Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини ноҳияи Б.Ғафуров ғайб зад ва парвандааш қатъ шуд. САДО


Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Масъулони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд таҳқиқи парвандаи Абдусамад Маннонзода, раиси собиқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро муваққатан боздоштанд. Як манбаъ дар ин ниҳод рӯзи 20-уми феврал гуфт, ки Маннонзода ба гирифтани 40 ҳазор доллар "пора" гумонбар аст.

Абдусамад Маннонзода се сол раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд

Ин нахустин мавриди ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани як мансабдори собиқи баландпоя дар шимоли кишвар аст. Аммо тӯли беш аз як сол боз нокушода боқӣ мондани он суолҳоеро дар заминаи муборизаи муассири мақомот алайҳи ришвахорӣ эҷод кардааст.

лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:05 0:00
Линки мустақим

"Раис таҳти ҷустуҷӯ аст"

Карим Иброҳимзода, сардори раёсати Оҷонси зиддифасод дар Суғд, гуфт, алайҳи Абдусамад Маннонзода аввали соли 2017 бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "гирифтани пора ба миқдори калон" парванда боз гардид. Аммо, ба гуфти Иброҳимзода, "ба сабаби таҳти ҷустуҷӯ қарор доштани ӯ тафтиши парванда муваққатан боздошта шуд. Дар ҳолати боздошт ё ҳозир шудани ӯ тафтиши парванда идома меёбад."

Карим Иброҳимзода
Карим Иброҳимзода

Абдусамад Маннонзода охири соли 2013 ба вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин ва моҳи январи соли 2016 барканор гардид. Қабл аз он сардори идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буд.

Вай баъди боз шудани парвандаи ҷиноӣ аз зодгоҳаш "ғайб" зад ва мақомот то кунун ҷойи будубоши ӯро маълум накардаанд. Иттиҳоми алайҳи ӯ ҷазои ҷарима ба андозаи аз 13 то 21 ҳазору 900 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 7 то 12 сол ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Иттиҳом - 14 ҳазор доллар ва як "Тойота Камрӣ"

Ба иттилои мақомоти Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд, Абдусамад Маннонзода соли 2014 замони раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будан гӯё барои ҷудо кардани қитъаи замин ба ширкати “Аҳматов А.” аз раҳбари ширкат 14 000 доллар ва мошинаи тамғаи "Тойота-Камрӣ” (26 000 доллар) гирифтааст. Дар иваз моҳи майи ҳамон сол ҳудуди 2,5 гектар замини обиро ба ширкати мазкур додааст.

Азим Носиров, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд, фирор кардани раиси собиқи ноҳия баъди боз шудани парванда ва дар тӯли беш аз як сол бедарак гардиданаш заъфи муборизаи мақомот алайҳи фасодро бозгӯ мекунад. Ӯ гуфт, "фасод дар Тоҷикистон шакли системавӣ гирифтааст. Аксари мақомоти баландпоя бо ҳам муомилот доранд. Агар касе аз онҳо боздошт ва ба додгоҳ кашида шавад, бисёр муносибатҳои молии ғайриқонунии онҳо рӯ мезанад. Аз ин рӯ, мақомоти баландпоя, ҳатто собиқ раиси як ноҳияро боздошт намекунанд. Агар парванда ҳам, ки боз карданд, мегузоранд “ғайб” занад."

Тақрибан 500 ҷинояти коррупсионӣ

Кормандони раёсати Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар соли 2017 тақрибан 500 ҷинояти коррупсиониро ошкор кардаанд, ки дар муқоиса ба соли 2016 3 ҳолат зиёд аст. 175 ҳолати он ҷиноятҳои вазнин будааст.

Бино ба омори ин ниҳод, умдатан кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ, бахшҳои тандурустӣ, маориф, нақлиёт ва андоз бештар даст ба ришвахориву фасоди молӣ задаанд. Дар миёни ин гуна ҷиноёт дар соли гузашта аз ҳама бештар фурӯш ва тақсими ғайриқонунии замин - дар маҷмӯъ 179 ҷиноят - ошкор шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG