупоии фикри дигар доранд, не?

Помпео: Не, ман фикр намекунам, ки чунин аст. Ман фикр мекунам, ки онҳо ҳама чиро ҳамон гуна ки ҳаст, эътироф мекунанд истодаанд ва умедворам, ки онҳо ба ҳамин шева дар СММ рой хоҳанд дод. Умедворам, ки онҳо хоҳанд дид, ки...

Радиои Озодӣ: Шумо фикр намекунед ...

Помпео: Тарҳеро, ки мо пешниҳод мекунем, танҳо дархости дароз кардани муҳлати манъи силоҳ аст. Он росту дуруст аст.

Радиои Озодӣ: Бале, аммо ...

Помпео: Ва мо иродаи қавӣ дорем, ки онро амалӣ кунем.

Радиои Озодӣ: Ва шумо интизор надоред, ки бархӯрде дар ин замина бо шарикони аврупоиятон сурат нахоҳад гирифт?

Помпео: Мо медонем, ки онҳо ҳам мисли мо аз дастрасии Эрон ба таслиҳот нигаронанд. Онҳо роҳи осоне доранд, ки нагузоранд, Эрон силоҳ харад ё фурӯшад. Барои ин танҳо бояд дар Шӯрои Амният "ҳа" овоз диҳанд ва Эрон ҳамоно нахоҳад тавонист ба он таслиҳот дастрасӣ ёбад. Ҳама чиз рӯйирост аст.

Радиои Озодӣ: Аммо ин тавр нахоҳад шуд, агар Русия ва Чин тарҳро вето кунанд.

Помпео: Мо метавонем ҳама бар асоси қатъномаи 2231 ба Шӯрои Амният муроҷиат кунем. Иёлоти Муттаҳида, бритониҳо ва фаронсавиҳо – ҳама метавонем чунин кунем ва нагузорем, ки ин иттифоқ афтад. 2231 чунин имкониятро медиҳад. Иёлоти Муттаҳида дар ин масъала хеле қатъӣ аст, то ба ин роҳ надиҳад. Ба ҳамсояҳои Эрон нигаред. Ба кишварҳои араб нигаред. Ба Исроил нигаред. Ҳамаи онҳо ин қарорро дастгирӣ мекунанд. Чаро?

Радиои Озодӣ: Аммо агар вето гузошта шавад, чӣ кор карда метавонед?

Помпео: Хуб, мо онро бармегардонем. Қарори 2231 ба мо ин ҳуқуқро медиҳад ва мо аз он истифода хоҳем кард.

Радиои Озодӣ: Хуб, саволи дигаре, ки мехостам ба шумо диҳам, ба Русия ва қонунҳои агентҳои хориҷии он дахл дорад ва он мустақиман ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва инчунин ба Садои Амрико рабт мегирад. Русия қонунро барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои шадид дар кори онҳо истифода мебарад. Ва ин чизе аст, ки шумо шадидан маҳкум кардед ва Русия ба назар намерасад, ки ақибнишинӣ карда бошад. Пас шумо чӣ кор карда метавонед, то минбаъд мо дар Русия кору фаъолият дошта бошем?

Помпео: Ман ҳеҷ гоҳ қарорҳои қабулкардаамонро пешопеш эълон намекунам. Мо вазъро бодиққат назорат мекунем. Тавре шумо гуфтед, мо ин қонунро маҳкум кардем. Илова бар ин, мо ба Русия дар робита ба як қатор амалҳои дигари номатлубаш таҳримҳои шадид ҷорӣ кардем. Мо мушоҳидаи вазъро идома медиҳем. Ва мо умедворем, ки боқимондаи ҷаҳон дар ин масъала моро дастгирӣ хоҳад кард. Мо умедворем, давлатҳое, ки озодии матбуотро қадр мекунанд ва мехоҳанд, ки рӯзноманигорони мустақил тавонанд саволҳое диҳанд, ҳатто агар баъзан ин саволҳо ба роҳбарон хуш наоянд, ба ин равиши мо ҳармроҳ мешаванд. Мо умедворем, ҳама якҷоя фишоре гузорем ва мутақоид гардонем, ки кори дуруст иҷоза додан ба фаъолияти матбуоти озод аст. Мо медонем, ки таърихан чунин набудааст, вале фишорро идодма медиҳем, корро давом медиҳем, бо шариконамон монанди мардум дар Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ кор мекунем, то паём расонда шавад, ки ягона чизе мехоҳем, дастрасии мардуми Россия ва ҷаҳон ба маълумоте, ки ҳақиқат ва воқеӣ аст, дастрасии саривақтӣ дошта бошанд.

Радиои Озодӣ: Хуб, Русия, зоҳиран, то ҳол ин паёмро нагирифтааст. Русия ҳамчунин бино бар маълумоти хадамоти иктишофии ИМА, барои куштани сарбозони амрикоӣ ба Толибон ва миёнравҳои онҳо дар Афғонистон ҷоиза медодааст. Гуфта мешавад, ки шумо ин масъаларо дар дидор бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров баррасӣ кардаед. Пеш аз ҳама донистан мехоҳам: Шумо ба ин гузоришҳо бовар доред?

Помпео: Мо ҳаргиз масъалаҳои иктишофии ИМА-ро шарҳ намедиҳем, ҳатто агар ягон хабарнигор тасмим гирифта бошад, ки воқеан медонад, ки амалан чӣ мегузарад. Ончӣ мо гуфтем, ин аст: агар русҳо барои куштани амрикоиҳо ё ғарбиёни дигар пул пешниҳод мекунанд, нархи бисёр гаронеро барои ин хоҳанд пардохт. Ин чизест, ки ман бо вазири корҳои хориҷӣ Лавров дар миён гузоштам. Ман медонам, ки низомиёни мо бо раҳбарони баландпояи онҳо низ гуфтугӯ кардаанд. Мо чунин чизеро намебардорем. Мо инро таҳаммул нахоҳем кард.

Радиои Озодӣ: Пас шумо инро ба Сергей Лавров гуфтед. Яъне фикр мекунед, ки ин маълумот ҳадди аққал боварбахш аст?

Помпео: Мо инро ошкоро гуфтем. Мо таърихро медонем. Мо медонем, ки русҳо дар гузашта Толибонро мусаллаҳ карда буданд. Дуруст? Мо медонем, ки эрониҳо имрӯз мусаллаҳ кардани онҳоро идома медиҳанд. Пас, мо ин далелҳоро медонем. Мо интизориҳои худро ба ҳар кадоми онҳо баён кардем ва ҳама кореро мекунем, ки ҳар як сарбози амрикоӣ ё сарбоз аз Ҷумҳурии Чех ё ягон кишвари дигаре, ки бахше аз Рисолати Пуштибонии Қатъист, ҳифз ва ҳимоят дошта бошад, эмин бошад. Мо ҳамин хел кардаем. Мо соли гузашта ҳамин гуна кардем. Мо имсол низ чунин хоҳем кард. Ва оянда низ хоҳем кард, то он даме, ки дар Афғонистон сарбозон дошта бошем.

Радиои Озодӣ: Дар баъзе аз кишварҳое, ки мо барнома пахш мекунем ва онҳо кишварҳои хеле авторитарӣ ҳастанд ва танқидҳоиАмрикоро дар бораи худ хеле ҷиддӣ мегиранд. Бархӯрди Амрико бо эътирозгаронаш имсол шарҳи баъзе одамонро ба миён овард, ки гуфтанд, вақте мебинанд, ки масалан, мошинҳои берақам одамонро аз кӯчаҳои Портланд мерабоянд, ба ҳаққи ахлоқии Амрико барои танқиди режимҳои авторитарӣ зарба мезанад. Оё ин ба имиҷи Амрико зиён мерасонад?

Помпео: Ҳатто саволи шумо таҳқиромез аст. Фарқи байни Иёлоти Муттаҳида ва ин низомҳои авторитарӣ ба маротиб бузугтар аст. Дар мо қонун ҳоким аст, мо озодии матбуот дорем ва ҳаққи ҳар яке аз ин одамон ҳатман ба ҳақдор мерасад. Гоҳе ки мо эътирозгарони осоишта дорем, барояшон макону шароит фароҳам меорем, то сухани худро бигӯянд ва ҳаққи худро бихоҳанд. Баръакси ин дар режими авторитарӣ чӣ мешавад. Ҳатто оғоз кардани муқоисаи онҳо, ва ишора ба эътибори ахлоқии Амрико бо кори наҷибе, ки полис, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар саросари Амрикоро мавриди баҳс қарор медиҳанд - ман, кушоду равшан мегӯям, ки худи чунин суолгузориро беҷо ва таҳқиромез меҳисобам.

XS
SM
MD
LG