Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Максим Боқиев дар Лондон боздошт шуд


Максим Боқиев, писари хурдии раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев
Максим Боқиев, писари хурдии раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев

Дар Лондон Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон боздошт шудааст.

Субҳи рӯзи 12-уми октябр Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон дар Лондон пойтахти Бритониё боздошт шудааст. Полиси Бритониё мегӯяд, ҳабси ӯ бо дархости Қирғизистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба вуқӯъ пайвастааст.

Cухангӯи раёсатҷумҳурии Қирғизистон Сапар Исаков ин хабарро тасдиқ кард ва афзуд, азбаски миёни Қирғизистон ва Бритониё созишномаи истирдод ё ба ҳамдигар супурдани гумонбарони боздоштшуда мавҷуд нест, Максим Боқиев ба дасти мақомоти Иёлоти Муттаҳида дода хоҳад шуд.

Агар айбномаи ин шахс исботи худро ёбад, бино бар қонунҳои Иёлоти Муттаҳида Боқиев мумкин аст, ба муддати дароз зиндонӣ шавад.

Писари дуюми раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои сангин аз тарафи Полиси байнулмилал ҷустуҷӯ мешуд. Пеш аз ошӯби мардумӣ, ки сабаби шикасти ҳукумати Боқиев шуд, вай Максимро раиси Хадамоти марказии рушд, сармоягузорӣ ва наворварӣ таъин карда буд. Бино бар иттилои расмии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, Максим Боқиев дар тақаллуби асноди молиявӣ ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ айбдор мешавад.

Хабари боздошти ӯро ибтидо Хадамоти сиёсатҳои иттилоотии раисиҷумҳури Қирғизистон нашр кард. Cухангӯи раёсатҷумҳурии Қирғизистон Сапар Исаков ҳамчунин гуфт, вақте ки Боқиев ба Иёлоти Муттаҳида интиқол дода шуд, Қирғизистон аз Вошингтон истирдоди ӯро ба Бишкек дархост хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG