Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гилаи раиси Кумитаи андоз аз "миллионер"-ҳои тоҷик


Нусратулло Давлатзода дар ҷаласаи солонаи ҳукумат. 18-уми январи 2018. Акс аз вебсайти раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон фарҳанги андозсупории соҳибкоронро "хеле паст" номид ва гуфт, бо вуҷуди ба ҳадди 1 миллион сомони расидани сармояҳояшон намехоҳанд, ширкат ташкил дода, чанд навъи молиётро пардохт кунанд. Нусратулло Давлатзода гуфт, барои фирор аз пардохти навъи бештари андоз соҳибкорон дар кишвар бо ҳар роҳ аз ташкили шахси ҳуқуқӣ ва ё ширкат сарпечӣ мекунанд.

"Вақте сармоя ба 1 миллион сомонӣ расид..."

1 миллион сомонӣ ин каме беш аз 110 ҳазор доллар аст. Бо чунин гардиши маблағ мо аз соҳибкорон талаби ташкили ширкатро кунем, онҳо хароҷоти худро рӯйпӯш карда наметавонанд.

Ба қавли раиси Кумитаи андоз, ҳоло дар Тоҷикистон 32 ҳазор соҳибкор тибқи шаҳодатнома фаъолият мекунанд ва кумита мехоҳад, онҳо ба шахси ҳуқуқӣ табдил шаванд.

Аммо Давлатзода мегӯяд, "мутаассифона, фарҳанги андозсупорандагони мо ниҳоят паст аст. Ҳол он ки мувофиқи талаботи қонун вақте гардиши сармояи соҳибкор ба як миллион сомонӣ расид, бояд ба шахси ҳуқуқӣ гузарад, номгӯи андозҳои месупоридааш зиёд мешавад. Бинобар ин, соҳибкорони мо бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки фаъолияташонро қатъ кунанд. Онҳо дубора ба номи худ шаҳодтаномаи соҳибкорӣ гирифта наметавонанд ва кӯшиш мекунанд ба номи ягон нафари шинос ва ё фарзандонашон шаҳодатнома гирифта, боз дар ҳамон нуқтаи савдои пештара корашонро идома бидиҳанд."

Ҳосили рақобати шадид?

Гилаи раиси Кумитаи андоз аз соҳибкорон дар ҳолест, ки ахиран Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ гуфт, дар соли 2017 беш аз 28 ҳазор соҳибкор тарки пеша карданд. Ба ибораи дигар ҳар соҳибкори 10-ум дар Тоҷикистон аз фаъолият даст кашидааст.

Сабаби тарки пеша кардани соҳибкоронро дар ин кумита “рақобати шадид” ва идомаи раванди “шаклгирии иқтисоди бозорӣ” дар Тоҷикистон номиданд.

Аммо Кумитаи андоз мегӯяд, як сабаби дар омор коҳиш ёфтани шумораи соҳибкорон ин омил низ ҳаст, ки баробари ба 1 миллион сомонӣ наздик шудани сармояҳо соҳибкорон шаҳодномаашонро қатъ мекунанд. Дар натиҷа омори тарки пеша намудани соҳибкорон зиёд менамояд.

Чаро соҳибкорон ширкат таъсис намедиҳанд?

Акрам Одинаев, муҳосиб, ки таҷрубаи соҳибкорӣ низ дорад, гуфт, вақте соҳибкорон ширкат ташкил мекунанд, якбора талаботи мақомот нисбат ба онҳо зиёд мешавад аз ин рӯ бисёре аз тоҷирон намехоҳанд ба худ “дарди сари иловагӣ” бихаранд. “Вақте ширкат ташкил мекунӣ, мақомот аз ту идора, нишонии муайян, суратҳисоби бонкӣ ва чанд талаби дигар мекунанд. Ширкат дар муқоиса ба соҳибкорон чанд навъи андозро бояд супорад. Барои ин, муҳосиби алоҳида бояд киро кунад. Аз ин рӯ, соҳибкорон барои ташкил кардани ширкат чандон моил нестанд”, - иброз дошт Одинаев.

Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон
Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон

Ин муҳосиби тоҷик мегӯяд, айни замон мизони гузариш аз шаҳодтанома то ташкили шахси ҳуқуқӣ (яъне ширкат) дар Тоҷикистон 1 миллион сомонӣ муайян шудааст, ки кам аст.

“Бубинед, 1 миллион сомонӣ ин каме беш аз 110 ҳазор доллар аст. Бо чунин гардиши маблағ мо аз соҳибкорон талаби ташкили ширкатро кунем, онҳо хароҷоти худро рӯйпӯш карда наметавонанд. Бинобар ин, беҳтар аст, мизони гузариш аз соҳибкории инфиродӣ ба ширкатро бояд боло бубарем, то ин ки соҳибкорон қоматашонро рост карда тавонанд”, - хулоса кард Акрам Одинаев.

Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 301 ҳазор соҳибкор расман сабти ном гашта, фаъолият мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG