Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минск: Боқиевҳо "ҳайвон" ва "одамхӯр" нестанд


Ҷониш Боқиев
Ҷониш Боқиев

Минск аз лаҳни изҳороти Алмосбек Отамбоев дар бораи Қурмонбек Боқиев ва бародари ӯ Ҷониш изҳори нороҳатӣ кард ва онро барои сиёсатмадори мутамаддин “бегона” хонд.

Даҳҳо нафар аз сокинони Бишкек рӯзи ҷумъа дар канори бинои сафорати Белорус дар Қирғизистон ҷамъ омада, хостори истирдоди раисиҷумҳури пешин Қурмонбек Боқиев ва бародари ӯ Ҷониш Боқиев ба кишвар шуданд. Онҳо дар даст шиорҳои “Боқиевҳо – қотиланд” ва “Белорус, ба ҷинояткорон набояд паноҳгоҳ дод!” доштанд.

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 26 феврал бо як изҳороти пур аз эҳсосот аз Минск талаб кард, ки бародарон Боқиевҳоро ба Бишкек истирдод кунад. Ба гуфтаи ӯ, моҷароҳои ҷиноӣ бо ширкати Ҷониш Боқиев дар Минск бояд ҳушдори ҷиддие барои раҳбарияти Белорус гардад, зеро “панаҳ бурдани ҷинояткорон ба амнияти шаҳрвандон таҳдид мекунад ва ҳамчунин метавонад доғи шармандагӣ дар нуфузу эътибори Белорус шавад”. Алмосбек Отамбоев раисиҷумҳури барканоршуда ва бародари ӯро “ҳайвон” ва “одамхӯр” номид.

Номи Ҷониш Боқиев, бародари раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ду рӯз пеш баъди хабари куштори яке аз раҳбарони олами ҷиноии қирғиз Алмамбет Анапияев дубора сари забони расонаҳо уфтод.

Вазорати умури хориҷии Белорус рӯзи 27 феврал аз лаҳни изҳороти сарвари Қирғизистон изҳори нороҳатӣ кард ва эълом дошт, ки раҳбари мутамаддин аз ин гуна тарзи гуфтугӯ парҳез мекунад. Идораи сиёсати берунаи Белорус аз он ҳам интиқод кардааст, ки аз сӯи Отамбоев бар пояи овозаҳо дар куштори айбдор кардани як нафар мухолифи меъёрҳои байнулмилалии тафтишоти ҷиноист. “Дар ҳар як кишвари замонавӣ Қонуни асосӣ ва қонунҳо муқаррар мекунанд, ки ҳеҷ кас то замони шурӯъи иҷрои ҳукми додгоҳ наметавонад гунаҳкор эълон шавад. Аммо чанд мурофиаи додгоҳии ғоибонаи дар Қирғизистон баргузоршуда баёнгари муносибати хосаи мақомоти ин кишвар ба адолати додгоҳист. Ин мурофиаҳо тавони давлати Қирғизистон барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандонаш, ақ ҷумла, ҳуқуқи бозрасии одилона дар додгоҳро зери шубҳа мебаранд”, омадааст дар изҳоротивазорати умури хориҷии Белорус.

Қурмонбек Боқиев дар ҳалқаи бародаронаш
Қурмонбек Боқиев дар ҳалқаи бародаронаш

Додгоҳи низомии Бишкек 25 июли соли гузашта раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиевро дар ғайбаш бо ҷурми даст доштан дар куштори тазоҳургарон дар ҷараёни эътирозҳои моҳи апрели соли 2010, ки бо суқути давлати Боқиев анҷомид, ба ҳабси абад маҳкум кард. Бародари ӯ Ҷониш Боқиев ва сарвазири собиқ Дониёр Ҳусейнов ҳам дар ғайбашон маҳкум ба ҳабси умрбод шуданд. Марат Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқро, ки дар замони раҳбарии падараш муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд, дар ғайбаш ба 22 соли зиндон, маҳкум карданд.

Ҷасади Алмамбет Анапияев, яке аз роҳбарони олами ҷиноии қирғиз, бо чанд зарби корд дар Минск ошкор шуд. Муфаттишот ҳамчунин шиносномаи шаҳрванди Русияро пайдо карданд, ки соли 2010 ба номи Алмазбек Шокиров дода шудааст, вале пайвандони Анапияев ҳуввияти ӯро тасдиқ карданд.

Сергей Кабакевич, як тан аз масъулини Кумитаи тафтишоти Белорус, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "муфаттишони Белорусия шиносии шахси кушташударо доир карданд ва яке аз пайвандони ӯ тасдиқ намуд ки мақтул Алмамбет Анапияев мебошад. Аммо дастури расмӣ дар бораи боздошти ягон нафар то ҳол ба мо ироа нашудааст.”

Мақомоти Қирғизистон зимни айбдор кардани Ҷониш Боқиев ба изҳороти Гулҷигит Абдулазиз, ошпази “мафиоз”-и қирғиз, такя кардаанд, ки гӯё Алмамбет Анапияев аз сӯиҶониш ва ду ҳамроҳаш – Ойбек Абдураззооқов, собиқ мансабдори баландпояи вазорати умури дохилии Қирғизистон ва Рустам Саъдуллоев, муҳофизи Боқиев, кушта шудааст. Ҳангоми бозпурсӣ ӯ “меҳмонон”-и Анапияевро рӯи аксҳояшон шинохтааст. Ба гуфтаи ӯ, ин се нафар шоми 17 феврал ба манзили Анапиев дар Минск омада буданд. Ҷасади мафиози қирғиз як рӯз баъд дар бордони мошини "Мерседес" дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Минск ошкор шуд.

Қурмонбек Боқиев ва пайвандонаш баъд аз “инқилоби лолагӣ” дар Қирғизистон дар панҷ соли пеш, ки боиси суқути ҳукумати Боқиев шуд, дар Белорус панаҳ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG