Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот ширкати зери раҳбарии Бег Сабурро "монополияи табиӣ" номид


Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо президент Эмомалӣ Раҳмон

Хадамоти зиддиинҳисорӣ "Тоҷиктелеком", ширкати мутааллиқ ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ниҳоди зери раҳбарии Бег Сабурро "монополияи табиӣ" номид.

  • Бино ба қонунҳои Тоҷикистон, ширкатҳои давлатие, ки дар бозор рақиб надоранд, монополияи табиӣ дониста мешаванд. Мақомот мегӯянд, то кунун рӯйхати 39 монополияи табиӣ дар кишвар вуҷуд дорад, ки "Тоҷиктелеком" яке аз онҳост.
Хадамоти алоқа дар чанд соли ахир бо чандин тасмими баҳсбарангези худ шароити дастрасӣ ба мухобиротро тағйир дод.

Баҳси монополист будан ё набудани ширкати "Тоҷиктелеком" рӯзи 15-уми феврал дар нишасти матбуотии раҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ матраҳ шуд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Саъдӣ Қодирзода, раҳбари ин ниҳод пурсид, оё дастури Хадамоти алоқа барои харидории Интернет танҳо аз "Тоҷиктелеком" ин ширкатро монополист намекунад? Ӯ гуфт, "Тоҷиктелеком" дар феҳристи онҳо ҳамчун монополияи табиӣ қарор дорад. "Масъалаи мазкур дар доираи қонунгузорӣ дар соҳаи монополияи табиӣ ҳал карда мешавад", - афзуд ӯ.

"Тоҷиктелеком" рақиб надорад?

Саъдӣ Қодирзода
Саъдӣ Қодирзода

Бархе аз коршиносон мегӯянд, монополияи табиӣ ҳамон вақт ҳисоб мешавад, ки ширкат назир надошта бошад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, дар баробари "Тоҷиктелеком" чандин ширкати дигари мухобиротӣ фаъоланд, ки хадамоти гуфтугӯи телефонӣ ва истифода аз Интернетро ба роҳ мондаанд.

Дар миёнаҳои моҳи январи имсол Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мухобиротӣ дастур дод, ки Интернетро танҳо аз “Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот”, як созмони марбут ба “Тоҷиктелеком”, бихаранд. Як сармутахассиси Хадамоти алоқа моҳи январ гуфта буд, дарёфти интернет танҳо аз "Тоҷиктелеком" ба хотири таъмини амният гирифта шудааст.

Саидалӣ Зарифзода
Саидалӣ Зарифзода

Хадамоти зиддимонополӣ эътироф кард, ки баъди ин дастури Хадамоти алоқа ширкатҳои мобилӣ бо ирсоли номае дурустии онро пурсидаанд. Саидалӣ Зарифзода, сардори раёсати ҳимоят ва рушди рақобати Хадамоти зиддимонополӣ гуфт, "дубора ба ширкатҳои мобилӣ мактуб фиристодем, ки далелҳои худро дар ин замина мушаххас бигӯянд. Масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дорад. Ба мактубҳои фиристода ҷавоб гирем, масъалаи мазкурро баррасӣ карда, посухи комил пешниҳод хоҳем кард."

Иркаев: Номаи ахир умедворкунанда аст

Ин номаро ширкатҳои мухобиротии Тселлу Билайн, Бабилон ва Мегафон ба ҷуз аз Хадамоти зиддимонополӣ ба Додситонии кулл низ фиристода буданд. Чанд созмони журналистӣ ҳам аз он нома ҳимоят карда ва гуфта буданд, ки ҳадаф аз ин иқдом бештар молист, на он тавре ки мақомот мегӯянд - амниятӣ.

Ғафур Иркаев
Ғафур Иркаев

Ғафур Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло аз Хадамоти зиддимонополӣ нома гирифтанд ва интизори посухи Додситонии кулл ва ниҳодҳои дигар ҳастанд. Ӯ гуфт, номаи Хадамоти зиддимонополӣ то ҳадде онҳоро ором кард, вале ҳозир нашуд, тафсилоташро бигӯяд.

"Муроҷиати мо ба беш аз чаҳор ниҳоди давлатӣ ирсол шуда буд. Ҷавоби ниҳодҳои дигарро интизорем. Посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ то ҳадде моро ором кард. Ман феълан салоҳияти ифшои посухро надорам. Аммо онро мавриди омӯзиш қарор додем. Бо қонунҳо муқоиса мекунем. Дар маҷмуъ, ҷавоби умедворкунанда аст", - гуфт ӯ.

Аз Маркази ягона то DHL ва NGN

Бо ин ҳол, Хадамоти зиддимонополӣ мегӯяд, “Тоҷиктелеком” то кунун нархи хадамоти интернетро бо онҳо мувофиқа накардааст. Саидалӣ Зарифзода дар мавриди боло будани нархи интернет дар Тоҷикистон гуфт, дар ду соли ахир чизе дар ин замина тағйир накардааст. "Нархи хидматрасонии интернет нисбат ба соли 2016 ба таври назаррас боло нарафтааст. Агар соли 2016 як бастаи интернет то 5 гигабайт бидуни НДС (андоз аз арзиши иловашуда) 81 сомонӣ буд, ҳоло бо назардошти НДС ва аксиз 100 сомониро ташкил медиҳад. Чизе тақрибан тағйир накардааст", - ҷавоб дод ӯ.

​Мақомот дар Тоҷикистон соли 2016 дар назди “Тоҷиктелеком” Маркази ягонаи коммутатсиониро низ ба роҳ монда буданд, ки тамоми зангҳо аз як мӯрӣ дохил ва берун меомад. Ин марказ бо арзиши 50 миллион доллар бунёд шуд ва он замон ҳам мақомот гуфтанд, ҳадаф кумак дар таъмини амнияти миллӣ дар амри мубориза бо терроризму экстремизм аст.

Хадамоти алоқа дар чанд соли ахир бо чандин тасмими баҳсбарангези худ шароити дастрасӣ ба мухобиротро тағйир дод. Соли 2017 муҷаввизи почтаҳои зудраси байналмилалие ба мисли DHL-ро масдуд кард ва арзиши гуфтугӯи байналмилалиро боло бурд. Бо дастури ин ниҳод сӯҳбатҳои телефонӣ аз тариқи системаи NGN низ маҳдуд шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG