Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коттеҷи "хоксорона"-и писари президенти фирорӣ


Belarus - Cottage of Marat Bakiyev in the village Raubichy. Raubichy, 19Sep2015
Belarus - Cottage of Marat Bakiyev in the village Raubichy. Raubichy, 19Sep2015

Хабарнигори Озодӣ коттеҷи писари раисиҷумҳури собиқи Қирғизистонро дар рустои Раубичи надр канори пойтахти Беларус, шаҳри Минск пайдо кард.

Марат Боқиев, писари калонии раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, ки баъди суқути ҳукумати падараш дар соли 2010, тарки кишвар кард, дар манзиле дар рустои Раубичи дар канори пойтахти Беларус, шаҳри Минск ба сар мебурдааст. Марат Боқиеви феълан 45-сола, ки то барканории падараш муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон буд, дар Қирғизистон дар ғайбаш бо ҷурми ҳамдастӣ дар саркӯби эътирозҳои баҳори соли 2010, ки беш аз 90 кушта ба ҷо гузошта буд, ба 22 соли зиндон маҳкум шудааст.

Баъди барканориаш аз мақом дар натиҷаи эътирози мардумӣ Қурмонбек Боқиев бо шумори зиёде аз наздикони ӯ, бо шумули аҳли хонаводааш ба Беларус паноҳ овард. Ибтидо онҳо дар ҳуҷраҳои президентӣ”-и меҳмонсарои пуршукӯҳи “Плавно” дар қаламрави мамнӯъгоҳи Березин зиндагӣ мекарданд.

Баъди чанд моҳ раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка ба аҳли хонаводаи Боқиев шаҳрвандии Беларусро амалан “тӯҳфа” кард. Тӯҳфаи дигари Лукашенка ба ҳамтои собиқаш макони зист дар маҳаллаи Веснинка, макони асосии зиндагии мансабдорони баландпояи Беларус аст, шуд.

Вале фарзандони Боқиев хостанд, ки аз падару модар ҷудо зиндагӣ кунанд ва манзилҳои хоксоронатаре дар рустои Раубичиро пазируфтанд.

Яке аз устоҳои бригадаи сохтмонӣ гуфт, ҳарчанд коттеҷи Марат Боқиев навбунёд буд ва ҳанӯз бӯи рангубор мекард, фармоиш барои навсозии пурраи ин манзил дар Раубичи ҳамчун фармоиши “таъҷилӣ” ба дасти онҳо расид. Қимати кунунии ин манзил ва пуле ки барои тармимаш сарф шудааст, маълум нест, вале соҳиби қаблиаш танҳо барои харидани замини ин манзил 50 000 доллар додааст.

Усто мегӯяд, тармими ин манзил ба сурати шабонарӯзӣ се моҳ идома ёфт ва дар ниҳоят аз сурати қаблии бино тақрибан чизе намонд. Ӯ мегӯяд, фармоишгар дар пардохти пули устоҳо маътал намекард, саривақт ҳам пули онҳоро медод ва ҳам мушкилоти рӯзмарраи онҳоро ҳал мекард.

Писари калонии Марат Боқиев 20 сол дорад, вале писари дувуми ӯ дар ҳамин манзилдар рустои Раубичи ба дунё омадааст. Барои ӯ дар ҳавлии дарун майдончаи кӯдакона низ дуруст кардаанд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, хешовандонаш зуд-зуд аз Марат Боқиев аёдат мекунанд. Дар байни онҳо сокинони Раубичи падари ӯ раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиевро бо ҳамсари дуюму фарзандони хурсолаш ва ҳамчунин амаки ӯ Ҷониш Боқиев – раҳбари собиқи хадамоти амнияти президенти Қирғизистонро шинохтаанд.

Марат Боқиев бо писари хурдиаш
Марат Боқиев бо писари хурдиаш

Марат Боқиев дар Беларус мабур шуд, касби чекистиашро иваз кунад. Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, ӯ тавассути ширкати дар Кипр сабтиномкардаи ҳамсараш молики як клуби тафреҳӣ дар канори Минск шудааст. Дар Интернет акси Марат Боқиев бо писараш дар маркази тафреҳӣ ҳам нашр шуда буд.

Ҳамчунин дар бораи саҳм доштани Марат Боқиев дар содироти шака аз Беларус ба Қирғизистон низ гузоришҳо нашр шудаанд. Боқиев дафтари кор ҳам дорад, ки дар бинои консерти “Белгоспишепром” ҷойгир шудааст.

Марат ва Максим - фарзандони Қурмонбек Боқиев ва бародари ӯ Ҷониш тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шудаанд. Ҳамаи онҳо дар ғайбашон дар Қирғизистон маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шудаанд. Худи Қурмонбек Боқиев дар Қирғизистон ба 25 соли зиндон ва Максим Боқиев, раҳбари собиқи Оҷонсии сармоягузории Қирғизистон бо ҷурми хусусигардонии ғайриқонунии корхонаҳои давлатӣ ба маблағи даҳҳо миллион доллар ба ҳабси умрбод бо мусодираи молу мулк маҳкум шудааст.

Манзили гаронбаҳои Максим Боқиев дар Бритониё
Манзили гаронбаҳои Максим Боқиев дар Бритониё

Бо ин вуҷуд, Максим Боқиев дар Бритониё соҳиби мақоми паноҳадагӣ шудааст ва ахиран як таҳқиқоти журналистӣ эълон кард, ки писари фирории раисиҷумҳури Қирғизистон дар Бритониё дар як манзили арзишаш баробари 5 миллиону 200 ҳазор доллар (муодили 3,5 миллион фунт стерлинг​) ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG