Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздӣ дар масҷиди Умар Одил. Пулҳои сандуқи хайрияро кӣ рабуд?


Ин лаҳза дар дурбини назоратии масҷиди деҳаи Бободархон сабт шудааст
Ин лаҳза дар дурбини назоратии масҷиди деҳаи Бободархон сабт шудааст

Як шахси номаълум пулҳои сандуқи хайрияи масҷиди ба номи Умар Одили деҳаи Бободархони ноҳияи Ашти вилояти Суғдро дуздидааст. Сокинон мегӯянд, ҳодиса шаби 6-уми январ иттифоқ афтода, то ба ҳол гумонбар дастгир нашудааст. Ба қавли онҳо, сандуқ чанд моҳ пеш дар берун аз дарвозаи масҷид насб шуда буд. Маблағи умуми рабудашуда ҳанӯз маълум нест. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Дар як наворе, ки дурбини назоратии масҷид сабт кардааст ва нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, шахсе ниқобпӯш сандуқи хайрияро бо табар шикаста ва пулҳоро гирифтааст.

Акбар Шарифов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, рӯзи 22-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "6-уми январ ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт дар бораи ин ҳодиса хабар расид. Мақомот чора меандешанд. Бо ошкор шудани шахси гумонбар ба матбуот маълумот медиҳем."

Мақомоти милиса намедонанд, дар даруни сандуқи хайрияи масҷид чанд сомонӣ будааст, чун касе аз масъулони масҷид пулҳои дохили онро нашумурдааст. Маъмулан имомхатибон ва ё намозгузорон бо пур шудани сандуқ онро мекушоянд ва пулҳои ҷамъшударо барои таъмири масҷид ва кумак ба дармондагон харҷ мекунанд.

Аммо ҳамсуҳбатони мо аз шумори сокинони деҳаи Бободархон мегӯянд, ҳоло ки зимистон аст, аксар муҳоҷирон аз Русия баргашта ва дар хонаҳояшон қарор доранд ва ба сандуқи хайрияи масҷид низ аз дигар вақт дида бештар пул ворид мекунанд.

Имоми масҷиди ба номи Умар Одили деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт ба Радиои Озодӣ гуфт, сандуқи хайрия начандон пеш дар назди панҷараи масҷид насб шудааст ва ба гумони ӯ "эҳтимол пули зиёд надошт". Ӯ гуфт, "дар наздикии масҷид қабристон аст ва ба он ният сандуқро гузоштем, ки зиёраткунандагон, бахусус занҳо садақаро дар ҳамин ҷо гузоранд. Дақиқ намедонем, ки дар дохилаш чанд пул буд, аммо маъмулан пули калон намегузоранд. Пули зиёд набуд он ҷо."

Пас аз чанд соати нашри ин хабар дар Радиои Озодӣ, Бахтиёр Турсунзода, раиси ҷамоати Понғоз, ки деҳаи Бободархон шомили он аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, "нозири минтақавии деҳа аллакай як гумонбарро боздошт намуда, бозпурсӣ дорад."

Ҳодисаи дуздӣ дар дохили масҷид – макони ибодати мардум – камсобиқа аст. Дар гузашта танҳо чанд мавриди "гум шудан"-и пойафзол, телефон ва ашёи дигари намозгузорон сабт шуда буд.

Дар оғози соли 2019 маъмурони милисаи Исфара як сокини 56-солаи ин шаҳрро бо гумони дуздӣ дар масҷиди ба номи "Имом Бухорӣ" дастгир карданд. Ин нафар ба дуздии 80 ҳазор рубли русӣ (беш аз ҳазор доллари амрикоӣ) аз ҷайби як намозгузор айбдор шуд.

Соли 2018 дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон афроди ношинос компютерҳои ду масҷидро дар ин минтақа дуздиданд. Дар ин “протсессор”-ҳо навори равуои сокинон ва ибодати онҳо дар масҷид нигоҳдорӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG